Бахшҳо

Тақсими замин бо ҳузури президент ва Убайдуллоев дар Душанбе

Имрӯз, 27-уми август, дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе барои 727 оилаи эҳтиёҷманди пойтахт тариқи қуръапартоӣ замин тақсим гардидааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои омодасозии инфрасохтори зарурии ин маҳалла, аз ҷумла кашидани хатҳои барқ, шабакаҳои обрасонӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ, роҳсозӣ ва ободонии атрофи ин минтақа дар давоми солҳои 2007-2013 аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба маблағи 41 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд. Ғайр аз ин, давоми соли равон барои ободониву бунёди шабакаҳои инфрасохтори мавзеи зикршуда аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе қариб 70 миллион сомонӣ сарф карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ тибқи нақшаи генералии маҳаллаи Ховарон солҳои наздик дар ин ҷо як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла чор мактаби нав бо тамоми шароити муосир, боғчаҳои кӯдакона, биноҳои маъмуриву маишӣ, ошхонаву марказҳои тиҷоратӣ, дармонгоҳ ва монанди инҳо сохта мешавад. Дар ин минтақа зиёда аз 60 ҳазор нафар аҳолӣ аз чор ноҳияи пойтахт ҷойгир карда мешавад.

Қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор карда буд, ба 712 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, аз ҷумла дар ноҳияи Сино-208 нафар, ноҳияи Шоҳмансур-168 нафар, ноҳияи Фирдавсӣ-168 нафар ва ноҳияи И.Сомонӣ-168 нафар, инчунин дар асоси қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр иловатан ба 15 нафар сокинони шаҳр дар маҷмуъ 727 қитъаҳои замини масоҳаташ 0.03 (сифр аз сад се) га, барои истифодаи бемӯҳлат ҷиҳати сохтмони хонаҳои истиқоматии инфиродӣ дар кварталҳои 14-15 маҳаллаи «Ховарон» дар доираи Нақшаи генералии Душанбе ҷудо карда шаванд.

Бо дастури Убайдуллоев барои роҳ надодан ба тақаллубкорӣ рӯйхати ниёзмандон ба заминро комиссияи махсуси ҷамъиятӣ санҷида буд.
Мӯҳр
Хуб агар раваду такаллубкори набошад, кори хайрест бар мардуми точик. Чун вазъияте надоранд бо инмаоши мегирифтаашон замин бихаранд!

Безамин
Дуруг аст факат ба хешутабори масъулин замин додаанд. кай дидед ки ба як камабагал замин диханд, факат барои интихобот бояд як реклама шавад.

И гапо хамаш дуруг фиреб менан одамора. ина мо дар я оила да нафарем ва дар ду хонага зиндаги менем,номамоя навиштан бад кураш карда хамсоямо чияни навруз молочний номнавис кардак и доданша.

Чаноби оли дигар кор надорад чи?
Ё дар оянда хатто барои хостогории як хонавода чаноби оли бояд пеш дарояд.

Шохид.
Ман шохиди ин вокеъа будам ба ягом мухточ замин чудо нашуд. Ман дидам,ки факат шахсони мансабдор ва пулдор заминро гирифтанду халос хато ман бо хамсояхоямон омадем унхо аз 1997 дар навбат буданд унхоро сагхо яъне милисахо заданд нагузоштанд,ки пеши рахмон раванд. Хама через буд. Ин рекламаи пешазинтихоботи буд барои овозчамкни лек инро донанд,ки охи мазлум ин золимхоро мегирад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)