Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:49

Додгоҳ иддаои зиёиёнро алайҳи Тутубалина дубора месанҷад

27 август 2013, 08:55

Имрӯз, 27-уми август, дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъвои намояндагони зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири "Азия Плюс" дубора санҷида мешаванд.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи "Азия плюс" дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 27-уми август, соати 9:30 дар назар ас. Қудратов афзуд, ки “пеш аз ҳама мебинем, ки ҷониби даъвогар камбудиҳои дар аризаи даъвогияшон ҷойдоштаро ислоҳ кардаанд ё не. Агар камбудиҳоро ислоҳ карда бошанд мо ба суд пешниҳод мекунем, ки мурофиаро оғоз кунанд. Дар сурате, ки ягон камбудии дигар ҷой дошта бошад, талаб мекунем, ки камбудиҳояшонро пурра ислоҳ кунанд, зеро дар рафти мурофиаи гузашта ба мо маълум гардид, ки ҷониби даъвогар қисми ваколатномаҳое, ки ба Рустам Устобоев, раисикунандаи парванда пешниҳод кардаанд ба қонун мутобиқат намекунад. Ба ҷузъ ин иддаои зиёиён камбудиҳои зиёди дигаре доштанд.”

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми август ба намояндагони зиёиёни тоҷик муҳлат дода буд то камбудиҳои даъвояшонро алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири "Азия Плюс" ислоҳ кунанд.
Аз он пештар додгоҳи иқтисодии Душанбе аризаи даъвогии зиёиёни тоҷикро ба хотири камбудияш, ки бо забони русӣ навишта шуда буд, рад намуд.

Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!