Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Сафаралӣ Наҷмиддинов: 11 миллион $ барои нақби «Истиқлол» зарур аст

25 июл 2011, 09:19

Сохтмони кашолёфтаи нақби «Истиқлол» соли равон ба анҷом расонида мешавад.


Дар ин бора имрӯз, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт. Бино ба гуфти ҷаноби вазир, ҳукумати кишвар вазорати молияро муваззаф сохтааст, ки барои иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ маблағгузории онро ба зимма бигирад. Наҷмиддинов ҳамзамон афзуд, «барои  ба анҷом расонидани нақби «Истиқлол» ҳудуди  6 миллион доллари америкоӣ лозим аст ва дар гуфтушуниди навбатӣ  бо ҳукумати Эрон  ба хулосае омадем, ки 50%-и ин маблағро аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ кунем, ва  50 дарсади боқимондаро давлати исломӣ ба ӯҳда гирифт».   

Сафаралӣ Наҷмиддинов мегӯяд, мо фармоиши ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷудо намудани 3 миллион доллари америкоӣ ба имзо расонидаем ва омода ҳастем, ки маблағи муқарраршударо таъмин намоем. Аз эрониҳо талаб намудем, ки он лоиҳаҳоеро ба мо пешниҳод кунанд, ки бо сарфи ҳамин қадар маблағ ба анҷом расонида шавад. Вазири молия ҳамчунин гуфт, ғайр аз ин барои ҳавокашӣ ва рӯшноидиҳӣ дар нақби «Истиқлол»  5 миллион доллари иловагӣ зарур аст  ва ин паҳлӯи масъала дар шартномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон илова гардидааст.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!