Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:47

ҲНИТ шеваи ширкат дар интихоботро моҳи сентябр муайян мекунад

27 август 2013, 11:05

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) то миёнаҳои моҳи сентябр шеваи иштирокаш дар интихоботи президентиро муайян мекунад.

Ба иттилои манбаъ, шеваи иштироки ҲНИТ дар интихобот дар анҷумани ҳизбӣ дақиқ мегардад, ки интизор меравад, то 17-уми сентябр баргузор шавад.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир беш аз чиҳил ҳазор узв дорад, дақиқ нагуфтааст, ки дар интихоботи президентии соли ҷорӣ ба чӣ шакл иштирок хоҳад кард. Танҳо масъулони ин ҳизб изҳор дошта буданд, ки се шакли иштироки ҲНИТ дар интихоботи қарибулвуқуи президентӣ эҳтимол дорад, вале ахиран якеаш, ки пуштибонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон буд, лағв гардидааст.

Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини аввали раиси ҲНИТ зимни нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, ин ҳизб аз он варианти иштирокаш дар корзори интихобот, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтаи созишномаҳои соли 1997 пойбанд боқӣ монад, аз номзадии ӯ пуштибонӣ мекунад, даст кашидааст.

Зеро ба гуфтаи Ҳаит, ҲНИТ бо вуҷуди ин тасмимаш ягон нармишеро аз сӯи ҳукумат надид: “Аз ин рӯ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ эълон кардааст, ки варианти аввал лағв шуд ва мо аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ нахоҳем кард.”

Бояд гуфт, инак ду шеваи иштироки ҲНИТ дар интихоботи президентӣ, ки бо номзади худ ё бо пуштибонӣ аз номзади ягонаи ислоҳотхоҳон вориди корзор мешавад, боқист. Вале масъулони ин ҳизб мегӯянд, ҲНИТ барои интихоби номзади ягона талош хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дехкон

  • 27 август 2013 13:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед Кабири шумо 2% овоз намегиред. Чунки халк шуморо намешиносад ва ё шумо ягон хизмат хам барои халк ва ё миллати худ накардаед.
Хубаш кори худатро кун худро дар назди чамъият беобуру накун.
Посух додан
  • ватан

  • 27 август 2013 16:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дехкон,
ДЕҲҚОНА ЧИВУ БО СИЁСАТ ДАХОЛАТ КАРДАНАШ ЧИ, КИБИРИРО ЧИ ДАР ДОХИЛ БОШАД ЧИ ДАР ХОРИҶ АЗ ХАМА ҲАМИН МАНСАБДОРОН ХУБТАРУ НАГЗТАР ШИНОХТА БА Ӯ ҚОИЛАН ДАР ҶОДАИ СИЁСАТУ БО ФАРҲАНГУ МАЪРИФАТ БУДАНАШ, АММО ЯК ЧИЗРО НАМЕФАҲМАМ, АКСАРИ МАРДУМҲАМ ҲАТТО МАНСАБДОРОНҲАМ БАЪЗАН ТАНҲО ЯК САВОЛРО БОРАИ ҲИЗБҲО МЕДИҲАНД, ИНҲАМ ҲИЗБ Ё ФАЛОНКАС ЧИКОР КАРДААСТ БА ВАТАН,? ЯЪНЕ ЧИ ОБОДИЕ КАРДААСТ ДАР ВАТАН ВА БАРОИ МИЛЛАТ,? ИНҲАМ ДАР МУҚОБИЛИ ҲАМОН ЯКЧАНД ИМОРАТҲОИ БАЛАНД ОШЁНАИ СОХТАИ ҲУКУМАТ ВА ТУНЕЛҲОЕ КИ БА ДАРУНИ ОНҲО ГУЗАР КУНИ ЯКБОР БОРИ ДИГАР АЗ ХУДО ТАЛАБ МЕКУНИ КИ ДУЮМБОРА БА ОН РОҲ ДУЧОРАТ НАМКУНАД...... ВАЛЕ ИНҲО НАМЕФАҲМАНД Ё НАМЕДОНАМ БА КУҶОШОН ФИКР МЕКУНАНД КИ ҲИЗБ Ё ИНКИ ЯК ШАХСИЯТ ДАР ИХТИЁРАШ ЧИ ДОРАД АЗ МОЛУ ДОРОИ ҲУКУМАТ ҲАМАИ АНДОЗУ НАЛОГҲО ДАР ИХТИЁРАШ БОЗҲАМ ИН ДОМҲОРЮ ТУНЕЛҲОРО ВА ДИГАР СОХТМОНҲОРО БО ҶАЛБИ СИҲИБКОРОНИ ХИРИҶИЮ ДОХИЛИ ВА ҚАРЗҲО МЕСОЗАД, КАРТАР ШАРМ КУНЕД КАМТАР ФИКР КУНЕД АЗ ИН САВОЛҲОИ ҲАВОИЮ АБЛАҲОНА, ҲИЗБ БА МАРДУМУ ВАТАН ЧИ КОРРО АНҶОМ ДОДААСТ???? ФИКР КУНЕД, БА ҲИЗБ НА АЗ ДАВЛАТ ПУЛ ҶУДО МЕГАРДАД КИ СОЗАД ВА НА АЗ ЯГОН МАНБАЪИ ДИГАР, ҲОЛО КИ САРИ ҚУДРАТ ОМАД НАКАРД БА ИН САВОЛҲОРО ДИҲЕД ҲОЛО АБЛАҲОНА ИН САВОЛҲОРО НАДИҲЕД,
Посух додан
  • Д З С

  • 27 август 2013 20:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам ВАТАН офарин. Дехкон ба андозаи фахмиши худаш фикр мекунад. Мутаъсифона дар Точикистон аз сатхи оли то мардуми оди хама акидахои дехкони доранд.
Посух додан
  • Салмон.

  • 27 август 2013 21:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кабириро на танхо дар дохилм кишвар, балки дар хорич хуб мешиносанд! Ва ба Кабири танхо мусалмонон овоз медиханд!...
Посух додан
  • Сино

  • 27 август 2013 22:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кабири бо риш вориди интихобот шав бурд мекуни. Худат нагз медони ку ин чомеаи мо килпарст аст.
Посух додан
  • комил

  • 28 август 2013 08:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Холо бародархо саросема нашавед.саволхои бемантик доданро бас кунед ба монанди ХНИТ то имруз ба халк чи кор кард? Кадом ободихоро ба итмом расонд?.....Насиб бошад акнун пирузиро насиб шуд мекунад.Ба монанде ки хизби хокимро низ касе намешинохт хатто дар 20 соли хукмронияш базехо намешиносанд.Ин суханро аз зани як русс 2мох пеш шунидаам ки бо шарики худ мегуфт ..Ой даже я незнаю кто наш президент..Ба боварии комил гуфта метавонем ки зарбаи сахт ба решаи корупсия мизанад.Фиску фучур дар муддати кутох аз байн мебарад.хамин ободихое ки дар 20 сол аз хисоби карз шудаанд бе карз аз ин хубтару зеботар ичро хохад шуд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!