Бахшҳо
27 авг 2013 11:55Тоҷикистон / Акс

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

Имрӯз, 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур мешавад, дар маркази Душанбе ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил гардид.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса хабар медиҳад, дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд.

Ин иқдом аз тарафи гуруҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” гирифта шуда, ба андешаи онҳо, мақсади он ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қазияи Зайд мебошад.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.

Айни ҳол парвандаи Зайд Саидов, барои омӯзиш ба додситонӣ ирсол шудааст. Вакилони дифои Зайд аз додситонӣ талаб доранд, ки тамоми иттиҳомот алайҳи зерҳимояашон лағв гардад, чун тафтишот далели қатъие дар даст надорад.

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе

(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе
Мӯҳр
Аз боли боми Пойтахт ки худи Зайд сохта рост ба изолтятрои КГБ паридан ба фикрам бо хамрохии сохибашон. Озодагон пули арнда халол кардед. боз метонед як ду соли даигра бепул икомат кунед. Чоп кунед агар на хонед. сомонаи расмии Турачонзода, Зайд, Ирон, Амрико ва бил охира пешсафи матбуоти зарди Точикистон!!!!!!! муборак бошад.

Сорбон
А бача биё гумш кунен кадом рузе ин Зайда паёмбарш эълон накун ки шарманда шавем. Ин мардак ки сохибкори муваффакш меген кани бген дар чанд деха трансфарматор часпондаст е чанд км рох асвалт кардай. Пули ефтагиша зан гирифтаву кайфу сафо карда гаштай ранги вазирои имрузаш! Ба Худо ай хеч кадомм инхо фоида нест. Вой чони хдм бген..

муслима питер
Чароги зулми золим то дами махшар намесузад
Агар сузад шабе сузад шаби дигар намесузад......Худованд нигахбонат Зайд Саидов

1. Ташкилкунандагони Флэш моб беш аз 50 нафар будааст. Яке аз онҳо боре фикр накард, ки мақсади он ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қазияи Зайд Саидов нашуда, низоеро бармеангезад. ЯЪНЕ онҳо гумон доранд, ки боздошти Зайд Саидов супоришӣ мебошад. Суол: аз тарафи кӣ боздошти Зайд Саидов зарур шудааст? Ман ба ин боварӣ надорам! Зеро ки агар кор супоришӣ мешуд, он гоҳ мардум куру лавлои солҳои пешин нестанд-ку!!! Ҷаҳон дидаанд, андешаҳои худро пайдо намудаанд, онҳоро ҳатто бе парда баён сохтанашро ёд гирифтаанд, зеро медонанд, ки қонунҳои зиёди дохиливу байналмилалӣ мавҷуд аст. Агар хатогие дар боздошти Зайд Саидов бошад, дар чорчӯбаи он ибрози андеша менамоянд. Дигар ин ки риояи қонун намебуд, мурофиаву бозпурсиҳои гашта бар гашта намешуданд. Хулас, ман гумон дорам, ки қонун аст ва риояи он мешавад, зеро дастраси ба қонун тамоми мардум доранд ва агар Зайд гунаҳкор набошад, пас, ӯ аз чӣ ҳаррос дорад?!
2. Ташкилкунандагони Флэш моб беш аз 50 нафар будааст. Яке аз онҳо боре фикр накард, ки маблағи масрафшудаи Флэш моб-ро ба кори хайр равона намоянд. Шавад ХАЙР ДОД, на Флэш моб. Яъне агар Зайд гунаҳкор набошад, пас, ҳаммаслакони ӯ чаро чунин чорабиниҳои иғвоангезандаро ба миён меоранд. Ба онҳо Зайд супориш диҳад, ки бештар хайр намоянд, то ки муҳтоҷе тавассути ӯ рушди худро низ пайдо карда тавонад. Ана масрафи мардонагӣ, ана ҷалбӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Salom Mardumi Sharifi Tojik,

Yak chzi guftani hastan nisbatii Zaid. Boyad Shumo in shakhsroo soli 2004 ba mahbas meshinonided ki imruz digar mo yagon sokhtmoni binohoe ki in kas kardae namedidem. Peshti Barqi Tojik ba bino sokhtae megui ki mo dar solhoi 1960 karor dorem. In yak sharmandagii hast. In qadar shumo in odamroo tarif mekuned... Sad hayf ki HUkumat der ofoh shuda az in shakhs.

Iltimos chop kuned...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)