Норасоии об дар биноҳои баландошёнаи пойтахт, ин бемасъулиятии худи сокинон аст.
Сардори идораи обу корези шаҳри Душанбе Файзуллохон Исупов мӯътақид аст, ки масрафоти барзиёди об аз ҷониби сокинони табақаҳои аввали биноҳои баландошёна бойис ба он мегардад, ки маскунини дигарон аз об танқисӣ кашанд.Номбурда зимни як нишасти хабарӣ гуфт, оби нӯшокиеро, ки корхонаи онҳо тайёр ва пешниход мекунад, бархе аз шаҳрвандон ғайриқонунӣ гирифта заминҳои наздиҳавлигии худро шодоб мегардонанд, аз ин рӯ мушкилоти об ҳамоно боқӣ мемонад. Исупов афзуд, зимни як тафтиш маълум гардид, ки дар бештари қубурҳои обгузар асбоби махсуси обнигаҳдорӣ мавҷуд нест, ҳамчунин аз қубурҳои обгузарон ба таври ҳамешагӣ об ҷорӣ аст ва ин мушкилоти таъмини аҳолиро бо об дучанд меафзояд.
Мӯҳр