Бахшҳо

Додгоҳ дар иддаои “ислоҳшуда”-и зиёиён низ ғалатҳо ёфтааст

Имрӯз, 27-уми август, Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муайян намудааст, ки дар даъво ва асноди пешниҳодкардаи зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина, на ҳамаи камбудиҳои қаблан ошкоршуда ислоҳ гардидаанд.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи "Азия плюс" дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, зимни мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 27-уми август муайян шуд, ки ҷониби даъвогар на ҳамаи камбудиҳои аризаи даъвогияшонро ислоҳ кардаанд. Дар рафти мурофиаи гузашта ба мо маълум гардид, ки ҷониби даъвогар қисми ваколатномаҳое, ки ба Рустам Устобоев, намояндаашон дар додгоҳ пешниҳод кардаанд ба қонун мутобиқат намекунад. Ба ҷузъ ин иддаои зиёиён камбудиҳои зиёди дигаре доштанд.”

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми август ба намояндагони зиёиёни тоҷик муҳлат дода буд то камбудиҳои даъвояшонро алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири "Азия Плюс" ислоҳ кунанд. Аз он пештар додгоҳи иқтисодии Душанбе аризаи даъвогии зиёиёни тоҷикро ба хотири камбудияш, ки бо забони русӣ навишта шуда буд, рад намуд.

Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
Алимухаммад
Рости гап хич нафахмидам, ин чи хел зиёи будааст, боз хам як гурухе, ки як аризаи дуруст ба суд навишта наметонад????? Айбаст моро бо ин хел зиёиёнамон....

Курбон
Значит Ленин худаш хам зиёи набудаасту рузноманигорон хам ба гурухи зиёиён дохил намешуданд гуед.

Алимухаммад,

Ҳамааш баҳона аст, ай бародар. Ин кор бо маслиҳат шуда истодааст. Ин судяҳо намехоҳанд як зани рус, шаҳрванди дурӯғини Тоҷикистонро, ба ягон намуди муҷозот бикашанд. Одатан ҳарду ҷониб ҳам адвокат доранд. Ин чӣ будаст, ки ҳамеша дар ҳуҷҷатҳои даъвогарон "хато ва камбудиҳо" будаасту, тарафи муқобил сап-сафед, моҳ барин. Пас, адвокати зиёиён ҷӯгии халтабардӯш аст, ки ҳеч чизро намефаҳмидааст? Инҷо бозии сиёсӣ рафта истодааст. Судя мурофиаро тарзе мекашад, ки охир даъвогарон безор шуда, ба "оштии ҷонибҳо" розӣ мешаванд. Ана, мебинем. Агар ба ҷои О.Т.и гумном ягон тоҷик мешуд, кайҳо ба "сад миллион доллар" ҷарима шуда буд. Мисоли айён қазияи намояндаи Маҷлиси Олии ММ ҶТ М.Кабирӣ, ки осонакак тӯҳматро ба гарданаш заданд. Ҳатто вакили интихобшудаи мардум буданаш ҳам ба инобат гирифта нашуд! Бале, мо, тоҷикҳо, ягона халқи дунё ҳастем, ки аз ҳаммиллат дида, ба бегонагон муҳаббати бештар дорем. Инро миллати ХУДКУШУ БЕГОНАПАРВАР мегӯянд! Вой ба ҳоли касе, ки тоҷик таваллуд шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)