Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:02

Вазорати дифоъ даъвати пеш аз муҳлати наваскаронро рад кард

27 август 2013, 14:22

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон даъвати пеш аз муҳлати наваскаронро дар мавсими тирамоҳии соли равон рад мекунад.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” овозаҳоро, ки гӯиё даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ имсол, ба хотири интихоботи президентӣ пеш аз муҳлат сурат мегирад, бардурӯғ хонд.

Маҳмадалиев афзуд, ки боздидҳои маъмурини комиссариятҳои ҳарбӣ маънои шурӯи даъватро надорад: “Дар комиссариатҳои ҳарбӣ аз як мавсим то мавсими дигар шумораи эҳтиётии даъватшавандаҳоро ба қайд мегиранд ва маълумот медиҳанд, ки дар кадом комиссариат чӣ қадар даъватшаванда аст. Комиссариатҳо дар бораи даъватшавандаҳои худ ба Вазорати дифоъ маълумот пешниҳод мекунанд.”

Маҳмадалиев афзуд, ки маъракаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ чун ҳарвақта пас аз амри раисҷумҳур сурат мегирад ва дар назар аст, ки моҳҳои октябр ноябр ҷараён гирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!