Бахшҳо
27 авг 2013 14:56Тоҷикистон / Иқтисодӣ

(АКС) Эмомалӣ Раҳмон шахсан имтиҳони ронандагӣ супурд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми август, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор даровард, ки дар ҷумҳурӣ дувумин, вале дар шаҳри Душанбе нахустин мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ моҳи июли соли равон дар шаҳри Қурғонтеппа бунёд ёфта буд. Манбаъ такид мекунад, ки ҳар ду пойгоҳи ронандагӣ ҳам аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон ташкил шудаанд, ки намунаи олии ҳамкории бахши хусусӣ ва давлатро ба роҳ мондаанд: “Соҳибкорон фаъолияти ин пойгоҳҳоро дар якҷоягӣ бо мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ ва дигар сохторҳои мавҷуда ба роҳ мемонанд.”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон 50 адад мотосиклҳои харидоринамудаи ҳамин соҳибкорон, албатта бо розигии соҳибмулкон ба нозирони бозрасии давлатии автомобилӣ ҳадя кард.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷониби ин соҳибкорон барои ин мактабу пойгоҳҳои инноватсионӣ харидории беш аз 300 адад техникаи автомобилӣ ва мотосиклҳо дар назар аст: “Танҳо барои ҳамин пойгоҳ 30 адад нақлиёти сабукрав, боркаш, автобусҳо ва мотосиклҳо барои гузаронидани машқҳои ронандагӣ ва қабули имтиҳони амалии ронандагӣ ба маблағи зиёда аз 1,9 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст. Инчунин барои муҷаҳҳазонидани майдони ронандагӣ таҷҳизоти инноватсионии компутерӣ барои сабти раванди қабули имтиҳони ронандагӣ ба шабакаи электронии ягона ба маблағи 800 000 сомонӣ васл карда шудааст.”

Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз мошинҳои таълимӣ нишаст ва нахустин касе шуд, ки дар ин пойгоҳ имтиҳони амалии ронандагӣ супорид. Тавре аз маркази назоратӣ ва идораи мутамаркази пойгоҳ хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳон бо баҳои хеле баланд гузашт.

Тавре таъкид гардид, ин мактабу пойгоҳҳои инноватсионии ронандагӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нахустинанд. Аз қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин пойгоҳҳо чанд адад танҳо дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мавҷуд асту бас.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон таъкид дорад, ки тамоми синфхонаҳо ва майдонҳои таълимию имтиҳонӣ ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст буда, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва тамоми машғулиятҳо ва имтиҳону санҷишҳо таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ сурат мегирад ва на муаллим ва на каси дигар ба рафти кор дахолат карда наметавонанд: "Яъне тамоми имконоти дахолати инсон ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта мешавад."

Масрафи умумии таъсиси пойгоҳи мазкур бо назардошти мактаби ронандагӣ ва майдони инноватсионии ронандагӣ беш аз 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар ин пойгоҳ 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд ва то охири соли равон шумораи ҷойҳои кории он то ба 200 хоҳад расид. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ин гурӯҳи соҳибкорон нақша доранд, ки бо харҷи 100 миллион сомонӣ боз 6 то чунин пойгоҳҳо ва 30 мактаби инноватсионии ронандагӣ бо садҳо ҷойи кории дигар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то охири соли равон омода созанд. Нисфи ҳамин пойгоҳу мактабҳо, аллакай то моҳи сентябри соли равон ба кор дароварда мешавад.

Ин соҳибкорони ташаббускор дар якҷоягӣ бо роҳбарияти бозрасии давлатии автомобилӣ азм доранд, ки оянда додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ва шароити зарурии истифодаи онҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Дар доираи ин лоиҳа, аз ҷумла дар Раёсати бозрасии давалтии автомобилии ҷумҳурӣ Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки ба таври автоматӣ ҳаракат дар тамоми роҳҳои ба ин кор мутобиқшударо назорат ва идора менамояд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, муассисони макотиби нав нафарони наздик ба мансабдорони тоҷиканд ва бархе аз таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки дар бозори таълими ронандагии Тоҷикистон имкон дорад, монополия ба вуҷуд ояд ва бисёре аз ширкатҳо як айни ҳол таълими ронандагиро ба роҳ мондаанд, масдуд хоҳанд шуд.

Аммо Диловар Икромӣ, масъули ин пойгоҳи нави ронандагӣ дар суҳбат бо "Озодагон" ҳамаи ин овозаҳоро беасос хонда, таъкид намуд, ки бартарияти пойгоҳашон аз макотиби дигари ронандагӣ дар он аст, ки бо таҷҳизоти муосири таълимию амалӣ таъмин аст: "Ҳамаи мактабҳои ронандагии дигар низ метавонанд чунин шароитро муҳайё кунанду фаъолият кунанд. Ягон имкони монополист шудани ширкатамон дар бозор мавҷуд нест ва ҳатман рақобат хоҳад буд."

Дар мавриди нархи таҳсил дар ин пойгоҳи муосири ронандагӣ Диловар Икромӣ афзуд, ки айни ҳол дақиқ нест: "Мо таҳияи асноди пойгоҳро ба анҷом расонидем ва дар назар аст, рӯзҳои наздик нархҳоро низ муайян кунем."


(АКС) Эмомалӣ Раҳмон шахсан имтиҳони ронандагӣ супурд

(АКС) Эмомалӣ Раҳмон шахсан имтиҳони ронандагӣ супурд

(АКС) Эмомалӣ Раҳмон шахсан имтиҳони ронандагӣ супурд
Мӯҳр
БДА
УРА, президенти мухтарами мо шаҳодатномаи ронандагӣ гирифт ва ин хабари муҳимро ба мардуми Тоҷикистон табрик мегуем ва ин ҳодиса барои пешрафти халқ аҳамияти ҷиддӣ дорад.

Ронанда аз корвон
Мурочиат ба кормандони БДА ика сумои мардума горат карда мегирену як кайчи наёфтен, ки ин Генерал бо чиликхояш лентара мекайчад. Ё шумо ба хама кор кодирен, ки бе кайчи лента мебурен.
Ай сурат маълумай, ки ин Генералатон бисёр азоб кашидай.
Баъди дидани ин суратхо фикрхои ман асоснок шуданд, ки дар хакакат дар системаи БДА,ЧТ дахмардаам будай.

ХХДТ
БДА,
Мебахши да прзденти мо ин хучатро дошт ва алон ба зинахои болотараш кадам монд, яьне BСD гирифт (аз трактори калхоз ба мошин гзашт)

ХХДТ
БДА,
Мебахши да прзденти мо ин хучатро дошт ва алон ба зинахои болотараш кадам монд, яьне BСD гирифт (аз трактори калхоз ба мошин гзашт)

Мутмаинем,ки раиси Чумхури мо дар ронандаги чои нихоят баландро ишгол кардаанд,чун,пеш аз раисичумхур буданшон шояд шофир буданд.

ХХДТ,
mebaxshi prezident hej vakt traktorchi nabud.prezident raisi savxozu raisi viloyati kulobu raisi shurovu bad prezident shud.prezident az 30solagish raisi karda bad prezident shud.u az solhoi sayuz to hozira lichni shofyor dorad.

019xe01
Ана президент лентаро буриду имтихони ронандагиро бо бахои аъло супорид, зиндагии мардум бехтар мешавад! Хахаха аз бекори дигар намедонанд кадом сохаро хучуми монополи кунанд. Хамаро монополия карданд

antiduzdho
wokean podabon bud okhi nav aku hujati ronandagi megira

Jamjagee
Э эмомали шарм дор сохибкорхо кор карда истодаасту вазифаи туро, ту боши лентакайчикунак шудаи! Шарм дор дар назди халк!

водитель
ачоиб...ку номи сохибкорон, чаро онхо маблаггузори мекунанду дигар Кас лента мебурад чун харвакта? ЧО, тасмаи бехатариро набастед-ку? Боз чарима накунанд?

ин марди бузург агар шарм медошт 2 милион точика аз ватан бе ватан намекард бе чанг !

Хамин мактаби ронандагирам гирифтан хешовандони чаноб бас будагист ин мактабро сохибкори шинохта фирмаи Фароз гирифтас барои манфияти худ . Авал мехости права гирида супори 200 Сомони буд хозир инхо гирифтан шахси кардан 1000 Сомони меспори бад мехони дидед мардум ба шумо шароит фарохам кардан ?

Salom. Bafikram Shirkati Faroz in chizhoroo hamasha kharida ovarday. Businessii nav kushodan.

Pas malum meshavad ki kamerahoi shahroo khudashon tahtii nazorat megiran. Dar peshii president uuu Uzbaka ay kujoo domodiii president yoftae mondagii hast? kavrashroo kandan lozim ast...

Хамаи мо медонем ки ин корхона аслан корхонаи домоди 4-ум,,, Сохибов мебошад, Хамон Сохибов ки дар Ориенбонк кор мекард ва хамон Сохибов ки ширкати Точирон- Фарроз ба у низ таалук дорад,,,
Хулоса бароред,,,,,,,,,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)