Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

Раҳмон ва Бордюжа таҳдидҳо аз Афғонистонро баррасӣ карданд

28 август 2013, 08:17

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро бегоҳи 27-уми август ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва ҳамгироии минтақавии кишварҳои аъзои он баррасӣ шуд: “Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 зоҳир гардид.”

Николай Бордюжа баъди ин мулоқот дар ҳузури хабарнигорон иттилоъ дод, ки коршиносони узви СААД аз инфрасохтор ва вазъи амнияти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон дидан намуданд ва масоили марбут ба таҳкими амнияти ин сарҳад дар Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон, ки 23-юми сентябри соли равон дар шаҳри Сочи баргузор мешавад, муҳокима хоҳад шуд.

Бордюжа аз рӯзи душанбеи 26-уми август дар Тоҷикистон қарор дошта, ба намояндагони воломақоми тоҷик мулоқотҳо доштааст.

СПАД як иттиҳодияи сиёсӣ-ҳарбист, ки баробари Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Белорусия ва Русия аъзои онанд ва ин Созмон кишварҳои узвро дар баробари таҳдидҳои хориҷӣ ҳимоят мекунад. Узбакистон узвияташро дар ин Созмон моҳи декабри соли 2012 қатъ кара буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!