Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:36

Пулис мегӯяд, флеш-моб ба тарафдории Зайд “ғайриқонунӣ” буд

28 август 2013, 08:42

Мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар пайи баргузории флешмоб ба тарафдории Зайд Саидов, панҷ писари Зайдро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Хайруллоҳ Саидов, писари калонии Зайд, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мақомоти пулис дар бораи флеш моб пурсиданд. Аз ҷумла таъкид карданд, ки флешмоб ғайриқонунӣ буд ва барои чӣ мо ба чунин иқдом даст задаем.”

Хайруллоҳ Саидов дар ҷавоб изҳор доштааст, ки флешмоби гузарондаашон тибқи қонун манъ нашудааст ва ин як намуди эътироз алайҳи боздошти падарашон ҳаст. Хайруллоҳ афзуд, ки мақомот бо онҳо муносибати хуб доштаанд ва пас аз 2,5 соати бозпурсӣ ҷавоб додаанд.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмудҷон Қосимов, яке аз ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” низ баъди баргузории флеш моб ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст. Қосимов субҳи имрӯз, 28-уми август, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки мақомоти пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро дубора барои бозпурсӣ даъват карданд ва айни ҳол дар идораи пулис қарор дорад.

Ин даъвату бозпурсиҳо дар ҳолеянд, ки рӯзи 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур шуд, дар маркази Душанбе ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил гардид. Дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд.

Ин иқдом аз тарафи гуруҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” гирифта шуда, ба андешаи онҳо, мақсади он ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қазияи Зайд мебошад.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.

Айни ҳол парвандаи Зайд Саидов, барои омӯзиш ба додситонӣ ирсол шудааст. Вакилони дифои Зайд аз додситонӣ талаб доранд, ки тамоми иттиҳомот алайҳи зерҳимояашон лағв гардад, чун тафтишот далели қатъие дар даст надорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Али

  • 29 август 2013 01:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе Зайд саидовро дасгири кунад ГАЙРИКОНУНИ. Магар Рахмонов уро конуни турма кардааст.

Озодпгон тухам мисли ОЗОДИ фурухта шудаи еки гайрат тамом шуд. назарамонро чаро чоп намекуни.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!