Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 15:53

Дарёфти ҷасади шаш ҷавоне, ки аз сӯи “Толибон” рабуда шуданд

28 август 2013, 09:49

Дар музофоти Пактия ҷасади шаш ҷавоне ёфт шудааст, ки аз сӯи гуруҳи “Толибон” рабуда шуда буданд.

Радиои “Салом ватандор”-и Афғонистон хабар додааст, ки як нафар аз ин ҷавонон сокини Пактия, чор тан аз Лоҳур ва яки дигар аз шаҳри Кобул будаанд. Далели кушта шудани онҳо маълум нест.

Ба иттилои манбаъ, дастҳои ин ҷавонҳо ба пушт баста шуда ва дар баданашон осори чандин тир будааст. Мутахассисон гуфтаанд, тирҳо аз пушт зада шудаанд.

Шаби душанбе низ ҷангҷӯёни “Толибон” дар вилояти Ҳирот шаш сокини осоиштаро, ки дар як тарҳи рушди деҳот фаъолият мекарданд, парронданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!