Бахшҳо
28 авг 2013 10:23Тоҷикистон / Тема дня

Нигаронии раиси Шӯрои ВАО аз фаъолшавии "фабрикаи ҷавоб"

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон мегӯяд, дар арафаи интихобот дар расонаҳои кишвар баррасии яктарафаи масоил афзоиш ёфтааст.

Шарифзода дар суҳбат ба хабаргузории «Озодагон гуфт, тӯли ду-се моҳи охир ва дар матбуот ва шабакаҳои телевизионӣ матлабҳое интишор мешаванд, ки яктарафа таҳия гардидаанд. Раиси Шӯрои ВАО аз ҷумла фаъолшавии ба истиллоҳ “фабрикаи ҷавоб”-ро зикр кард, ки матолиби онҳо касбият пурра нақз мегардад: “Бисёри ин матлабҳо руйрост дар бораи интихобот набошад, ҳам зимнан таъкид ба интихоботро доранд. Бештари матлабҳои яктарафа ба шахсиятнҳои алоҳида, ниҳодҳои иҷтимоӣ ва гуруҳҳои сиёсии алоҳида дахл доранд. Дар матолиби ба истилоҳ “фабрикаи ҷавоб” на танҳо нақзи касбият балки ҳатто вайронккунии муқаррароти қонунҳо ба чашм мерасанд. Яъне таҳқир туҳмат, паст задани шаъну шарафи шахс ва мисли ҳамин ҷой доранд.”

Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо зикри он, ки таҳқиру туҳмат аксаран дар матлабҳои муаллифашон номаълум ҷой доранд, аз расонаҳои кишвар даъват намуд, ки ба интишори матлабҳои муаллифашон номаълум ё бо имзои мустаор роҳ надиҳанд. Ба гуфтаи Қироншоҳ Шарифзода вақте матлаб зери имзои мустаор аст, шахси ҷабрдида дар ниҳояти кор наметавонад барои ҳимояи шаъну шарафи худ ва барои ному обрӯйи худ ба суд муроҷиат кунад: “Чунки муалифони онҳо сохта мебошанд. Ба ҳамин хотир аъзои Шурои ВАО аз ҳамкасбон ҳоҳиш мекунад, ки ҳангоми интишори чунин матлабҳо аз руй ҳам талаботи қонун ва ҳам аз рӯйи талаботи меъёрҳои ахлоқӣ кор кунанд. Нофаҳмидаю аниқ накарда, матлабро, навобаста аз куҷо ба редаксия омадааст, ба чоп надиҳанд.”

Мӯҳр
Safar
Саломат бошед Кироншох! Гумон мекунам аз ин пас баъзе хафтаномахо (СССР/ Фараж/ Точикстон/ ва дигархош) шарм дошта аз чопи чунин маколахо даст мекашанд! ОЗОДАГОН чоп кун! Чун Шумо чунин маколахоро чоп (маколахои КГБшникора) намекунед!

Солех
Кироншох, вокеан хам ин нигаронии саривактй аст. Аксарияти чавобхои беном ва сохта тахкири шахсият ва паст задани шаъну эътибор мебошанд. Дар фабрика журналистон хеле каманд. Бештар яктарафа ва хурдагирона менависанд. Аксаран бесаводона ва пур аз хато. Бо ин навиштахо ба сатхи дониши чавонон бахо додан мумкин аст. Ин навиштахо имичи хеч кадом аз тарафхоро баланд намебардорад. Баръакс таъсири акс мерасонад.

Изхор
КГб бо маколаи дуруг менависа чи? Ихели наген чурахо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)