Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:11

Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили бошукуҳи Рӯзи Дониш ва ҷашни Истиқлол

28 август 2013, 10:59

Имрӯз, 28-уми август, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси ҳукумати кишвар баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози маҷлис чанд тағйиру навовариҳо дар қонунгузории кишвар маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудааст: "Аз ҷумла тағйиру иловаҳо, ба қонунҳо “Дар бораи роҳҳои мошингард ва фаъолияти роҳдорӣ”, “Дар бораи нақлиёт”, “Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ” ва ба кодексҳои андозу гумрук пешниҳод карда шуд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлис ба масъулин доир ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи кофии озуқаворӣ ва маводи сухт барои мавсими сардӣ, омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонии коммуналӣ супоришҳои мушаххас додааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори солгарди навбатии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи арзишҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои солҳои истиқлолият ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум, хусусан ҷавонону наврасон, дастур додааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба омодагӣ ба оғози соли нави хониш ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани Рӯзи Дониш зоҳир гардида, таъкид шудааст, ки оғози соли нави хониш дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ бояд ба таври идона ва тантанавӣ бо шукӯҳи хоса ба роҳ монда шавад.
Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон намудааст, ки соли нави хониш дар кишвар рӯзи якшанбе, 1-уми сентябр оғоз хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ураааа!!!!!!!!боз як иди дигар - "Рӯзи Дониш". Рузи каду кай мешуда бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хулбук,
Холо ист саросема нашав бародар давлатдорони мо мехнатхояшон хечанду тезтари бад шалпар мешаванд, ки истирохаташон мефорад. Иди каду хам мешавад иди хандалак хам пайдо мешаваду иди бодринг хам.
Посух додан
  • Tajik.

  • 28 август 2013 15:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иди таппак хам мешавад.
Посух додан
  • Хак.

  • 28 август 2013 20:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оре иди таппак хам мешавад. Чунки ///

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!