Бахшҳо
28 авг 2013 14:53Тоҷикистон / Сиёсат

Арзи модари як маҳбуси 21-сола ба Эмомалӣ Раҳмон

Гулчеҳра Муъминова, як модар аз шаҳри Кӯлоб, бо ирсоли номаи саркушодае ба хабаргузории “Озодагон” аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хоҳиш кардааст, ки ба қазияи фарзанди 21-солааш, ки ба гуфтаи модар, “говсуд” шудааст, расидагӣ кунад. Ин модар дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон навиштааст:

Қабл аз ҳама барои таваҷҷуҳи Шуморо ҳамчун як шаҳрванд ба масоили шахсӣ равона намуданам бисёр узр мехоҳам. Зеро бидуни чунин масъалаҳои дар қиёс ба сиёсати давлатдорӣ кӯчак барои Сарвари мамлакат садҳо масъалаҳои калону доғи рӯз мавҷуданд, ки вақту баррасии зиёдро тақозо мекунанд.

Агар мақомотҳои масъулу мутасаддӣ ва хизматчиёни онҳо дониши баланди касбӣ медоштанду , чи хеле, ки Шумо ҳамеша таъкид месозед, Ҷаноби олӣ, бо дили софу виҷдони пок шуғли иҷрои вазифа мекарданд,бовар кунед, мардуми пуртоқати мо ҳеч гоҳ барои додгустарӣ аз Президент имдод намепурсиданд.

Аммо афсӯс, ки чунин нест. Дар фаъолияти органҳои ҳифзи қонуну ҳуқуқ ба ҷои ҳақиқату адолат бештар фасоду тақаллуб реша давондааст. Аз дилхоҳ қазияе, ки баҳри додгустарӣ ба дасти онҳо меафтад, аз он танҳо чӣ гуна роҳ ёфтану суд бардоштанро фикр мекунанд. Дар ин маврид маълум аст, ки асаосан мардуми камбағалу бепушту паноҳ ҳамеша гунаҳгор мебарояд, зеро ин табақа қудрати гулӯи тамаъҷӯёнро равған кардан ва нерӯи таъсиррасонӣ надоранд.

Иллат ҳамин аст,ки Ҷаноби Олӣ, ҳар рӯз дар рӯзномаҳо ба номи Шумо номаҳои додгустарии мардуми зиёд нашр мешаванд. Ин ҷабрдидаҳо онҳоеанд, ки баъди сарсонию саргардониҳои зиёд аз паи дарёфти адолату ҳақиқат аз масъулини ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ба тамом дилмонда шуда,сипас ба Шумо рӯ меоранд.Ман низ пас аз сар гузаронидани чунин роҳи пур аз таҳқиру ранҷҳои чорсола маҷбур шудам, ба унвони президент арзи ҳол намоям.

Кӯтоҳи қисса ин ки писарам Шарипов Далер Пулодович,соли таваллуд 1988 дар курси чоруми Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб,факултаи иқтисодӣ таҳсил намуда, бо дарёфти шароит вобаста ба ихтисоси интихобнамудааш машқи «бизнес» мекард.Дар иртибот бо тиҷорат ба Душанбею вилояти Суғд рафтуомад дошт

Дар яке аз рӯзҳои наҳс барои оилаи мо, пагоҳии барвақт коргарони милитсия, ба хонаамон омаданд. Бе ҳеч гуна огоҳию хабарнома утоқхоямонро тагурӯ карда хуб кофтанд. Ҳеч чизи шубҳанок пайдо, ки нашуд, манро пешандоз карда милисахона бурданд.Он ҷо камаш 15 соат дашному истинтоқам карда,оқибат гуфтанд,ки сурати бачаатро деҳ. Дар байни суратҳои дар пешашон буда, акси Далери хурдҷуссаи оромтабиатро дида, гӯё таспашон андаке паст шуду огоҳамон намуданд, ки ӯ дар ҷинояте гумонбар мебошад.

Аз тафтишот баргаштан баробар бо телефон Далерро ба дуою дабара ба хона хондам. Ӯ бе ҳеч гуна таъхир расида омад. Ҳамаи азоби ба сарамон дар милисахона овардаро ба бача нақл карда, барои бизнеси мошин намуданаш ҷанҷоли зиёдаш намудам. Чун педагоги аз илми равоншиносӣ ҳаматарафа огоҳ дурудароз аз воқеа кунҷуковиаш кардам: -Оча, хавотир нашавед, ман дар ягон ҷиноят на шарикаму на гуноҳе дорам. Ягона беэтиётие дар ин миён кардам, ҳуҷҷат надоштани ҳамон мошини фурӯхтагим буд. Дар кори бизнес гоҳо кас «риск» мекунад. Парво накун, ман худам ба милиса рафта буду шуди корро мефаҳмонам.

Ҳамин тавр бо дили пур ихтиёрӣ ҳамроҳи Далер милисахона рафтем.Ба хотири он рафтем, ки ба кори тафтишот дар кушодани ҷиноят кӯмак расонем. Аз ба пои худаш ҳозир шудани Далер ҷинояткобро Худо дод. Дарҳол ба дасти бача наручник зада, дар ҳалқаи посбонҳо ба милисахонаи Душанбе равонаш намуданд.

Дар Душанбе нисбати Далери 21- сола чунон приёмҳои азобу шиканҷаро истифода намуданд, ки дигар сабру таҳаммулро набераи ҳарду бобояш иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва аз қаҳрамониҳояшон хуб огоҳу худ дар рӯҳияи шуҷоату ҷасурӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбияёфта ба манқурти беидрок табдил меёбад ва ба диктаи онҳо дар нишондодҳояш ва имзогузорӣ ҷинояти вазнинро ба зимма мегирад.

Ҳамин тариқ Далери аз ҳодисаи куштор бехабару саҳнаи иҷрои ин ваҳшониятро ҳатто нодида, бе таҳлилу тадқиқи боварибахши прокурорию судӣ бо тамғаи қотилӣ ба мӯҳлати 25 сол маҳкум гардид.. Ваҷҳҳои норозигии ман ҳамчун модари босавод аз натиҷаи тафтишотва ҳукми ноодилонаю муғризонаи судя мебошад:
-якум суд гуноҳро исбот нокарда ҳукум содир намуд.
-дуюм ягона шоҳиде,ки ҷинояту ҷинояткорро дидаасту расми қотилро чор бор мекашад, сокини шаҳри Душанбе рассом В. Григорев мебошад, дар суд изҳор намуд, ки гумонбарони мурофиаро бори аввал мебинад,ягонтоаш ба қотиле, ки ӯ дида буду сураташро кашидааст, монандӣ надоранд.
-сеюм шахсе ки мошинро ба Далер фурухта буд,Тағойниёзов Азиз мебошад ва асосан марбут ба фаъолияти ӯ тафтишот ва кори ҷиноятӣ мебояд оғозу анҷом мепазируфт. Вақти дар истеҳсолот будани парванда нисбати ин гумонбари асосӣ аз тафтишот худдорӣ намуданд.Чунин рафторашон аз дар зери коса нимкосаро пинҳон доштан магар шаҳодат намедиҳад?

Фурӯшандаи аввалаи мошинро мондаю тамоми айбро ба гардани Далери ҷавону дар «бизнес» навкор бор кардан « иштибоҳи» -и рӯирости тафтишот аст,ки сабаби ҷиноят нокушодаю ба ҷои қотил дар кунҷи зиндон бо зобу шиканҷа ҳаёташро барбод дода истодани бачаи бадбахти ман гаштааст.

-чорум магар шахси солимақл бо дасти хунолуд ихтиёрӣ омада худро ба мақомот таслим мекунад? Ҳол он ки тарбияи оила,мактаб,донишгоҳ натанҳо нуқсони ақлӣ надоштани бачаро кафолат медиҳанд, ҳамчунин мӯътақиданд,ки Далер баробари дониши хубу маълумоти ҳуқуқӣ доштан бо зиракӣ ва ҷаҳонбинии васеъаш дар ҳар гуна вазъият барои ҳимояи худ қарори зарурӣ қабул карда метавонист ва дар сурати по ба ботлоқ гузоштан худро ба дасти алибочҳо насупурда,чун аксарияти ҷинояткорони ҳушманд роҳи фирорро меёфт.

Бовар кунед,Ҷаноби Олӣ, имрӯз аз бесалоҳиятии мақомотҳои марбута садҳо ҷавонони ҳаёташон дар ҳукми гул мисли Далери номуроду бегуноҳи ман ба ҷои дуздону ҷаллодони асосӣ зиндонианд. Бинобар он ҳамчун модари ҷигаррехтаи фарзандаш ноҳақ маҳкуми зиндонгашта аз Шумо кафили асосии ҳуқуқу озодии шаҳрвандони Тоҷикистон илтиҷо ва дархост мекунам, ки аз шумури ҳуқуқшиносони Дастгоҳи Президент, порлумони мамлакат ва созмони байналмилалии ҳуқуқи башар комиссияи дастҷамъона ташкил ва таҳти назорати бевоситаи Шумо парвандаи Далерро аз сари нав омӯзанд, санҷишу тафтишоти мӯшикофона гузаронанд.Ин услуби кор боварӣ дорам, ки бегуноҳии бачаро собит мекунад ва ғунчаҳои орзую умеди дар ҷавонӣ паҷмурдашудаи ӯ аз нав дар озодӣ мешукуфанд.

Ин муроди тамоми модарони дунё нисбати фарзанд мебошад. Аз ин рӯ , агар таклифи модарон дар ҳукумат пазироӣ гардад, бугузор комиссияи босалоҳияти пешниҳодшуда тамоми парвандаҳои зиндониёнро дар алоҳидагӣ бозомӯзӣ қарор бидиҳанд. Бо шунидани ҳисоботи кори комиссия моҳе як бор аз ҷониби Президент фикр мекунам, адолат тантана мекунад ва садҳо бечораҳое,ки бо тӯҳмат бадбахт гаштаанд, ба озодӣ мебароянд ва то он даме ки ҳаётанд, бо ҷамъияти калони хешу табор,дӯстон ва ҳамаи онҳое, ки ба ноҳақиҳо, фиребу найранг нафрат доранд, дуои ҷони Президенти халқпарвар мекунанд. Ҳамзамон барои Сарвари давлат чи гуна дар ҷаҳли мураккаб ғарқ гардидани ахлоқи ҳомиёни ҳуқуқу қонун равшан мегардид.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)