Бахшҳо
25 июл 2011 10:37Хабарҳои ҷаҳон

Президент: Бо сабабҳои зиёд дар сари қудрат монданам зарур аст

Уго Чавес, президенти Венесуэла ба ВАО-и кишвараш гуфтааст, дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 низ номзад хоҳад шуд.


Ин суханҳоро Чавес баъди бозгашт аз Куба иброз дошт. Ӯ, ки аз маризии саратон ранҷ мекашад, ба Куба барои муолиҷа рафта буд. Раҳбари Венесуэла сабаби ин тасмимашро ба рӯзномаи ҳукуматии «Correo del Orinoco» чунин шарҳ додаст: "Бо сабабҳои зиёде аз ҷумла тиббӣ, илмӣ ва сиёсӣ ман дар сари қудрат хоҳам монд". Ба иттилои хабаргузории Reuters Уго Чавес қабл аз мӯҳлат ба ватанаш баргашта дар маросими ботантанае, ки ба хотири рӯзи мавлуди қаҳрамони миллии Венесуэла- Симон Болливар созмон ёфт, ширкат намуд. Тибқи маълумотҳо Чавес давоми як ҳафта дар Куба даври аввали муолиҷаро паси сар кардааст. Ба гуфтаи вай алъон барои даври дуюми табобат омодагӣ мегирад, вале ҳоло маълум нест, ки барои ин ба Гавана меравад ё на.

Уго Рафаэл Чавес Фриас 28 июл ба синни 57 мерасад.  Чавес дар интихоботи президентии моҳи декабри соли 1998 бо касби 56,5% овозҳо баранда шуд. Соли 1999 Венесуэла сарқонуни нав қабул намуда, дар интихоботи 30 июли соли 2000-ум 60% райъи интихобкунандаҳоро соҳиб шуд. Декабри соли 2006 Чавес дигарбора президент интихоб гардид. Уго Чавесро дар дунё, ҳамчун яке аз интиқодгарони шадиди сиёсати ИМА мешиносанд. Ӯ бо Маҳмуди Аҳмадинажод, райисҷумҳури давлати исломии Эрон, ки ҳамчунон ҳамеша Кохи Сафеди Амрикоро зери тозиёнаи танқид мегирад, аҳди бародарӣ доранд. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)