Мусобиқаи антинаҳзатӣ: Ҳоло муллоҳои Рашт пешсафанд
28 август 2013, 15:36
Абдулазизи Восеъ
Чанд нафар изҳори нигаронӣ карданд, ки худ ва фарзандонашонро бидуни ризоияти онҳо аъзои ҲНИТ кардаанд. Якеаш ҳатто изҳор дошт, дар толор нишаста ва тасмим гирифтааст, ки ҳамин ҳоло аризаи аз ҳизб хориҷ шуданашро бинависад. Ҳар баромадкунанда мекушид аз онҳое, ки қабл аз ӯ сухан кардаанд дар шукргузориву тавсифи президент ва ҳамзамон наҳ задани ҲНИТ кам наояд. Хулоса раштиҳо низ ҲНИТ-ро “титу пит” карданд.
Телевизиони Тоҷикистон инак наздики ду моҳ мешавад, ки аз ин гуна ҷаласаҳо зиёд намоиш медиҳад. Ин ҷаласаҳо баъди 4-уми июл, ки Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигӣ ва руҳониён дар Кохи Ваҳдат мулоқот кард, оғоз шуданд. Бо навбат ҳар минтақа ҷаласа ороста, баромадкунандаҳо дасту остин барзада ҲНИТ-ро сиёҳ мекунанд. Мантиқан, дар ин ҷаласаҳо бояд нуктаҳои муҳими дар мулоқоти президент дарҷёфта баррасӣ гардад. Аммо чун дар он вохурӣ чор нафар пешниҳоди аз номи ҲНИТ гирифтани калимаи Исломро карданд, мавзӯи аслии ҷаласаҳои минтақаҳо ҳамин шуд.
Ин ҷаласаҳо намоишномаеро мемонанд, ки аз рӯи як сенария ба саҳна гузошта шудааст. Танҳо дар баъзе ҳолатҳо коргардони бархе минтақаҳо боҳунартар ба назар мерасад. Ба ҳар сурат ҳар ҷаласа аз ҷаласаи қаблӣ пуробурангтар мегардад. Масалан, дар ҷаласаҳои аввал, ки гумонам аз шаҳру навоҳии Хатлон шурӯъ гардид, дар худи толор навиштани аризаи аз ҲНИТ берун шудан ба ёди касе назад. Ба ин монанд, аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷаласаҳои минтақаи Суғд шоҳиди пешниҳод ва амалҳои булаҷабтаре шавем. Ин ҳам дар ҳоле ки гузашти ҳар рӯз моро ба интихоботи президентӣ наздиктар мекунад. Шояд ҷаласаҳои вилояти Суғдро телевизион махсус дертар намоиш медиҳад. Зеро ҳама медонанд, ки суғдиҳо дар сухандонӣ ба қавле устухон надоранд ва агар фаромӯш накардаед, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон низ аввалин шуда, намояндаи Шӯрои уламои вилояти Суғд ба ҳизб эҳтиёҷ надоштани Исломро ироа кард. Ӯ гуфт: «Ҳазору чорсад сол беҳизб омадем, Ҷаноби Олӣ, ҳамин ҳисоба нигоҳ дорем».
Мақомоти Кумитаи радио ва телевизион мегӯянд, ин ҳаққи мардум аст, ки озодона андеша ва фикри худро бигӯяд ва онҳо вазифадоранд, ки ин афкорро ба мардум бирасонанд. Аммо дар ин баробар ба намояндаҳои расмии ҲНИТ (на онҳое, ки ба қавли худашон баъдан фаҳмидаанд, ки аъзои ҳизби наҳзат будаанд) иҷоза намедиҳанд, ки ибрози андеша намоянд. Ҳатто ба мактуби расмии ҲНИТ дар браи ба онҳо низ ҷудо кардани эфир аз ин кумита ҷавоби рад доданд. Гузашта аз ин Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосие бо “Озодагон” гуфта буд: “Чаро Шумо фикр мекунед, ки намояндагони аҳзоб ба эфир роҳ дода намешаванд? Намояндагони ҳизбу созмонҳои мухталиф, аз ҷумла аъзои ҲНИТ низ дар намоишу гуфторҳои телевизион ва радио иштирок ва изҳори назар мекунанд”.
Аммо то имрӯз дар ҳеч ҷаласа ё суҳбати телевизионие шоҳиди изҳори назари онҳое, ки аз ҲНИТ пуштибонӣ кунанд нашудаем. Ҳеч мумкин нест, ки аз чоруми июл ба ин сӯ дар ҳеч мулоқоту ҷаласае як ҷонибдори ҳизби наҳзат ширкат накарда бошад. Телевизионҳо ҳамин маъракаи зидинаҳзатиро ҳам ба ифрот расонданд. Ҳади аққал масъулини телевизион ба хотири риояи меъёрҳои журналистика ва риоя кардани тавозун нуктаи назари дигарро бояд пешниҳод мекарданд.
Ҳоло ки ин меъёр риоя намешавад (шуданаш ҳам дар гумон) ва ҳам телевизионҳои давлатӣ ҷаласаҳои на ҳамаи минтақаҳоро манзур кардаанд, назди оинаҳои нилгун мешинему ин баъд низ сабқатҳои антинаҳзатиро тамошо мекунем. Дар ҳоли ҳозир раштиҳо дар ин мусобиқа пешсафанд. Бубинем, ки фаъолон ва руҳониёни дигар манотиқ чӣ ҳунар доранд...
Фаъолони ноҳияи Рашт низ нишон доданд, ки дар антинаҳзатӣ будан аз намояндаҳои дигар манотиқ кам намеоянд. Раштиҳо дар як ҷаласа, ки дар пасманзари мулоқоти райисҷумҳур бо аҳли ҷамоатчигӣ баргузор шуда ва шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дод, “пуху парах”-и Ҳизби наҳзатро бароварданд. Онҳо бо шукронаи тинҷиву ободӣ аз мардум даъват ва ҳатто талаб мекарданд, ки ба ҳизбу гуруҳҳое, ки ҳадафашон тафриқаандозист шомил нашаванд. Бештари онҳо ҳарчанд дақиқ намегуфтанд, аммо маълум буд, ки манзурашон ҲНИТ аст. Билохира яке аз онҳо ба қавли мардум аз баҳри “шаф-шаф” гузашта, изҳор дошт, ки ҳизби наҳзат олудаи манфиату ғаразҳост. Ӯ гуфт чанд наҳзатиро мешиносад, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ному насаби худро тағир дода буданд ва баъди оромӣ дигарбора ба номҳои аслияшон баргаштанд. Ва боз хеле чизҳои дигар. Вақте гуфт, “алҳамдулиллоҳ аъзои ҲНИТ нестам”, ҳатто чанд толоракӣ каф куфт.