Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:29

Тошев маҳбусонро дар рӯзи марги Икромзода ба гуруснанишинӣ хонд

28 август 2013, 17:02

Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ду маҳбуси муттаҳам ба дуруғгӯӣ ҳамроҳ бо вакилони мудофеашон аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ, ки имрӯз, 28-уми август дар Хуҷанд дар назар буд, даст кашидаанд ва мурофиа боз ба таъхир афтодааст.

Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев дар суҳбат бо “Озодагон” далели худдорӣ аз иштирок дар мурофиаро иҷро нагардидани талабашон гуфт, ки мехоҳанд, мурофиа на дар СИЗО балки дар толори додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шавад: “Қонуни мурофиавӣ таъин намудааст, ки маҳали баррасии парванда толори додгоҳ мебошад, на толори СИЗО.”

Аммо мақомот ба далели набудани шароити интиқоли маҳбусон ба толори додгоҳ пофишорӣ дорад, ки мурофиа дар СИЗО-и Хуҷан гузарад.

Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори дурӯғин оиди шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.

Воҳидова бо такя ба хулосаи санҷишҳои худи Раёсати ислоҳии Тоҷикистон аз эҳтимоли сиёсӣ будани парвандаи нав алайҳи Садриддин Тошев ҳушдор медиҳад. Ӯ гуфт, дар хулосаи ташхисҳои худи Раёсати ислоҳӣ, ки пеш аз интиқоли Тошев аз Душанбе ба Хуҷанд таҳия шудааст, аз ҷумла омадааст, “ки Тошев ақидаҳои устувори зидди сиёсати давлат дорад ва тариқи паноҳӣ миёни маҳбусон ақидаҳояшро тарғиб мекунад.”

Воҳидова ақидаҳои Тошевро яке аз сабабҳои интиқолаш аз зиндони Душанбе ба Хуҷанд гуфт. Ин вакили дифоъ таъкид намуд, ки зерҳимояаш Тошев дар пасманзари он, ки ҳамаи дархостҳояшон рад мешаванд, имрӯз, 28-уми август, тариқи адвокатҳояш аз тамоми маҳбусони тоҷик, ки ҷонибдори адолатанд, даъват намудааст, ки дар рӯзи марги Ҳамза Икромзода, ки 21-уми сентябр аст, гуруснанишинӣ кунанд.

Тошев ҳушдор додааст, ки дар сурати радди минбаъдаи дархостҳояш гуруснанишинии бемуҳлат эълон хоҳад кард.

Ҳамза Икромзода моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Дар пайи марги ӯ як гуруҳ маҳбусони ин зиндон, ки аз шоҳидони аслии шиканҷа ва марги Икромзода арзёбӣ мешуданд, ба Хуҷанд интиқол ёфтанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хакикатчуй

  • 29 август 2013 10:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДАГОН, мо дар шуморахои пешин аз Шумо хохиш намудем, ки нисбати бо кадом гунохои кардааш мархум Икромзода ба махбас кашида шудааст ба хонандагони худ маълумот дихед. Шумо то хол оиди ин масъала харф назадаед, яктарафа бахо медихед. Чунки аз руи баъзе маълумотхо у ба хонаи як муллои камбагал даромада духтари Уро дар пеши чашми падар тачовуз кардааст. агар ин дуруст бошад, боз такрор менамоям, ки Конунхои махбусон чунин сахт аст, ки ин хел гунахкорро худашон аз ин дида сангинтар чазо медиханд. Агар хамин хел бошад нафаре аз ин ходиса химоят мекунад У мисли Ризоеву Тошев ва Вохидова мутахам ва даюсанд, ки окибати онхо аз ин дида бад аст. Худо чазои золимонро дихад ОМИН.
Посух додан
  • муслима питер

  • 29 август 2013 11:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хакикатчуй,
бАРОДАРИ ХАКИКАТЧУЙ МО МЕДОНЕМ КИ ИН МАХБУСОН ВА ХУДИ ХАМЗА БО ЧУРМ ДАР МАХБАС МУЧРИМ ХАСТАНД ВАЛЕ ГАП ДАР САРИ ОН КИ БЕ АДОЛАТИИ КИШВАРИ МО ВА ХУДИ РОХБАРОНЕ КИ ДАР ИДОРАХО МАХСУС ДАР ИДОРАХОИ ИСЛОХТИ ШИКАНЧА БА АВЧИ АЛО ХАСТ ВА ДАР ИН ЧО ХУДИ МАХБУСИН БО ДАЛЕЛУ ИСБОТ НИШОН МЕДИХАНД ..............
Посух додан
  • саид

  • 29 август 2013 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар хакикатчуй . аз он ки ман шунидам , ин Хамза дар хакакикат хонаи шайхи Мансур шабона даромадааст. Нисбати ин шайхи бечора ва зану духтарояш амали гайри инсониро ба чо овардааст . Дар хусуси тачовуз гунохашро ба гардан намегриам , вале факт аст ки шабона ба хонаи шайх даромадаст. Дар ин хусус сухбати худи Шайх дар сайти озоди аст. худо чазо дод ин дузди мутахмаро .. бо он ки мегуянд мо на барои Хамза балки барои шиканча дар зиндонхо мубориза мебарем фанд аст, гумон мекунам ин чо боз пул аст.. Гунакор бигузор чазояшро бинад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Хакикатчу! Худо рахмат кунад он чавонро, фарз кардем, ки у тачовузкори карда буд, вале кайхо барои кафорати гунох дар зиндон буд. Фарки зиндондорон аз чинояткор чи аст, чинояткор бечораро азият медихад ва чун зиндони шуд худ бечора аст, зиндонихо хам бечораеро бо "электрошок" мекушанд. Пас фаркашон дар чист?
Максад аз хама ин эътирозхо дигар чи аст. Зиндон набояд чои куштору азият бошад. Бо бадкирдори намешавад касеро ислох кард.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!