Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Таҳдиди худкушии Қумрӣ Ҳафизова ва ишора ба бетарафии Зоирову Кабирӣ

29 август 2013, 08:09

Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов таҳдид дорад, ки дар сурати истирдоди шавҳараш аз Дубай ба Душанбе қасди ҷони худ ва фарзандонаш хоҳад кард.

Ин нуктаро Ҳафизова дар суҳбат бо Николай Николаев вакили дифои Умаралӣ Қувватов изҳор намудааст.

Ҳафизова дар мукотиба бо Николайев навиштааст, ки “танҳо мондам. Метавонам журналистонро даъват кунам, то чӣ тавр зиндагӣ кардани маро сабт намоянд. Кӯдаконам ҳатто либос надоранд, ки ба сайругашт бароянд.”

Ҳамсари Қувватов бо тасвири вазъи зиндагии оилааш ҳушдор медиҳад, ки дар сурати истирдоди шавҳараш даст ба ҷони худ ва кӯдаконаш хоҳад зад.

Ин ҳушдори Қумрӣ Ҳафизова дар пасманзари гуфтугузорҳо оиди истирдоди Қувватов ба Душанбе аст, ки гуфта мешавад додгоҳи таҷдиди назари Дубай низ аллакай онро тасдиқ кардааст.

Аммо Николай Николаев ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ахиран дар мавриди истирдод бо худи Умаралӣ суҳбати телефонӣ доштааст: “Умаралӣ бори дигар таъкид намуд, ки парвандаи ӯ маҳаки сиёсӣ дорад ва ягон мурофиа дар додгоҳи таҷдиди назари Дубай то ҳол ҷой надоштаст. Умаралӣ мегӯяд, қарори судро надидааст ва ҳаққи пешниҳоди даъво надорад. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ наздаш роҳ дода намешаванд ва шароити нигаҳдории ӯ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ӯ мегӯяд, ба истирдод омода аст, аммо бовар дорад чунин амал ғайриқонунӣ хоҳад буд, чунки дар ин кор далелҳои поймол шудани ҳуқуқи ӯ мавҷуданд.”

Николайев афзуд, ки масъалаи ироаи паноҳгоҳи сиёсӣ ба Қувватов дар чанд кишвари Аврупо дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, “вале дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Аморат ба ин мухолифат доранд, ки ин аллакай нақзи қонун аст.”

Вакили мудофеи Қувватов бо зикри он, ки беш аз 200 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон алайҳи истирдоди зерҳимояаш изҳорот имзо кардаанд, аз бетарафии раҳбарони мухолифини тоҷик изҳори нигаронӣ кард: “Маълум аст, ки бештар аз 200 нафар зери муроҷиатнома ба ҳимояти Қувватов имзо намудаанд, аммо миёни онҳо имзои сардори ду ҳизби мухолиф, Кабирӣ ва Зоиров нест.”

Дар зимн як гуруҳ рӯшанфикрони тоҷик, 22-юми август, бо пахши як муроҷиатнома аз мухолифин ва фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон хостанд, ки алайҳи истирдоди Қувватов ба Душанбе садо баланд кунанд, чун муътақиданд, ки ӯро дар Ватан шиканҷа ва дигар бадрафторӣ интизор аст.

Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24” ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот афтод. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зиддунақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухочирбача

  • 29 август 2013 09:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хохари азиз Кумринисо бо ин корат аз азобу шиканча рахо намешави, он сатрро барои чи кардаи даст ба чони худ ва фарзандони бегунох мезани, риск аз чониби Худованд аст Худоро шукр гуй, ними ниме аз шумоёнро надоранд мардум ин коратон хуб нест, кани он хешу табор ёру рафик номусашонро хурдаанд магар дар мизи мудавари шавхаратон чандинхо нафар чамъ мешуданд шумо надоред суратхисоб кушоед албата ба шумо ёри ва кумак мекунанд барои сару либос ва каме хам бошад. Локин аз ин амали шайтон баргардед.
Посух додан
  • пайкон

  • 29 август 2013 09:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин хабар маҳаки асоси нисбати Зоирорв ва Кабири надорад чаро хабарнигор таҳлил накарда хабарро медиҳад хусусан Зоиров ба ин рози буд
Посух додан
  • Дардошно

  • 29 август 2013 09:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Апаҷони хушруяку зебои мо, Қумринисо! Шумо бисёр зани Худотарс менамоед. Илтимоси мо ин аст, ки ба ин амали нангин даст назанед, зеро дар ин кор ғазаби Худост. Мо ҳамеша даст ба дуоем, ки шавҳаратон раҳо шавад. Мутмаинам, ки ин имтиҳони Худовандиро бо муваффақият пушти сар менамоед. Шумо зани оқила ҳастед ва ба васвоси шаётин гирифтор нахоҳед шуд. Хоҳишмандам сабуриро пеша кунед!
Посух додан
  • Акмал

  • 29 август 2013 10:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зойиров аз аввалинхо буд, ки изхорот пахш карда буд. Чаро насанчида менависед? А Кабири вокеан хомуш буд, аз аввал. Задаро болои ин нукта мегузоштед мешуд.
Посух додан
  • Бедил

  • 29 август 2013 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хуло расмро дидам дилам решакан шуд ин хол басари душмани кас наояд.
Посух додан
  • Мизроб

  • 29 август 2013 11:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакте хукумат худ дар ин кор мустакиман даст дорад, чаро худи хукуматро гунахкор намекунед? Яъне дар коре ки хукумат ва хешутабори президент кардаистодаанд, магар Зорову Кабири гунахкоранд? Чаро худи хукуматихоро танкид намекунед? Боз ба Зоирову Кабири мечаспед? Магар Кувватов хамкори худи хукумат ва хамкори хонаводаи президент набуд?
Дуввум набояд хамсари Умарали ба ин кор даст занад, зеро боз хам хамон касоне хушнуд мешаванд ки дар ба хасб кашидани хамсараш даст доштанд, зеро барои онхо манфиати худу пулу молу дунё мухим аст, на чони мардум. Хохари азиз аз ин кор хеч кас чуз худат зарар намебини. Фикр накун бо ин корат дили аз санг хам сангину аз хайвон хам вахшии баъзехоро об мекуни. Агар ин корро куни баракс дубора ба шавхари худ зарба мезанию душманонашро шод мекуни. Ин корро на шумо балки занони касоне кунанд, ки аз пули ятимону мардум зиндаги доранд ва сарвати мардумро ошкоро медузданд, чаро шумо хакки зиндаги надоштаед инхо бояд хак медоштаанд. Наход дар ин кишвар ба чуз золимон дигар одами зиндае намонда бошад. Хатман мардум ба додатон хоханд расид, агар хам нарасанд сабрро пшеа созед, Худое, ки ин чахон ва хамаи мову шуморо офаридааст, ба додатон хатман мерасад!
Посух додан
  • ИСФАНДИЁР

  • 29 август 2013 20:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХОХАРАКИ АЗИЗАТОН КУМРИНИСО ЧИ ХЕЛ ХУДОТАРС БУДААСТ, КИ ХУДКУШИ МЕКАРДАСТ. У НАМЕДОНАД КИ ЧАЗОИ ХУДКУШ ДАР ОН ДУНЕ ЧИ ГУНА АСТ. ИЗО НАМЕКАШЕН ХУДОТОНА РЕКЛАМА КАРДА ХУКУМАТА МЕТАРСОНЕД. ВАКТЕ 25 НАФАРАРО ДАР ГАРМ ФАНАТХОИ ИСЛОМИ КУШТАНД ЧАРО МАТБУОТ НАВХА НАКАРД. ИН МАТБУОТИ ЗАРД БАРОИ ЯК УМАРИ КУВВАТОВУ ЗАЙД САИД ШУДА ОНЧУНОН ГИРЯ МЕКУНАД КИ ХАНДААМ МЕОЯД.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хохарчони ман харгиз майли чунин ниятхо накуни.Ин фарзандакони ту мисли чучахои парвин зебоанд.фарзандони дуструяку олуфта хастанд.Мефахмемему медонем,ки дар Точикистон дар дилу хиссиёти чиновникхову сардорону нозирону вазирон дигар рахму инсоф намондааст.Рахму инсоф инчунин дар байни мардуми одди хам дида намешавад.Суханоне.ки як бародари мухочир (Мухочирбача) навиштааст,бехтарин тассалият аст.Ба шумо сабру токату мадад аз чониби аллохро мехохам.Агар бехад шуморо рухану маънави азоб диханд.мархамат хамин хонаи дар Россия будаамро манзил барои шумо медихам.Эй мардуми хамзабони ман биёед инсофро аз хамин русхо омузед.Барои сагбачаву гурбаи кади рох онхо рахмхори мекунанд.Хатто сагу паррандаи маъюбро чаррохиву табобат ва парастори карда дулсузи менамоянд.Чаро мо ин кадар миллати беинсофу сахтдил гаштаем.Чаро бо ин зани чавону модари серфарзанд,ягон нафар аз занхои дилсузу мушфик ва хонумхои рузноманигору адибахои точик хамсухбат намешаванд.Чаро хамаи мо чун чинсхои шохшудаи замон гаштаем?
Посух додан
  • hisor

  • 30 август 2013 01:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
milionho kujo shud yo ba zani yakumash bovari nadorad tiyad..havlihoi bakuvata yaktasha furush yanga ku hamaash davlati meshavad.guruhi 24 budku kani 23-toi digarash kumak kuned in oilaro oxir.zani xudotars hej vakt xukushi namekunad.noshukri kardan okibatash hamin.
Посух додан
  • Эраччони Ёвони

  • 1 декабр 2013 18:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом апи кумри худочон дар панохаш нигах дорад шуморо. апаи КУМРИНИСО

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!