Бахшҳо
29 авг 2013 10:10Тоҷикистон / Сиёсат

(НАВШУДА) Ҳабси 5-рӯзаи Маҳмудҷон Қосимов ва эълони танаффус дар мурофиа

Имрӯз, 29-уми август додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар қисмати аввали мурофиа алайҳи ташкилкунандагони флеш-моб Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гуруҳи ташаббускори "Тоҷикистони нав"-ро ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум карда, то соати 13:00 танаффус эълон кардааст.

Ин мурофиа пушти дарҳои баста, алайҳи ташкилкунандагони флешмоб ба тарафдории Зайд Саидов баргузор мегардад.

Мавҷуда Соҳибназарова, узви гурўҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав», дар сўҳбат ба «Озодагон» гуфт, субҳи имрўз ҳамаи ташкилкунандагони флеш-моб, аз ҷумла худи Мавҷуда, Маҳмудҷон Қосимов, Хайруллоҳ Саидов ва чор писари дигари Зайд Саидовро мақомоти пулиси Исмоили Сомонӣ барои бозпурсӣ даъват карда, аз идораи пулис ба додгоҳи ноҳия бурдаанд. Соҳибназарова танҳо ҳаминро хабар дод, ки ташкилкунандагон аз рӯи моддаи 460-и Кодекси маъмурӣ, яъне нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ё худ майдаавбошӣ муттаҳам мешаванд. Моддаи 460 муқаррар кардааст, ки "барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, - ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо таъйин карда мешавад"

Аммо Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, пешниҳоди чунин иттиҳомро алайҳи ташкилкунандагон ғайриқонунӣ гуфт, "чун дар қонунгузорӣ ишора нашудааст, ки барои флеш-моб бояд иҷозат гирифта шавад. Баробари ин ташкилкунандагони флеш-моб як ҷойеро интихоб намуданд, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон намекард. Онҳо дар бом гузарондаанд ва ҳамаи меъёрҳоро риоя кардаанд."

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур шуд ва дар маркази Душанбе, дар боми бинои "Пойтахт" ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил гардид. Дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд.

Дар пайи ин флешмоб нимаи дуввуми рўзи 27-ум идораи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҳмудҷон Қосимов ва панҷ писари Зайд Саидовро барои бозпурсӣ даъват карда буданд. Мақомот иддао доранд, ки ташкили флешмоб ғайриқонунӣ буд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.

Айни ҳол парвандаи Зайд Саидов, баъди омӯзиш дар додситонии генералӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Мӯҳр
Dar padari inhel davlatu hukumat na'lat muren ba hami ruzton nomardo!!! IkA i halki tojika chumo kadiyan

Ана инро "Пушти дархои баста" мустакилияти судди мегуянд.Э вой бар вичдони чунин судя, фардо рузи киёмат ин хукуматдорон (дар назар аст хизби хоким) чи чавоб медода бошанд.

Э Х
Чанги дуюми шахрвандии Точикистон наздик аст ин навбат тарафдорони Зайд Саидов ба мукобили хукумати феъли мечангад, ки аксарияти чонибдорони З С аз дохили худи хукумат аст.

Бародари мусалмон
Мардуми Озодагон, ба хама эхтироме, ки нисбат ба Шумо дорам, як сухан мегуям, хушру кабул намоед. Бо чунин аксхоятон, бачахои бечораро дар бало гирифтор кардед. Чи мешуд, ки Шумо аз кори шудаги акс бардоред, зебоии парзании кабутархои рахошударо нишон дихед, боло рафтани аксро ба намоиш гузоред, аз нишон додани иштирокчиён чи максад доред? Ин суханонро хохед нашр накунед, просто барои худатон мегуям.
Ба вичдонам савганд, аз дусти гуфтам.

душмани фатох сагуф
ин аблахо милати точикро нестмекунанду китайёра бахоки точик меоранд?ватан модараст мегуфтан, амо ин беномусон модарашонро фурухтанд?инмардонеки мехоханд милати сухтаву факиро озодкунанд? бароиин инбалохоро басарашон меоранд?

вой бар холи мардуми точик

11
ин номардо дар ин 5 рузи зиндон кардан Маҳмудҷон Қосимов ягон чиз дар зиндон мехуронанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)