Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

Мадонна сарватмандтарин чеҳраи маъруф шинохта шуд

29 август 2013, 11:26

Мадонна, хонандаи шинохтаи амрикоӣ дар садри рейтинги чеҳраҳои маъруфи сарватманд арор гирифтааст.

Маҷаллаи Forbes, ки феҳрасти мазкурро таҳия кардааст, даромади Мадоннаро дар як соли ахир 125 миллион доллар нишон додааст. Бештари ин маболиғро ӯ аз сил-сила сафарҳояш ба манзури муаррифии албоми MDNA ба даст овардааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки Forbes ин маҷмӯаро чандон муваффақ намедонад.

Ҷои дуюмро дар ин рейтинг коргардон Стивен Спилберг бо 100 миллион доллар соҳиб шудааст. Дар зинаи сеюм бо 95 миллион доллар ровии телевизион Саймон Коуэлл ва ровии радио Говард Стерн нишастаанд.

Дар мақоми аввали рейтинги гузаштаи Forbes ровии телевизион Опра Уинфри қарор дошт, ки ба иттилои маҷалла даромади ӯ аз моҳи майи соли 2011 то моҳи майи 2012 ба 165 миллион доллар расид. Ин навбат даромади вай 77 миллион доллар гуфта мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!