Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:17

Ҳукумат эҳсоси хатар мекунад?

29 август 2013, 11:49

Ҳумайрои БАХТИЁР

Консепсияи пеш аз интихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) 24-уми август қабул гардид. Дар робита ба таъсиси ИНИТ дар Тоҷикистон дар пешоруйи интихоботи президентӣ сару садо низ зиёд аст. Коршиносон таъсиси ИНИТ-ро новобаста аз натиҷаи муборизаашон, падидаи мусбат арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо дар шароит ва фарҳанги сиёсие, ки феълан Тоҷикистон ҳукмфармост, муттаҳидшавии нерӯҳои мухолифу дигарандеш беҳтар аз хомӯшӣ аст. Таҳлилгарон мегӯянд, дар қиёс ба интихоботи раёсатҷумҳур дар соли 2006 ин навбат фишор болои аҳзоби сиёсӣ шадидтар шудааст.

ИНИТ–ро чӣ интизор аст?

Чунин ба назар мерасад, ки аз талошҳои ИНИТ барои ворид шудан ба корзори интихоботи президентӣ коршиносон чандон хушбин нестанд. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши фишорҳо ба фаъолияти аъзои аҳзоби мухолиф таҳлилгарон мегӯянд, ИНИТ дар ин маъракаи сиёсӣ чандон муваффақ нахоҳад шуд. Ба қавли Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ ҳарчанд ҳизби ҳоким ғолибияти номзади худро дар интихоботи президентӣ таъмин кардааст, аммо таъсиси ИНИТ таконе барои ҳукумат буд. Муллоҷонов мегӯяд таъсиси як эътилофи нерӯҳои мухолифу дигарандеш афкори оммаро ба вуҷуд меорад, ки ин падидаро ҳукумати феълӣ қабул надорад: «Дар ҳукумат як ҳиси хатар ба вуҷуд омадааст. Вазъи нохуби иқтисодӣ, афзоиш ва ташвишовар гардидани вазъи муҳоҷирон дар Маскав бойиси ин нороҳатии ҳукумат аст. Онҳо медонанд, ки мардум аз ин ҳолат нигаронанд. Ҳукумат хатарро эҳсос карда, бештар барои пирӯзии худ талош дорад»,- мегӯяд Парвиз Муллоҷонов. Ба гуфтаи ӯ ИНИТ-ро лозим буд, то барои ба даст овардани нуфузи бештар ба бахши иқтисодии кишвар таваҷҷӯҳи хос бидиҳад.

Дар ҳамин маврид Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) мегӯяд, ки ИНИТ ба фишорҳову маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, талош дорад, то номзади ягонаро пешниҳод кунад. Ва ин иқдом қобили дастгирӣ аст. Ба гуфтаи Маҳмадазимов таъсиси ИНИТ намунаи ташаккул ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст: «Ҳукумат қабл аз ҳама бояд онро дарк кунад, ки талоши нерӯҳои дигарандеш дар интихобот ин кӯшиши беҳтар кардани вазъият аст, на аз ин беш. Мутаасифона ҳукумат дар симои ҳар як чеҳраи ҷадиди майдони сиёсат рақибро надида, бештар душманҷуйи мекунад. Ин иштибоҳи сахт аст».

Ҳукумат эътимод ба худро аз даст додааст?

Коршиносон мегӯянд, ки афзоиши фишор ба аҳзоби мухолиф дар арафаи интихобот як падидаи табиӣ аст, аммо на дар он шакле, ки дар Тоҷикистон сурат мегирад. Мушоҳида мегардад, ки давоми ду соли охир фишор болои фаъолияти намояндагони ҲНИТ ва ҲСДТ шадид шудааст. Латукӯби Ҳ.Сайфуллозода, М.Ҳайт ва С.Адолатшоев бойиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Коршиносон ин амалҳоро кори дасти ҳукумат медонанд. Ба гуфтаи онҳо дар сурати дигар ҳукумат барои пайдо кардани омилони ин латукӯб тамоми чораҳоро меандешид. Ин ҳам дар ҳолест, ки бо вуҷуди дархосту муроҷиатномаҳои расмӣ то имрӯз ҳодисаҳои латукӯби намояндагони ҲНИТ ошкор нашуда, зоҳиран тафтишот идома дорад.

Дар ин баробар фишорҳо ба ҲСДТ ҳам кам нестанд. Агар намояндагони ҲНИТ-ро бештар мавриди латукуб қарор бидиҳанд, ҲСДТ бештар бо мушкили дастрасӣ ба толорҳои кишвар рӯ ба рӯ мешавад. Соли сипаришуда Зойиров барои баргузории ҳамоиш ба се толори кишвар дархост фиристод, ки ҳамаи ин дархостҳояш ҷавоби рад гирифт.

Тибқи иттилоъҳои охир давоми ду соли охир фишор ба аҳзоби мухолифи кишвар афзоиш ёфтааст. Ба иддаои Парвиз Муллоҷонов ҳарчанд дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад, аммо танҳо се ҳизб бозигари аслии майдон ба ҳисоб мераванд. Номбурда гуфт, ки аз сабаби камрангии фаъолияти ҲКТ, ҲДТ, ҲСТ, ҲИИТ, ҲАТ тамоми фишорҳои ҳукумат ба болои ду ҳизби мухолиф ҲНИТ ва ҲСДТ равона шудааст.

Дар ҳамин маврид раҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зойиров мегӯяд, дар инзиво қарор додани мухолифин маънои онро дорад, ки ҳукумат мавқеъи устувори қаблии худро миёни мардум аз даст додааст. Зойиров мегӯяд, агар ҳукумат ба заъфи худ бовар намекард, пешниҳоди мухолифинро барои ворид кардани тағйирот ба интихоботи президентӣ қабул менамуд.
“Онҳо ба худ бовар надоранд. Аз ин хотир имкони ба таври демократӣ баргузор шудани интихоботро пешгирӣ карданд. Маҳз ҳамин заъф аст, ки ҳукумат дар ин охирҳо дигар тавассути расонаҳо ба сиёҳкунии ҳизбҳои мухолиф роҳ дод”,- афзуд Раҳматило Зойиров. Раҳбари ҲСДТ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳарчанд маъракаи таблиғоту ташвиқот барои ҳизбҳои сиёсӣ расман оғоз нагардидааст, аммо ҳукумат ташвиқоти худро дар минтақаҳо шурӯъ кардааст.

“Барои мисол дар ҳоли ҳозир ба ман ҳудуди 10 гузориши телефонӣ расид. Аз минтақаҳо шикоят аз он доранд, ки намояндагони ниҳодҳои давлатӣ аз онҳо хоҳиш доранд, то ба тарафдории номзади ягонаи мухолифин овоз надиҳанд. Ҳукумат то ин андоза ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад, ки чунин дархостро ҳатто аз аъзои ҳизби мо кардаанд”,- гуфт Зойиров.

Барои тағйири фарҳанги сиёсӣ, заминаҳоро бояд дар парлумон ба вуҷуд овард

Бо ишора ба қонуншиканиҳои ҳукумат Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, то чӣ андоза сахт будани мубориза дар сиёсати Тоҷикистонро ҳамин чанд моҳи охир эҳсос кардааст. “Давоми 20 сол ба таҳлили авзои сиёсии Тоҷикистон машғул будам. Вале баъди 1 моҳи ворид шудан ба гурӯҳи ташабускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистон нав” эҳсос кардам, ки фарҳанги сиёсии кишвари мо хеле хароб аст”. Раҳбари АМСТ мегӯяд, натиҷаи интихоботи президентии соли 2013 барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон маълум аст. Аммо ин қадаме барои ислоҳот дар бахши сиёсии кишвар аст: «Ҳоло фурсате расидааст, то ҳизбҳо омодагӣ барои интихоботи парлумонӣ бигиранд. Фарҳанги сиёсии кишварро якбора иваз кардан ғайриимкон аст. Заминаи ислоҳот дар фарҳанги сиёсии кишвар аз интихоботи парлумон вобаста аст».

Аммо ба бовари Парвиз Муллоҷонов ҷорӣ кардани ислоҳот дар фарҳанги сиёсии Тоҷикистон кори чандон сода нахоҳад буд. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, беҳтар мебуд агар нерӯҳои дигарандеш ва аҳзоби сиёсӣ ба баргузории интихоботи парлумонӣ ва ҷой додани намояндаҳои худ ба парлумон чандон умед набанданд: «Ин як хусусияти сиёсии Тоҷикистон аст. Дар мо натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2015-ро аз ҳоло метавон пешбинӣ кард. Барои ҳамин иваз кардани вазъият дар Тоҷикистон кори мушкил буда, аҳзоби мухолиф то ҳади имкон рисолати худро ба анҷом мерасонад».
Парвиз Муллоҷонов дар идома гуфт, дар Тоҷикистон ҳузури фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳсос намешавад, чун иваз кардани фарҳанги сиёсии кишвар қисме аз фаъолияти онҳо низ ҳаст.

Кишвари серқонуни беқонун


Ин ҳам дар ҳолест, ки дар бештар маврид намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳзоби мухолифро заиф ва ноӯҳдабаро мехонанд. Ба гуфтаи онҳо ҳизбҳои сиёсии кишвар нерӯи устувор набуда, дар бештар маврид худро ақиб мегиранд ва ё аз сахтиҳои мубориза шикоят мекунанд.

Ин нигарониҳо албатта ҷой дорад. Албатта роҳи фаъолияти ҳизбҳои мухолиф дар ҳар кишвари дунё ҳамеша пурпечутоб аст. Фарқият дар он аст, ки дар кишварҳои дигар барои маҳдуд сохтани нуфузи мухолифин ҳизби ҳоким ба таври ошкор аз қонуншиканӣ истифода намекунад. Албатта коршиносон зиёд мегӯянд, ки Тоҷикистон дорои беҳтарин қонунҳост. Нофаҳмӣ ё худ нобаробарӣ танҳо дар амалӣ кардани он мебошад. Агар намояндаҳои ҳизбҳои мухолифро барои риоя накардани оддитарин банди қонун ба ҷавобгарӣ бикашанд, ин мушкил барои ҳизби ҳоким вуҷуд надорад. Тибқи мушоҳида то имрӯз нашудааст, ки ниҳодҳои давлатӣ, яъне намояндагони ҳизби ҳокимро ниҳоде барои қонуншиканӣ ҷазо дода бошад. Инҷо суоле ҳам ба вуҷуд меояд, ки ҳизби мухолиф ва ё нерӯи дигарандеш дар ин бенизомӣ чӣ гуна бояд муборизаро ба роҳ бимонад? Дар шароите, ки як қонун барои фаъолияти як ҳизб кафолат медиҳаду, ҳамин қонун ҳизби дигар ё чеҳраи муборизро маҳкум мекунад.

Фарҳанги сиёсии кишвар рӯ ба таназзул ниҳодааст


Бо ин ҳама Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии тоҷик ва яке аз тарафдорони ИНИТ мегӯяд, ки ҳарчанд натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳур аз имрӯз маълум аст, вале ташкили як иттиҳод хуб. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки бо ин ҳама шароите, ки ҳукумат ба худаш фароҳам овардааст, сабаби ташвиши масъулини давлатиро дарк карда наметавонад: «Барои ман аҷиб аст, ки ин ҳама талошу фишорҳо барои маҳдуд кардани аҳзоби мухолиф барои чист? Ҳизбҳои мухолифи мо оддитарин имкониятро барои расонидани мавќеъи худ ба мардум надоранд. Охир вақте тағйироту иловаҳоро ба қонуни интихоботи президентӣ ворид накарданд, пас чӣ ҷойи нигаронӣ барои ҳукумат аст?», гуфт ин рӯҳонии тоҷик.

Ҷаноби Тӯраҷонзода муътақид аст, ки дар Тоҷикистон гуногунандешии сиёсӣ дар хатар буда, эҳтимоли аз байн рафтани он вуҷуд дорад. Ин гуфтаҳоро Абдулғанӣ Маҳмадазимов тақвият бахшида, изҳори таасуф аз он намуд, ки фарҳанги сиёсии кишвар рӯ ба таназзул ниҳодааст: «Ман аз он метарсам, ки оҳиста - оҳиста ин ҳолат моро ба бӯҳрони сиёсии солҳои 90-ум набарад. Барои ба вуҷуд наомадани чунин як ҳодиса бояд ҳукумат, аҳзоби мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талош варзанд».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Али

  • 29 август 2013 12:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин рафторе ки хукумат нисбати мухолиф,хизбхои дигар карда истодааст окибати бадбахтии миллат шуданаш аз имкон дур нест. Чаро? зеро хар фарди чомеа дар ин рафтори хукумат хукукхои худро зери пои ин хукуматдорони хозираи бесовод мебинад. Наход рохи хали ин дипломатия нею хукумат зурию тухмату фишорхои беасосро пеш гирифтааст ва хаел мекунад,ки чомеаи шахрванди аз ин рафтори хукумат дастгири мекунад,аммо баракс руз аз нафрати мардум ба ин хукумат ва президенти кишварки аз волоияти конун харф мезанад зиед шуда истодааст. Ин рафтори хукумат як бозии кудаконаеро мемонад,ки гуе хама бовараш мекунанд. Аммо Точикистон давлатаст то ун дарачаеки хукумат фикр мекунад ин мардум холо акли солиму хираду инсофашро мисли хукуматдорон дар замин назадааст. Мисол, бигзор дар хамаи камбудихои Точикистон хизбхои сиеси гунахгор ба гайр аз хизби ХОКИМ.Пас як савол ба хукумату Президент, рохеки аз пули Точикистон сохта шудааст чаро як компанияи номаълум ИРС ,таалук ба яке аз домодхои президент дорад пули ин рохро чам карда дар офшор хазина мекунад ва ягон органхои тафтишоти хак надорад ин компанияро тафтиш кунад. Пас мухтарам хукумат дар бораи кажом адолат шумо харф мезанед ва ин кадар фишор болои хизбхои дигар чи маъни дорад? чавоб яктост шумо хукумат метарсетон мабодо дигар кас рохбар шавад аввалан ин зулмро аз болои мардум мебардорад ва дуюм шумо барои ин кирдоратон чавоб мегуед ана барои хамин аз тамоми ноадолатихи истифода кардаистодаед,ки то мансаб аз дастатон наравад. ОЗОДАГОН АГАР ХАМИН МАТЛАБХАМ ЧОП НАШАВАД ПАС ХАЙФ БАР ШУМОХАМ.
Посух додан
  • КАРИМ

  • 29 август 2013 15:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале бародар Али хак гуфти. Намедонам бо ин хукумат мо ба кучо мерасем ва ояндаи фарзандони мо чи мешавад. Агар ин хукумат хазор сол хам бимонад сари кудрат ягон бехбудие намешавад, бад мешаваду хуб не.
Посух додан
  • Толиб

  • 29 август 2013 17:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бадбахтихои солхои навадумро аз хукумат не аз ИНИТ ЧУЕД БАРОДАР ХУКУМАТ ШАБУ РУЗ ИНХОРО БА СУЛХ ДАЪВАТ ДОРАД ОНХО БАРЪКАС МАРДУМРО БА ЧАНГ! ИН КАДАР ГУМРОХЕД КИ ИН СУЛХГУРО АЗ ЧАНГЧУ ФАРК КАРДА НАМЕДАВОНЕД БАРОДАРОН.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман то ба имурз дар фикри гирифтани шахрвандии дигар кишвар набудам, акнун мегирам, зеро дар ояндаи Точикистон ягон рушнои нест, агар ХХДТ боки монад...
Посух додан
  • hisor

  • 30 август 2013 01:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in muxolifin soli 90-muxolifi leninobodiho muxolifat mekardan hozir muxolifi xatloniho.muxolifitona bas kunedu bo hukumat yakjo shuda vatanro obod kuned..chi boyad hama hukumat az shumo boshad?prezident shudan mexohed?jirna nebudet?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hisor,
бародар худут ягон вазифа дори чи ки ика чоплуси кадести ? як шавем ба хукумат Чумхуриро аз байн барем ё ки дар дузди ва хароб кардани Чумхури шарик шавем е ки дар кадом кори ба манфиати халк як шавем ????? халки азиу-шаъни Точик аз хисоби худашь аз хисоби мардикориву гуломиву саргардони дар дигар шахрхо рузаша бурда истодааст ! ! ! хукумат барои халк то имруз ягон коре анчом надодааст ба чуз хешу табору авлодони худашон!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!