Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:45

Арчман мизбони симпозиуми Туркманистону Тоҷикистон мешавад

29 август 2013, 12:10

25-уми сентябри соли 2013 дар пойгоҳи осоишгоҳи «Арчман»-и Туркманистон симпозиуми Туркманистону Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ба рушди туризм ва фароғат бахшида шудааст.

Дар мавриди баргузории чунин симпозиум соли гузашта зимни мулоқоти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳурони ду кишвар дар шаҳри Ашхобод мувофиқа шуда буд.

Торнамои infoabad.com менависад, “иштирокдорони симпозиум натиҷаҳои пажуҳишҳои нави илмиро дар бахши амалия ва назарияи осоишгоҳшиносӣ баррасӣ намуда, дар мавриди омӯзиши захоири шифобахши табиӣ ва чанд мавзӯи дигари марбут ба ин бахш табодули назар хоҳанд кард”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!