Бахшҳо
29 авг 2013 17:28Тоҷикистон / Сиёсат

Дархости дахолати парлумон ба фишорҳо болои ҲНИТ

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сардабири сомонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳайси як шаҳрванд ва интихобкунанда аз парлумони Тоҷикистон хостааст, ба фишорҳо болои ҲНИТ расидагӣ кунад.

Файзраҳмонов, ба ҳайси як сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Қумсангир ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барқия ирсол намуда, навиштааст, ки “вақтҳои охир тавассути расонаҳои давлатӣ, махсусан шабакаҳои радио ва телевизонии он алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, созмони сиёсии расмӣ ва эътирофшуда ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар дар марҳалаи омодагириҳо ба интихоботи президентӣ, таблиғоти муғризона, ки ҳадаф мавқеъ ва ҷойгоҳи онро ноҷиз сохтан аст, ба таври густурда идома дорад.”

Ин сокини деҳаи Пахтакор афзудааст, ки “маро ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фазосозиҳои носолим ва тавҳиномез сахт нигарон сохтааст.”

Файзраҳмонов илова намудааст, ки “ба ҳайси интихобкунанда аз шумо, вакилони мардумӣ мавқеъи Маҷлиси Олӣ ва намояндагони Тоҷикистонро нисбати ин вазъият фаҳмиданӣ ҳастам ва бисёр мехостам, ки дар пешгирии ин амалҳои номатлуб тадбирҳои зарурӣ меандешидед.”

Ин дархост, дар ҳолест, ки ахиран тариқи телевизионҳои давлатӣ барномаҳои зиёде алайҳи ҲНИТ пахш мешаванд. Аммо Кумитаи радио ва телевизион роҳандозии маъракаи махсус алайҳи ҲНИТ-ро рад карда, изҳор медорад, ки танҳо назари иштирокдорони ҷамъомадҳоро нашр мекунад ва уҳдадор нест, барои ради назарҳо ба ҷониби дигар минбар ироа кунад.
Мӯҳр
Муслим
Халк хамаи ин корхоро медонад, ки сохтакори ва дуруг астанд вале хукуматдорои мо ба ин корашон дили халкро гарм карда наметавонанд ки ба интихоботи пеш омада ба Чаноби оли ва хизби у овоз диханд

Али
Бародари азиз икдоми хуб пеш гирифтаи мохам мардуми точик,кидар мухочиратем аз ин шармандагихои хукумат нигаронем ва инхо намефахмида бошанд,ки бо рафтори номардона мардумро бош ба ягон бетартиби мехезонанд. Агар худо нокарда чи бетартибихое дар Точикистони Азиз сар занад сабабаш ана хамин хукумату телевизион ва радио мешавад. Хой хукуматдорон о бас кунед ин аблахиро дигар бо ин рох шумо дар байни мардум эхтиром пайдо намекунед баракс тамоми мардум бо ин рафторатон лаънататон мехонад ба худ биеед наход инкадар бешармона нисбати хизбхои дигар тухмату дуруг мегуед. Наход Точиконро то ин дарача хайвонсифат шумореду дуругхои шуморо бовар кунад. Дар бораи ПАЛУМОН бошад ин бехудаас аз дасти онхо чизе намеояд унчо факат як ОВОЗ аст овози ЧО тамом. Ба хар хол аз карнайчи як пуф.

На чаноби оли на хизб ба овози ту эхтиеч надорад!

Рости гап, шабакахои телевизионии Точикистонро тамошо карда, одам аз ин сохтакорихо ба газаб меояд. Хамеша дуругу сохтакориро нишон медиханд. Оё раиси Кумитаи телевизион ва радио барномахое, ки аз "Шабакаи якум", "Сафина" ва "Чахоннамо" харруз намоиш дода мешавад, тамошо мекарда бошад? Оё ин телевизионхо ягон тартиботи пахши барномахоро, мисли шабакахои телевизионии Русияро надоранд?
Ман аъзои ягон хизб нестам, лекин пахши ин хел барномахо алайхи паст кардани як хизб, ба мисли ХНИТ, амали номардии хукуматро нишон медихад, ки вазифаи асосии худ, яъне таъминоти озукавори, истиклолияти энергетики, паст кардани сатхи камбизоати ва гайрахо мебошад, ичро накарда, ба чунин амалхои беномусона машгул аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)