Бахшҳо

Афзалов: Бархе дар арафаи интихобот нооромӣ мехоҳанд

Ғайбулло Афзалов, раиси Хатлон ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз, 30-юми август дар ҷаласаи муштараки парлумон баромад карда, гузориш дод, ки вилояти Хатлон пурра барои дар сатҳи баланд, шаффофу демократӣ гузарондани интихоботи президентӣ омода аст.

Афзалов изҳори боварӣ намуд, ки мардуми Хатлон намунаи беҳтаринро нишон дода, дар интихоботи президентӣ фаъолона ширкат хоҳанд дошт.

Раиси Хатлон аз он ҳушдор дод, ки имрӯз, дар арафаи интихобот баъзе гуруҳ ва шахсиятҳо хостори ноором кардани вазъият дар Тоҷикистонанд ва мардумро ба зиракӣ даъват намуд.

Назира Ғаффурова, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ҷаласаи муштараки парлумони кишвар баромад намуда, таъкид кард, ки дар гузашта интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент иштибоҳ набуд. Ӯ зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон се ҳадаф, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбаси коммуникатсиониро маҳаки асосии фаъолияти қарор додааст, ки дар шароити Тоҷикистон хеле муҳим аст.
Мӯҳр
maha
Ин мусафеди афзалуф аз тарси мансаб ва синнусоли аз меъёри қонун кайхо гузашта шабу руз интихоботро хоб мебинад. акаи раис ягон гурух ва шахсияте намехоҳад, ки дар ватанаш ноороми шавад, илтимос бо ҳамин изҳоротҳои шайтонӣ ва иғвогариятон хотима диҳед. факат мардум каме хаста шудааст ва мехоҳад, ки шахсиятҳои ҷавон, ватандуст, босавод, масъулиятшинос, миллатдуст, созанда, боимон, бовиҷдон, бофарҳанг. забондон, муҳандис ва иқтисоддону ҳуқуқшиноси олиммаоб сари вазифа омада халқро аз ин фасоду беадолативу маҳалгароӣ наҷот диҳад на чизи дигар.

з
Биеед мардумро нахандонед бо интихоботи "демократиатон".

то кай мардума фиреб мекунен???? бас будагист охир ба ваъдахои дуруг сари мардума гаранг кардан!!! 7 сол пеш ба шири модару падару хамаи хешу табораш ба Худову Курон касам хурд ки дар 4 сол ман Точикистона аз бухрони иктисодиву энергетики мебарорам чи шуд ???? илтимос биен ба нагзи вазифахоро дар одамои бо имону милатдусту гамхори халк супорен кор кунанд..як чахон ташаккур барои хамика каданитон! акун вакти рафтани ба обу ру омад ..равед!!!

vatandust
rost hizbi nahzat nooromi mekhohad hama gaphoyashon fitnaangez ast baroi hamin muhtaram rais hushyor boshed inho tojikistona maidoni jang kardani dubora ba har gaphoeki ba mardumi tojik kabul nest jangdokhtani vaktar peshi rohasha gired ki der meshavad

Набера
Чаноби АфзалУфф! Касе чанг намехохад. Ормони ягонаи ин миллати мазлум ин аст, ки муйсафедон аз вазифа ба нафака раванду чавонон сари кор оянд. Оби тахорат вокеан хунук шуд, БОБО АФЗАЛ!

mahmad
Ин коммунисти зангзада Афзалов боз пайдо шудку мо безорем аз худатаму аз хамон кандидате ту тарафдораш хасти. Магар ин фасодкорию харомхури аз тарафи кадом хизб бошад дар тамоми сохахо чавононеки бо дипломхои сурх донишкадахоро тамом кардаанд дар дигар давлат хизмат карда истодаанд, Афзалов бошад пак пак мекунаду аз сулху салох мардумро метарсонад. О кадом АБЛАХ мехохад ки Ватанаш ноором бошад Афзалов? Бехтарин амнияти Точикистони азиз инаст ки ту ва он рохбаронеки давлатро дар давоми ин 20-сол инкадар фасодзадаю махалчудо кардааст рафта дам гиред чавонони болаекату забондону боакл ин миллату давлатро сохиби кунанд.

Бобои Афзалуф!Оромона,аспи раисиро камчин кунед."Пириву доги мири".Мириатонро давом додан гиред.Тамоми чавонони собик вилояти Кургонтеппа холо дар мухочиратанд.Шумо аслан аз мардуми хамин минтака дар ташвишед.Медонам.Бокии ин мардуми минтака аз сиёсат безоранд.Бахше аз чавонони имрузааш бенихоят бесаводанд.Сатхи саводнокии онхо баробар аст ба сатхи чавононе,ки солхои чилуму панчохум аз кухистони Каротегин онхоро барои обод кардани водии Вахш кучонда оварда буданд,баробар аст.Он солхо мардумро кучонида оварданду на мактаб буду на китобу дафтар,на духтуру табобатхона.Ин наклхоро ман даххо бор аз забони калонсолон шунида будам.Дигар акнун он афзаловхову мирзоалиевхову амиршоевхову рахмонову рахмоновахову достиевхои аз чихати "сиёси хушёру зирак"хо дар Точикистон намондааст.Агар не, ё мабодо шумохо барин шахсон,бараъкс дар кунче бефаъолият мешудед,танхо як бахона,мисолаш додани заминхо ба коргарони хитоиро дар худуди вилоят,бахонаи сиёси карда,ба ноороми даст мезадед.Хол он ки садхо камбудиву норасогихо ва беадолатихо дар Хатлон ба чашм мерасанд.Вазифахо аз шумо.минбархо аз шумо,хокими хам аз шумо,даврон додан гиред.Вазифахову масъулиятхоро оилавиву хешу табори кардед.Офарин!Лекин чи лозим ин кадар ташвишу тараддудхо дар гирди интихоботи президенти.Мардуми Точикистон агар сад дар сад ба Рахмон овоз надиханд,хам у президент интихоб мешавад.Инро хатто аз масофаи 11-хазор километр пай бурдан мумкин аст.Шумохо барин пирхои кордидаи часуру ботачрибаву хушёру зирак ва дорои тавоногии сиёси ин мухаррики интихоби президентро кайхо инчониб кашф кардаед.Метавонед,аз хамин руз кадах бардоред,раисбобо Афзалуф!Хобхои нек бинед!

hukumat va xalk boyad dar hakikat hushyor boshand..in noxalafho pulro az xojagonashon girifta rasxod kardan boyad korashonro anjom tiyand.yane jang nooromi bespredeli boevikho kamandirho duzdon boz tojikistonro ba 30 soli digar kafo barand.azob boz ba xalki bechora.

bas kuned in afsonaxoytonro amy bachaxoi vatan dust kuchodan baroredash

точик
Дар чаласахои Афзалуффф иштирок мекуни хамика гапхои пуч гап мезана ки сарата дард мегира ва онро боз аз болои когаз мехона.....эй Ватан,эй Ватан,эй Ватан,эй Ватан, дилам месузад бароят бо ин подабонхо....

хаточу
медонам, чоп намекунетон. Аммо мачлисхову сафсатагуйихои Афзалови пираки ба хамин гуна хабарнависии Озодагон, коил шавед, хеле баробар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)