Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

Ҳимояти Кабирӣ аз интихобот дар рӯзи Сарқонун ва интиқод аз фарҳанги сиёсӣ

30 август 2013, 09:34

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон имрӯз, 30-юми август дар ҷаласаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон баромад карда, пешниҳод барои баргузории интихобот дар рӯзи 6-уми ноябрро пуштибонӣ намуд.

Кабирӣ, ки роҳбари калонтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, бо таъкиди муҳиммияти интихобот изҳори боварӣ намуд, ки “Тоҷикистон таҷрибаи гузаронидани интихоботро дорад ва ман шакке надорам, ки он дар фазои озод баргузор хоҳад шуд.”

Аммо баробари ин Кабирӣ аз фарҳанги сиёсӣ ва риояи қонун дар гуфтугӯҳои байни гуруҳҳои сиёсӣ интиқод карда, афзуд, ки “ин сиёсат ба куҷо мебарад, гуфтан мушкил аст.”

Кабирӣ муҳим хонд, ки дар интихобот қонун риоя карда шавад: “Агар мо меъёрро риоя кунем интиқод намешавад. Имрӯз, ҳамкорони мо бештар аз раванди сулҳ зикр мекунанд. Назари ман ин аст, ки мо интихоботро бояд тавре гузаронем, ки фардо ба чашми якдигар нигоҳ карда тавонем. Кӯшиш кунем, ки тавассути шабакаҳои телевизион якдигарро танқид кунем, вале якдигаро таҳқир ва ё айбдор накунем.”

Кабирӣ бештар ба он таъкид намуд, ки тавассути расонаҳо аз як тараф зиёд душман натарошанд: “Ин Ватан моли ҳама аст, ҳама ҳақ доранд, дар ин ҷо зиндагӣ ва тиҷорат кунанд. Агар мо чунин зиндагӣ карда тавонем, касе моро ба низоъ кашида наметавонад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гарм

  • 30 август 2013 10:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ака мардуми Точикистон медонанд, ки бо ки пеш раванд! мо дигар чанг ва носуботиро хохон нестем!!! Мо ба дустони "ходжагони хориджи" ниёз надорем!!! Точикистон хамеша обод ва поянда бод!!!
Посух додан
  • salmon

  • 30 август 2013 11:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kabiri va hizbash dasti khorijiyon ast baroiki hej baroi suboti vatan kushish namekunad
Посух додан
  • Данғара

  • 30 август 2013 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гарм,
аввлвн акаи " фабрикаи ҷавоб" аз номи Ғарм комент намон ин тактикатон куҳна шуда аст сониян магар Русия(тфнкфву пушкаи Елсин) ва Узбакистон(Каримов - падари миллати тоҷик ва артиши он) хоҷагони хориҷӣ нестанд!?
Мардум дигар гусфанд наянд!
Посух додан
  • Интихобкунанда

  • 30 август 2013 11:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Гарм! Шумо ба ходжагони хориджии гуфтагиатон ниёз доред ва он хочагонатон бародари бузургатон ва дусти хамсоятон Узбакистон аст, ки шумо бе ичозати онхо оби дахонатонро курт карда наметавонед... ва ногуфта хам намонад ки президент шудани номзадатон хам ба хамин ходжагонатон рабт дорад ва калидаш дар дасти онхост. Бояд нафси нафисаатонро ба онхо бахшед, зеро ин фархнги сиёсиро худи хукумататон замина гузоштааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хочагони кабири барои мо шояд кумак кунанд на мисли хочагони шумо карз дода мардумро гулом кунанд? Вой бар сари карздор вой бар сари карздор................,$$$$$$$$$$$$$$
Посух додан
  • asad

  • 30 август 2013 12:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xoja kabiri faqat Xudo ast.
AY fabrikai javob!
Посух додан
  • Хуча

  • 30 август 2013 13:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хочахои хоричии ххдТ Русияву Узбакистон мебошанд, инро аз пири кузапушт, то кудаки гавхора медонад.
Хоча бигу, ки ман манам, ман на манам, на ман манам.
Посух додан
  • Умар

  • 30 август 2013 18:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародарон имруз бюджети мамлакат,умуман иктисодиёти ЧТ кисми зиёдаш ин маблагхои хоричианд,чи ика дод мезани гуё хукумати имруза аз хаво фаъолият мекунад,агар якруз аз хорич ба хукумати имруза маблаг надихад хамон руз муфлис мешавад,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин номзад дар интихоботи навбати Мухаддин Кабири мебошад. Ва у обруи ТОЧИКОН- ро бо донишу заковати баланд боло хохад бардошт.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!