Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:31

Лату кӯби довари бозӣ аз сӯи мухлисон

30 август 2013, 10:20

Дар ипадроми шаҳри Бишкек мухлисони бозии “Бузкашӣ” довари сабқатро барои “беадолатияш” шадидан лату куб карданд.

Ба навиштаи “kloop.kg”, мухлисон довари бозиро дар ҳоле мавриди зарбу шатм қарор додаанд, ки ӯ ҳангоми доварии сабқати тимҳои “Талас” ва “Кожомкул”-и Қирғизистон як голи дастаи аввалиро ба инобат нагирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама бозӣ баъд аз анҷоми муддати танаффус идома ёфта, он ба фоидаи дастаи “Кожомкул” бо ҳисоби 7:4 ба анҷом расид.

Ташкилкунандагони ин сабқат аз додани шарҳу тавзеҳот дар ин бора худдорӣ карда, айни ҳол дар бораи вазъи саломатии довар маълумоти дақиқ дастрас нест.


[center]Лату кӯби довари бозӣ аз сӯи мухлисон

Лату кӯби довари бозӣ аз сӯи мухлисон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Dev

  • 30 август 2013 23:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ohista-ohista kirgizhoi hamsoya ba davri ogoi Manas bargashta istodaand...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!