Бахшҳо

Убайдуллоев ба ҳимояти ТАЛКО алайҳи мақомоти узбак хест

Нилуфари КАРИМ

Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дар бастагӣ бо ҳалномаи сенати Узбакистон оид ба зарари Корхонаи алюминбарории Тоҷикистон қарори ҷавобӣ қабул намуд.

Қарори мазкур, ки 29-уми августи соли ҷорӣ дар ҷаласаи Маҷлиси миллии МО Тоҷикистон қабул гардид, иддаои Узбакистонро беасос хонд. Баробари ин вакилони тоҷик тасмим гирифтанд, оид ба пурра омӯхтани ҷанбаи экологии фаъолияти ТАЛКО як гурӯҳи кории дигар, ба шумули коршиносони байналмилалӣ ташкил шавад.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумитаи экологии парлумони Тоҷикистон, ки дар семинари байналмиллалии Узбакистон оид ба экология, дар рӯзҳои 20-21-уми август дар шаҳри Тошканд иштирок намудаст, гуфт, “дар семинари мазкур зиёда аз 15 коршиноси хориҷӣ иштирок намуданд. Ҳашт нафар аз эшон як рӯз пеш аз баргузории семинар ба маконе, ки ба қавли Узбакистон таъсири корхонаи ТАЛКО ба онҷо мерасад, сафарбар шуда буданд. Ба онҳо беморхонаи махсуси зарардидагони таъсири ТАЛКО, як хоҷагии деҳқонии Даштобод ва Комплекси чорводорӣ, ки гӯё ТАЛКО ба онҳо таъсири манфӣ дорад, нишон дода шуд”.

Аммо Маҳмадшариф Ҳақдодов таъкид намуд, ки намояндагони Тоҷикистонро мақомоти узбак ба ҷойҳое, ки дигар хориҷиёнро бурданд, роҳ надодаанд.

Семинари ташкилкардаи мақомоти узбак аз 4 бахш иборат будааст, ки ҳамаи бахшҳо оид ба таъсири ТАЛКО ҳам ба саломатии инсон ва муҳити зист, паст шудани ҳосилнокӣ ва беморие, ки дар минтақаи Сурхандарё ба қайд гирифта шудааст, бахшида шуда буд.

Ба гуфтаи Ҳақдодов, коршиносони хориҷии даъватшуда аксаран аз асли воқеа хабардор набуданд. Ба ҳамин хотир, ҷониби Тоҷикистон кӯшиш намудааст тасаввурот ва бовари онҳоро доир ба масъалаи гузошташуда, тағйир диҳад.”Агарчи мо дар рӯйхати баромадкунандагон набудем, аммо бо иштирок дар баҳсҳо тавонистем нуқтаи назари онҳоро дигар кунем ва асли воқеаро ба самъи ҷониби Узбакистон расонем”, - илова намуд Ҳақдодов.

Сироҷиддин Аслов,
намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ, ҳуҷҷати пешниҳоднамудаи сенати Узбакистонро аз аввал то ба охир пур аз хато хонда, афзуд, ки ҳамаи нуктаҳои овардаи он бофтаҳои хаёлӣ буда, ягон таҳқиқи аниқ дида намешавад. Ӯ аз ҳуқуқшиносони ватанӣ хоҳиш намуд рӯи он кор баранд: “Худи ҳуҷҷат аз вожаҳои “таъсири садамавӣ” оғоз мешавад, ки дар ҳуҷҷатгузории байналмиллалӣ дар сурати садамаҳои бузург, ба монанди садамаи Чернобил ва таъсироти манфии минбаъдаи он истифода мешавад. Ин як хатогие, ки ҷониби Узбакистон диққат надодааст.”

“Мо ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ ва СММ-ро дастрас намудем, ки дар он омадааст, вилояти Сурхандарё оид ба ҳамаи нишондодҳои сиҳатии омма дар Узбакистон ҷои аввалро мегирад”-афзуд, Сироҷҷиддин Аслов.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии МО Тоҷикистон низ бо таъкид безарарии "ТАЛКО" далел овард, ки аз рӯи нишондодҳои Тоҷикистон аз ҳама минтақаи серҳосил, ки бозорҳои кишвар аз маҳсулоти он бой аст, ноҳияи Турсунзода мебошад.

Маҳмадшариф Ҳақдодов дар кори ҷаласа зикр намуд, ки дар Узбакистон соли 2008 “Ҳаракати экологии Узбакистон” таъсис ёфта, ба масъалаҳои экологӣ вобаста бо фаъолияти ТАЛКО шуруъ шудааст: “Кор аз ҳамин сар мешавад, ки дар минтақаи Сурхандарё зиёда аз 750 имзои сокинони минтақа ҷамъоварӣ шуда ва муроҷиат ба СММ равона карда мешавад. Баъди ин муроҷиат Ҳаракати экологии Узбакистон ба палатаи поёнии парлумони кишвар муроҷиат мекунад ва палатаи поёнӣ қарори мавриди баҳсро қабул мекунад. Дар асоси ин қарор бо муроҷиати спикери палатаи қонунгузории Оли маҷлиси Узбакистон ба раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шокирҷон Зуҳуров мактуб ирсол мегардад, ки аз зарароварии ТАЛКО суҳбат мекунад”.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)