Бахшҳо
30 авг 2013 12:19Тоҷикистон / Сиёсат

Шубҳаи Шабдолов аз шаффофияти интихбот ва ҳушдор аз пайомади фишор болои мухолифин

Раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон мегӯяд, бо он низоме, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, баргузории интихоботи шаффофу демократии президентӣ аз эҳтимол дур мебошад.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми август, дар ҳошияи ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, “аслан шаффофият дар ҳеч кишвари дунё ҷой надорад, чӣ расад дар низоми Тоҷикистон. Сад дар сад шаффоф баргузор гардидани интихобот маънои онро дорад, ки ҳизби ҳоким бояд омода бошад, то қудратро ба аҳзоби мухолиф биспорад. Аммо дар ҳеч кишвари ҷаҳон ҳизби ҳокиме ба ин амал розӣ нест. Ҳамин мегӯям, ки низоми сад сад сад шаффофи интихобот дар Амрико, Фаронса ва Англия вуҷуд надорад, на танҳо дар Тоҷикистон».

Дар робита ба афзоиши фишорҳо ба аҳзоби сиёсии мухолиф ва барномаҳои зидди наҳзатӣ дар телевизионҳои давлатӣ, раҳбари комунистҳои Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар бояд тавре роҳандозӣ карда шаванд, ки ҳеч ҳизбе болои худ фишор эҳсос накунад: «Ба назари ман ҳар фишоре аксуламал дорад. Дар як хонавода агар ба фарзанди хона фишороварӣ шавад, ҳатман ӯ ҳам садои худро мебарорад ва то ҷойе ба дашном низ мегузарад».
Мӯҳр
Комунист
Хамин хизби КОМУНИСТ ба ки лозим ба дарди ягон нафар даъвое нест чойгири зиёди ва як дарди сари аст ва касе аз шумо хам дастгири надорад шумо рафик Шабдолов як кори хайр кунед нарафтаву наму-а хамин хизбатонро бархам дихеду аз паи намозу зикри Худованд шавед.

одина
Гап дар ки лозим будан нест. Сад дар сад хизбхо буданаш лозим. Дар давлати мо дигар хизбхоро гап зани намемонанд. Пешравии давлат аз хаминхо мешавад. афсус дигар хизбхои мо садо бароварда наметавонанд.

Точик
Чаноби Шабдолов барои он ки Президент хафа нашавад мегуяд ки хатто дар Америка, Англия ва Фаронса интихобот сад дар сад шаффоф нест. Агар шаффоф намешуд чаро Президентхояшион ва сарвазирашон аз тарики интихобот иваз мешаванд. Е намояндаи хизби хоким дар интихобот шикаст мехурад?? Хар хизбе ки ба чуз се хизби киссаги ки хукумат худаш ташкил кардааст дар Точикистон аъзо ва тарафдор дорад ва бояд озодона фаъолият намояд. Ба шумо чаноби "коммунмст" агар маъкул набошанд аъзо нашавед. Ба чои дигарон сухан нагуед. Лозим хаст лозим нест аъзоени хар хизб худашон мукаррар мекунанд на шумо. Аслан гуфтахое ба мисли фалон хизб барои Точикистон чи кор кард? Чи фоида овард? Суханхои ахмакона ва бесаводона аст. Хар хизб хамон вакт барои кишвар коре мекунад ки аз тарики интихоботи озод ба кудрат расида барномаи пеш аз интихоботии худро амали намояд.

точики дигар
Точик бародар чаро чаро карда бисёр худата доно нагир. Шабдолов рост мегуяд. Агар донистан хохи ба саволхои ман чавоб дех!
Чаро дар Амрико- модари демократия факат ду хизб хамдигарро иваз мекунад ва дигар хизбхо вориди ракобат намешаванд?
Чаро дар Хитой факат коммунистон хукумронанд? ё дигар хизб надорад Хитой?
Бародар китоб хондан лозим ва ба бозии амрикову аврупо фирефта нашав!
Хизбхои Амрико харду акаву додар барин як бор ака мархамат як бор уко мархамат. Фиреби мардум аммо сиёсат хамоно як.Барои хамин доим пеш меравад.
Дар мо чи агар ин хел иваз карда истем сиёсат монанди мор хазида меравад ин тарафу он тараф.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)