Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:49

Ҳалокати се нафар бар асари садамаи нақлиётӣ

25 июл 2011, 11:48

Садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Истаравшан ду кушта ба ҷой гузошт.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Қудратулло Шоев, як масъули раёсати БДА иттилоъ дод.Бино ба қавли ӯ, шоми дирӯз автамашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Абдурашид Сатторови 41-сола, аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе Хуҷанд -Чанак» дар километри 239-уми ҷамоати «Коммунизм» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Дурдона Рустамоваи 7- соларо зер мекунад, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад, инчунин мусофири автомашинаи мазкур Гулбаҳор Ахмедова низ бар асари ин садама ҷони худро аз даст медиҳад.         

Ба ҳамин монанд соати 19:30 дақиқаи 24-уми июл дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон автамашинаи «Опел-Вектра», ки таҳти идораи Сироҷиддин Сафаров қарор дошт, зимни ҳаракат дар рустои Чашмасор суръати ҳаракатро баланд намуда, идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, дучархарони ноболиғ Парвизи Абдувалиро, ки ҳамагӣ 9 -сол дошт пахш мекунад, ки дар натиҷа ноболиғ захм бардошта, ҳангоми ба касалхона интиқол додан ба ҳалокат расидааст.      {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!