Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:39

«Милан» аз «Ювентус» бозигари тими миллии Италияро харид

30 август 2013, 14:55

Алессандро Матри, бозигари тими миллии Италия ва ҳамлагари клуби “Ювентус” ба ҳайати бошгоҳи футболи “Милан” пайваст.

Расонаҳои ғарбӣ ҳаҷми ин трансферро 11 миллион евро нишон додаанд, ки “Милан” бояд давоми чор соли оянда пардохт кунад. Ба иттилои торнамои Football-Italia.net “Милан” аз пеш мехост Матриро даъват намояд, аммо танҳо баъди ба сабқати гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфтан ба трансфер розӣ шуд. Ёдовар мешавем, дар чорумин даври интихобӣ «Милан» бар ПСВ-и Ҳолланд дастболо гардид.

Карераи Матри аз «Милан» оғоз шудааст, аммо натавонист дар ҳайати асосӣ мавқеъ пайдо кунад. Соли 2007 миланиҳо ӯро ба «Каляри» фурухтанд ва баъди чор сол ба «Ювентус» гузашт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!