Бахшҳо
30 авг 2013 18:00Тоҷикистон / Сиёсат

Салимзода дар бораи барномаҳои телевизионӣ алайҳи ҲНИТ

Олим Салимзода, раиси кумитаи парлумони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотӣ ба суоли “Озодагон”, дар мавриди афзоиши пахши барномаҳои телевизионӣ алайҳи ҲНИТ гуфт, ин назари шаҳрвандон аст.

Салимзода 30-юми август, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, «оне, ки бархе аз шаҳрвандон дар бораи ҳизбҳо назари худашонро мегӯянду, аз он хориҷ мешаванд, ин кори шахсии онҳо ҳаст. Дуруст ё нодуруст будани ин амалро ман қазоват карда наметавонам, ин ба салоҳияти ман нест».

Салимзода афзуд, ки баъзе аз нерӯҳои сиёсӣ дар кишвар маъракаи омодагӣ ба интихоботи президентиро каме зудтар шуруъ кардаанд, вале расман ин маърака ҳамакнун шуруъ гардид. Ӯ муътақид ҳаст, ки интихобот моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон шаффоф ва тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ баргузор хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо руҳониён дар рӯзи 4-уми июли соли равон, пахши барномаҳо алайҳи ҲНИТ дар телевизионҳои давлатӣ афзоиш ёфт. Дар ин робита Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ба Кумитаи радио ва ТВ-и Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфт, агар мақсад аз ин барномаҳо таъмини гуногунандешӣ бошад, телевизионҳо барои ҲНИТ низ минбар диҳанд, то мавқеашонро иброз доранд. Аммо Кумитаи телевизион дар посух ба Кабирӣ роҳандозии маъракаи махсус алайҳи ҲНИТ-ро рад карда, изҳор дошт, ки дар барномаҳои телевизион назари шаҳрвандон дар бораи ҲНИТ пахш мешавад ва телевизионҳо уҳдадор нестанд, барои радди ҳар назари шаҳрвандон ба ҷониби дигар минбар ироа кунанд.
Мӯҳр
Носир.
Албата инро инхо намебинанд.

Sado
Pas charo nazari digar sharvandonro paxsh namekunand? Masalan nazari maro?

Бани Одам
Х,укумат кай боз назари шах,рвандонро дар ТВТ нишон медодаги шудаст!

Камолиддин
хай ай дур гап мезанем тамом, Рузе мешавад нолаи дахонатро хакки фарзандонатро мегиранд. Давлат давлати поррахури шидестай. 80 фоиз коркунон барои пора ва кисаш кор мекунанд дар давлат. мисол: 1-ум дар Барки точик. фасодзадатарин. Боз тв изо нокашида танкида гирифтай.

САбур
Хамин ТВ агар аз нахзатихо бошад, на ба демократ сухан медиханду на ба сотсиалисту коммунист. Ин ТВ аз хукумат аст барои тинчиву оромии чомеа хатман барномахоро танзим мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)