Бахшҳо

Паёми “шогирдона”-е ба домулло Ҳикматулло

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Вақтҳои ахир мардуми кишвар тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо бештар мавзӯъҳои мазҳабиро ба баррасӣ мегиранд. Новобаста ба он ки таълимоти динӣ гирифтаанд ё на, аз донишҳои исломиву дунявӣ бохабаранд ё хайр атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезанад, баҳс мекунад, назару андеша пешниҳод менамоянд. Эҳсос мешавад, ки бештари онҳо аз таърихи ҷараёну ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ чизе намедонанд. Онҳо ҳатто боре таҳлилу баррасӣ накардаанд, ки ҳизби исломӣ яъне чӣ? Оё Ислом бо давлату иқтисод ё ҷомеаи иҷтимоӣ сару кор мегирад ё на? Мусалмонҳо тули таърих чӣ давлатдорие доштанд ва дар кадом шакл? Қуръону ҳадис, фиқу мазҳаб, мантиқу калом, иҷтиҳоду фатвои олимони Ислом дар ин маврид чист? Як мусалмон дар шароити феълӣ зиндагиву муомилаи хонаводагӣ ва ширкат дар сиёсату идораи давлатро чӣ гуна бояд амалӣ намояд? Хуллас, ин саволҳоеанд, ки дар мулоқоту баҳсҳо аслан пурсида намешавад ва ҳеҷ мусалмону мусалмонзодае ба он кор надорад.

Ахиран имомхатибону домулоҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳар суҳбат аз бардоштани калимаи ноби Ислом аз Ҳизби наҳзат сухан меронанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳизб аз номи Ислом манфиатҳои худро пиёда мекунад. Ба ин нукта ҳам зиёд ишора мешавад, ки Ислом ба ҳизб ниёз надошта ва ҳатто нафаре гуфт, ки “паёмбар билети ҳизбӣ надошт”.
Ин ҳама раду бадалҳо гирди номи Ҳизби наҳзат бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад ва гумон аст, суръати он ба ин наздикиҳо коҳиш ёбад.

Ман аъзои ҳеч ҳизбе нестам, ба вижа ҲНИТ. Аммо як чиз бароям норушан аст, ки чаро имому имомчаҳо, ки вазифаи аслияшон даъвати мардум ба Исломи ноб аст, аз ин калима дар ҳизб хушашон намеояд? Чаро имрӯз дар ҷомеае, ки 99 дар сади он мусалмон асту дар кишвари дунявӣ ба сар мебаранд доштани ҳизби исломӣ лозим набудааст? Аҷобат ин аст, ки чаро онҳо танҳо имсол ва дар арафаи интихоботи президентӣ ин пешниҳодҳоро мекунанд. ҲНИТ, ки имсол таъсис наёфтааст. Чаро онҳо чанд соли қабл нагуфтанд, ки бояд калимаи ноби Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Аҷаб мусалмониву аҷаб диндорӣ!

Бо навиштани ин матлаб намехоҳам вориди идеологиясозии носолим, ки охиран ҷомеаи моро ба як бунбаст ва номуаянӣ мебарад, шавам. Аммо вақте андешаи Домулло Ҳикматулло, яке аз руҳониёни шинохтаи кишвар тариқи матбуот расонаӣ шуд, дар тааҷуб афтодам. Суолҳои зиёде зеҳнамро машғул кард. Ҳамчун як фарди мусалмон натавонистам ин андешаҳоро нодида бигирам. Дар навбати худ чанд назару суоле ҳам дорам, ки мехоҳам пешниҳоди домуллои “муҳтарам” гардонам. Домулло зимни маъракаи хайрияве 17-уми август дар ноҳияи Рашт эълон кардааст, ки калимаи «Ислом» аз номи ҳизби наҳзат гирифта шавад. Ҷои тааҷуб аст, ки як фарди «саропо» исломӣ аз будани номи Ислом дар ҳизбе нигарон асту пешниҳоди бардоштани онро дорад.

Домуллои «азиз» ману Шумо ва 99 дар сад мардуми мусалмон дар кишвари дунявӣ зиндагӣ дорем. Дар ин кишвар Ҳизби халқии демократии, Ҳизби комунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демокартӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва ғайра фаъолият доранд, чаро мо бояд як ҳизби исломӣ надошта бошем? Шумо аз номи Ислом ё ҳизби исломӣ чӣ бадие дидаед? Оё Қуръону ҳадис фиқу иҷтиҳод мухолифи ҳизб аст? Оё Худованди бузург дар Қуръони азимушшан дар бораи ҳизб чизе нагуфтааст? Мешавад, ки тамоми он ояҳоеро, ки дар бораи ҳизби Худо дар онҳо сухан меравад аз Қуръон бардошт? Оё мешавад тамоми давлатдории Пайёмбари бузурги Ислом (с), хулафои рошиддин, саҳобагон ва онҳоеро, ки то асри бист ва имрӯз давлатдории исломӣ доштанду доранд нодида гирифт ё инкор кард?

Ҷаноби домулло Ҳикматулло! Ману Шумо нағз медонем, ки Ислом танҳо ришу саллаву ҷелак ё дуохониву худоихурӣ нест. Ислом низом, иқтисод, иҷтимоъ, ахлоқу маънавиёт ва сиёсату давлат дошту дорад ва ин роҳашро бидуни ману Шумо идома хоҳад дод. Шумо инро ҳам нағз медонед, ки замоне аз ҳамаи ин пурсида мешавем. Ҳамон паёмбаре, ки имрӯз Шумо аз номи шарифаш мардумро даъват мекунед, замоне барои умматонаш муборизаи сиёсӣ ва ҳақталошӣ карда буд. Чӣ гуна мешавад тамоми муборизаҳоеро, ки тули таърих уммати Ислом барои бунёди давлати исломӣ кашиданд имрӯз нодида гирифт ва инкор кард?

“Муҳтарам” домулло! Агар намедонед, пас бидонед, ки имрӯз дигар замони муборизаҳои шамшеру силоҳ нест. Ҳоло танҳо бо доштани ҳизбу созмонҳои исломӣ мешавад аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кард. Ислом ҳеч гоҳ мухолифи ҳизб ё бисёрҳизбӣ нест. Дуруст аст, ки Ислом ҳамчун дини илоҳӣ ва комилу ҳақ ниёзе ба ҳизб надорад, аммо мусалмонҳо сад дар сад ба як ҳизби исломӣ ниёзманданд. Имрӯз хатибу домуллоҳо бо як овоз “Ислом ҳизб надорад” мегӯянд. Кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо рӯзе мазҳаб лозим нест намегӯянд? Билохира замоне Исломро дини арабу аҷнабӣ намехонанд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон лозим нест? Домуллои «мӯҳтарам», он рӯз, кӣ ин ҳама масъулиятро бар душ мегирад?

Агар ин ҳама сару садоҳо маъракаҳои зидди ҲНИТ, хонаводаи Тураҷонзодаҳо ё чанд рушанфикру шахсиятҳо бошад, бояд бидонем, ки онҳо баъди созишномаи сулҳ канори мо оромона зиндагӣ доштаанд. На ҲНИТ ва на Тураҷонзодаҳо пас аз истиқрори сулҳ барои ноором сохтани кишвар коре накардаанд. Гуруҳу ҳаракатҳо таъсис надодаанд ва амали ғайриқонуние анҷом надодаанд. Баръакс, ҳамеша аз ҳақ ва ҳуқуқи мусалмонҳо ва ҳамватанонашон бо риояи қонун дифоъ мекунанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро Шумо домуллои «муҳтарам» ва ҳамсафонатон имрӯз алайҳи ин ҳизб баромад доред? Чӣ боис гашта, ки бо исрор талаб намоед, то калимаи Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Агар ин ҳама ба хотири нуфуз ва обрӯи рӯзафзуни ин ҳизб миёни мардум бошад, пас гуноҳи азим аст, ки мусалмон обрӯи мусалмони дигаро нахоҳад ва ба хотири кадом як манфиати шахсӣ номи Исломро зери суол барад.

Домуллои «муҳтарам», имрӯз гуруҳе аз мусалмонҳо бо ташкили ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ мехоҳанд тамоми муомилот, кору фаъолиятро тибқи фармудаи Худову паёмбарашон ба роҳ монанд. Онҳо мехоҳанд зану духтарашон бо риояи ҳиҷоби шаръӣ таълим гиранду кору зиндагӣ намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон то синни ҳаждаҳ низ тавонанд озодона вориди масҷид шаванду илми Қуръон биомӯзанд. Онҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо ҳақиру нотавон набошанд. Онҳо шикасту бечорагӣ ва нодории мардуми мусалмонро намехоҳанд. Бо ташкил кардани ҳизби исломӣ мехоҳанд бо риояи қавонини кишвар роҳашонро пеш баранд.

Агар ба ману Шумо домуллои «муҳтарам» ин ҳама писанд нест ҳамчун «мусалмон» набояд бигӯем, ки Ислом ҳизб надорад ё номи Исломро бардоред. Зеро ин гуна фатво дар ҷомеа метавонад фитнаро ба вуҷуд биорад, ҷомеаро ноором созад. Чаро ки ин гуна фатво хилофи Қуръону суннат ва иҷмоъи уммат буда, ҳеч гуна асоси исломӣ надорад. Дар мавриди ҳама гуфтаҳоям инҷо далелҳо фаровонанд (ояву ҳадису фатвои мазҳаби ҳанафӣ), аммо нахостам он ҳама ояту ҳадисро инҷо биёрам, чаро ки шумо домуло муйҳоятонро дар ин роҳ сафед карда ва аз ман беҳтар медонед.

Дар охир мехоҳам ба Шумо як паёмаки «шогирдона» бифиристам.
“Муҳтарам” домулло Ҳикматулло! Биёед ману Шумо агар мусалмонем аз исломгаро будан ифтихор дошта бошем. Ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ бароямон ифтихор бошад на нафратовар. Аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кунем. Агар ману Шумо узви ин ҳизб нестем ва дар сиёсати исломӣ хидмате ба ҷомеаҳои исломӣ карда наметавонем, пас сади роҳи дигарон, ки қалби огоҳу ақидаи солим доранд, нашавем.

Биёед бародари мусалмонамонро бо чашми ҳирс ва нафрат нигоҳ накунем. Биёед ба мардум исломбезориро номӯзем. Биёед пешрафт ва обрӯи ҳамдигарро таҳаммул карданро ёд бигирем. Биёед фаризаҳои исломиро риоя кунем. Биёед сабаби фитнаву тафриқа миёни мусалмонҳо нагардем. Биёед аз итоати махлуқ даст кашему холиқи ягонаро итоат кунем!

Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо Далер ШАРИПОВ

Мӯҳр
маруф
Т бо домулора дарс мети. Чени т намедонан ак. Ози проверкат кнем .....

Розик
Саломат боши Далер Шарипов бисёр оли ахсан

Мусалмон
Рафик Далер Шарипов ин акидахоятон хама пучанд, хизб ин хамаашон максади ба даст овардани хокимият аст. У вактое,ки шамшеру найза мегуфтед бародари азиз дар он давра чохилият буд навистану хонданро на хама метавонистанд. Барои мусалмон будан шарт нест узви ягон хизб будан. Ин хизби гуфтаи шумо максадашон мардумро даъват кардан нест бародари азиз мо Худоро шукр хамаги кариб мусалмон хастем, максади инхо гасб кардани давлат мебошад.

О бародар хамин кадом хизбе ки сиёси бошад максади он хизб албата хукумату хукуматдори хаст. Ин акидаи шумо пуч аст,ки намехохед дар хукумат дигаргуни шавад. Дар тамоми дунё хизбхои голиб хукумат ташкил менамоянд. Пас чаро аз ХНИТ мехаросед?

хакгу
дар хакикат суханони хакро гуфтед Далер Шарипови азиз...

muhojir
salomat boshi barodar hizb maksadash ba vazifa rasidan va hama vakt hamin kushishro dorad va kardaast dar hizb yagon sohib ilm namebini hamaash mansab mekhohand ba tarik kuvatu zuri va islomro dar jang mebinan hamash besavodanfahmishe islomi nadoran hatoki az amrhoi ilohi nafrat mekunan

Як саволи ба кулли хизб дустрон гунохи бандаро Худованд мебахшад ё ХНИТ? Маргу зиндаги бадасти хизб аст ё Худованд? Чарои Хизби Чахоркитобу , Хафтияк накушодед! Хизби исломи кушодед. О Худованд дар сураи Ихлос фармудааст. ки Бигу! Уст Худои якто ( на хизбхо ки имрузхо шумо даъво доред..................

Мухтарам Далер Шарифов шумо гуфтед, ки эълон кардааст калимаи кардааст аз кард медони, кичи кадар тафовут дорад ва ман бовар намекунам, ки домуллои мухтарам чунин гуфта бошад ва гумони ман бар ин аст, ки ин тухмате аст аз номи домулло дар хакки ХНИТ, ки чунин тухматхо бисёр буданд.
Ва агар масалаи садака ва худои ва панчшанбегиро президент маън кардани шуда буд ва тамоми домуллохои Точикистон президентро тарафдори карда буданд, ки худои ва панчшанбеги дар ислом нест ва фоидае надорад ва ин панчшанбегию худои як сарфу харчи зиёдати мебошанд ва дар кори президент ва ва мукобили тамоми домуллохои Точикистон хамин акаи домулло Хукматулло баромаду халос, ки худои хам дуруст аст папанчшанбеги хам, ва бояд касе, ки шароит дошта бошад худои ва панчшанбеги кунад....

мухаммад
ассаломуалайкум бародари мусалмон вокеан аз ин насихати бародарона ва дилсузонаат ташаккур мекунам вокеан лаззат бурдам худе ё хамаи мора хидоят бифармо амин

Шогирд
Мухтарам Рустам Рустамов, дуруст мегуед, Домулло Хикматулло аз панчшанбегиву чилу хафт дифоъ кард, на барои он, ки Ислом инро гуфтааст, балки зиндагиаш аз руйи хамин хафту чил мебошад. Мукобили бастани масчиду манъи хичоб ва манъи чавонон ба масчид сухбат накард, харчанд ин аз талаботи ислом мебошаданд. Зеро, у ва мисли у барин домуллохо ба масчиду хичобу таълими исломи коре надоранд, барои онхо хафту чил мухимтар аст. Хукумсат хама чизро манъ кунаду дастархони онхоро набандад, онхо таърифу тавсифро идома хоханд дод. Ду тараф якдигарро хуб фахмидаанд ва хуб хамкори мекунанд . Ё назари шумо дигар аст?

Салим
Хондам, хамин гуна бардоште аз ин матлаб бардоштам ки гунчишкбача очаашро чик -чик ед додаистодааст.

Точик
Хадафи Нахзат даъват ва тиблиги ислом нест балки аз тарики фаъолиятхои сиеси тагир додани ваъзияти мавчуда хаст ки озодихои дини ва сиесии шахрвандони Точикистонро дар катори дигар камбудихои иктисоди, ичтимои махдуд кардааст. Масалан хукумат то 18 соларо аз масчид манъ кардааст, Ислом бошад талаб мекунад ки аз хафтсолаги наврасон ба намоз чалб карда шаванд, баъди 10 солаги агар фарзанд намоз нахонад, падар е модар вазифадоранд фарзандро зарб намуда ба намоз хондан мачбур кунанд. Ва намоз аслан бояд дар масчид бо чамоа хонда шавад. Ин аст талаби Ислом. Е дар масъалаи хичоб. Хукумат ичозат намедихад то духтархо ва хохарони мо дар мактабу донишгох ва хатто корхона ва идорахои давлати бо риояи хичоб ки фарзи Илохи аст бираванд. Е ки таълими Куръон ва дигар маълумоти дини, конунгузории ин хукумат онро манъ кардааст. Бо кадом рох мешавад ин хама мониъахоро аз байн бурд? Магар ба чуз муборизаи сиеси аз тарики хизби сиеси рохи дигаре вучуд дорад? Агар дошта бошад касоне ки зидди Нахзат хастеду ва боз худро мусулмон хисоб мекунед бо мо бигед ки хамон рох кадом аст??? Хулоса хизби исломи барои хифзи манфаатхои мусулмонхо даркор аст на Ислом. Мо мусулмонхо эхтиеч ба хизби исломи дорем то ки бо рохи сиеси дар доираи конун фаъолият намуда боварии мардумро сохиб шуда дар парлумон аксарият шуда ин конунхои зидди исломи ва зидди манофеъи миллиро тагир дихем. Хукумат ташкил карда аз хукукхои сиеси, дини, иктисоди ва ичтимоии мардум химоя кунем.

Хизби ХНИТ зарур ва хатмис барои Точикистон бародар боз як бор домуло Хукматуллох гуфтанд ?. Мархамат дар Турция рохбарони Хукуматашон аз партияи Исломи чи давлати пешравта ва бой аст. Кудрати неки надори бади макун. Ахсан Далер боз далертар бош! Бародарон ва хохарони азизи Точики ман фарзандонро хохонед дар кучо набошед.

Шогирд,
Албатта назари ман дигараст тамоми муллохову домуллохои Точикистон маън кардани худоиву панчшанбегиро намехостанд ва чун ин фармоиш аз чониби президент, ки буд хамчун хушомадгу ва хотирбини президентро тарафдори карданд ва ин корхои мухимро маън карданд барои оне, ки на илми кифоя доштанд ва на далели шаръи ва ягона хамин домулло буд, ки, зид баромад ва на хотири президентро дид ва на хушомадгуи кард барои оне, ки далели шаръи дошт ва хотири шариатро пос дошт.
Ман на тарафдори ХНИТ хастам ва на аз дигар хизбхо ва мухтарам шогирди азизу мехрубон хеч гох аз руи касду газаб ъолимонро сарзаниш накун махсус хамин хазратро, ки пушаймон мешави шахсе, ки тамоми хастиашро дар рохи Хак бахшидааст нигахбони у Худост ва Худованд хеч гох намегузорад, ки бандааш тахти фишори дигарон карор гирад...

Шогирд,
Ман як саргузашти солхои 1991-92-ро ба хотир меоварам, ки ташкилкунандаи хамин хизби ХНИТ мухтарам Саид Абдуллохи Нури вакте, ки тарафдор дошт ва бо кози домулло як чо буданд ва дар майдони шахидон мубориза мебурданду халкро бо амри маъруфхо даъват мекарданд ана хамин домуллоро рафта аз нохияи Точикобод оварданд, ки тарафдориамон кунад вале домуллои азизу мехрубон тарафдориашон накард медони барои чи???.. Барои оне, ки аввалан медонист, ки дар ислом мазхабу равияхои бисёр вучуд дорад, ки мо точикон дар мазхаби имоми Аъзам хастему мухтарам Саид Абдуллохи Нури дар равияи вахобия буданд (мебахши, ки чунин навиштам инро хама медонанд ва аз шогирдони хамин шахс махсус ман худам шунидаам, ки мо вахобием мегуфтанд), барои хамин домулло Хикматулло онхоро яъне ХНИТ- ро тарафдори накард ва байнашон то хол низоъу бехурмати вучуд дорад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)