Бахшҳо
31 авг 2013 09:20Тоҷикистон / Тема дня

Амрико пойгоҳи ҳарбияшро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон мекучонад?

Бархе расонаҳо бо такя ба мусоҳибаи Ҷон Миллард, қумондони пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Қирғизистон ба шабакаи телевизионии Pentagon Channel-и Амрико навиштанд, ки ИМА баъди хатми қарордод бо “Манас”-и Қирғизистон пойгоҳи ҳарбияшро ба дигар кишвари Осиёи Марказӣ мекучонад. Коршиносон ҳадс задаанд, ки эҳтимол Амрико Актау ё Шимкенти Қазоқистон, Тирмизи Узбакистон ва ё Кӯлоби Тоҷикистонро мавриди назар дорад. Дар робита “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: Эҳтимоли мустақар шудани пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?


Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

Сухан сари он меравад, ки вақте низомиёни як кишвар дар давлати дигар мустақар мешаванд, дар ин маврид дар сатҳи ҳукуматҳо бояд қарордод ё созишнома барои ҷойгир кардани низомиён баррасӣ гардида бошад. Агар ҳукумат иҷозаи ба таври мувақатӣ, доимӣ ё як муҳлати муаяйн ҷойгир кардани низомиёни як кишварро дода бошад, баъд ин масъала бар ӯҳдаи Вазорати мудофиа гузошта мешавад. Дар ҳоли ҳозир ҳеч қарордод, созишнома ё худ пешбинии нақшаву чорабинӣ ҳам оид ба ҷойгир кардани низомиёни Амрико ба мо нарасидааст.

Комёб Ҷалилов, масъули маркази тадқиқоти стратегӣ

Амрико дар Тоҷикистон ҳаргиз базаи ҳарбии худро ҷойгир намекунад. Ин сабаби зиёд дорад. Аммо эҳтимоли таъсиси як базаи кумакрасон ба низомиёни амрикоӣ дар Душанбе вуҷуд дорад. Вале вақте пойгоҳи низомӣ мегуем, ин хел шароитро Тоҷикитсон надорад. Нахуст ин ки дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия мустақар аст. Ҳатто дар сурати берун рафтани низомиёни рус, Амрико имкони истифода аз он маконро надорад. Аз тарафи дигар ягона ҷойе, ки дар Тоҷикистон Амрико метавонад базаи ҳарбии худро ҷойгир кунад, ин аэродроми Айнӣ мебошад, ки як масъалаи баҳсноки кишвар аст. Бинобар ин пешбинӣ кардани таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон ғайриимкон аст. Мо чунин шароитро надорем. Аз аҳтимол дур нест, ки яке аз аэродромҳои Узбакистон барои ин кор мавриди истифода қарор бигирад.

Султони Ҳамад, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Дар ҳақиқат овозаҳо дар бораи баъди аз майдони ҳавоии “Манас”-и Қирғизистон хориҷ шудани низомиҳои Амрико дар ӯзбакистон ва ё Тоҷикистон мустақар шудани онҳо ахиран дар фазои иттилооти кишвари мо ва минтақа ҳарчи бештар доман паҳн карда истодааст. Вале банда бар ин назарам, ки аввалан аз “Манас” хориҷ шудани Амрикоиҳо корест ҳанӯз ҳалношуда. Амрикоиҳо ҷои гармкардаашонро то ба ҳол дар ягон гӯшаи дунё ба осонӣ тарк накардаанд. Аз тарафи дигар фикр намекунам, ки дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон чунин масъалае, аз қабили ҷойгиркунонии низомиёни амрикоӣ баъди тарки “Манас” дар кишвар матраҳ бошад. Зеро фикр мекунам мантиқан ҳама дарк мекунанд, ки дар кишваре, ки аллакай пойгоҳи низомии як давлати абарқудрат вуҷуд дорад, ҷойгир кунондани ҳарбиёни дигар кишвари абарқудрат корест хатарнок ва басе мушкилзо.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)