Бахшҳо
25 июл 2011 12:11Хабарҳои ҷаҳон

Боздошти ёрдамчии эҳтимолии террористи норвегӣ дар Лаҳистон

Дар Лаҳистон ёрдамчии эҳтимолии террористи норвежӣ- Андерс Беринг Брейвикро дастгир кардаанд.


Расонаҳои хабарӣ менависанд, бо ин иттиҳом сокини шаҳри Вротслав боздошт шудааст, ки молики онлайн-фурӯшгоҳ оид ба маводи кимиёвӣ дониста мешавад. Шахсияти ӯро алъон ошкор накардаанд. Танҳо  ҳамин қадар гуфта мешавад, ки номбурда бо фурӯши маводи кимиёвӣ шабакаи бузургеро дар мамолики Скандинавия, аз ҷумла Норвегия ба роҳ мондааст. Муфаттишон муътақиданд, Брейвик маҳз аз ин нафар маводи зарурӣ барои тайёр намудани маводи мунфаҷира, ки баъдан аз тариқи он дар шаҳри Осло таркиш анҷом шуд, дарёфт кардааст.   

Ёдовар мешавем, амали террористӣ дар Норвегия 22 июл ба вуқӯъ пайваст.   Андерс Брейвик дар шаҳри Осло бомбро ба ҳаракат даровард ва баъдан бо либоси пулис ҷониби мардуми дар лагери ҳизби коргарии Норвегия ҷамъшуда тир холӣ кард. Дар натиҷаи ин ду амал дасти кам 97 кас кушта шудаанд.
Андерс Беринг Брейвик баъди боздошт гуфтааст, «Амалӣ кардани ин террор даҳшат буд, аммо зарурат дошт». Зимни бозпурсии пулис Брейвик гуфтааст, ки ҳадафи аслияш қатли нахуствазири собиқи Норвегия, хонум Гру Харл Брунтланн, ки «модари миллат»-аш меноманд, будааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)