Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:17

Лағви як иттилоъи пахшшуда аз сӯи масъулини додситонии Вротслав

25 июл 2011, 12:54

Додситонии шаҳри Вротслав хабари боздошти  як нафарро бо иттиҳоми кӯмак ба террористи норвежӣ рад кардааст.


Дар ин бора шабакаи телевизионии TVN 24-и Лаҳистон хабар медиҳад. Қаблан, сомонаи Лента.ру бо такя ба радиои RMF FM навишта буд, ки дар шаҳри Вротслав молики ширкатеро дастгир кардаанд, ки ба фурӯши маводи кимиёвӣ машғул будааст. Тахмин зада мешуд, ки террористи норвежӣ барои тайёр кардани маводи мунфаҷира маводи кимиёвиро аз ҳамин нафар харидааст.

Ба иттилои шабакаи TVN 24: "Прократураи Вротслав хабари дар пайи амалиёт боздошт шудани кадом як нафар ва бо кадом як айбе муттаҳам шудани ӯро расман рад мекунад".
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи ҷумъа Норвегия шоҳиди ду амали террористӣ шуд. Нахуст, бинои парлумон, дар маркази шаҳри Ослоро таркиши шадиде такон дод. Баъди чанд соат марде бо либоси пулис дар ҷазираи Утёйя ҷониби мардум тир кушод. Бо иттиҳоми даст доштан дар тирпарронӣ ва куштори одамон пулис Андерс Брейвики 32-соларо боздошт кард. Баъдан эълом шуд, ки таркиш дар Осло низ кори дасти ҳамин нафар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари Reuters тибқи қарори додгоҳ баррасии парвандаи Брейвик пушти дарҳои баста сурат мегирад. «Баррасии бози қазия метавонад вазъи сангинеро вобаста ба таҳқиқи парванда ва амнияти он ба миён биёрад»,- навиштааст, Associated Press бо такя ба қарори суд.
Худи Брейвик қаблан тақозо намуда буд, ки баррасии парванда озод сурат бигирад.

Парвандаи бозшуда нисбат ба Андерс Брейвик ба фаъолияти террористӣ марбут аст. Дар сурати гунаҳкор шумурдани ӯ ҳукми баландтарини ҷазо 21 соли маҳрумият аз озодист. Суд метавонад, дар ҳар панҷ сол мӯҳлати ҷазоро тамдид кунад, агар хулоса намояд, ки маҳбус дар ин муддат ислоҳ нашудааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!