Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:52

Душанбе гузаргоҳҳои бастаи марзиро бо Афғонистон боз мекунад

2 сентябр 2013, 10:03

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти санитарӣ – эпидемиологии Тоҷикистон, мегӯяд, сар аз имрӯз 2- юми сентябр, се гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дарвоз, Хоруғ ва Ишкошим дубора кушода хоҳанд шуд.

Ҷаъфаров дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” афзуд, феълан мо ба Хоруғ барои кушодани ин сарҳадҳо сафар дорем: “Тибқи иттилое, ки мо дорем хатари гузаштани бемории вабо аз Афғонистон ба Тоҷикистон бартараф шуд. Вазъи беморон дар Афғонистон мутаъдил аст. Ба ҳамин хотир се гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон кушода мешаванд. Мо пайваста рафти ҳодисаҳоро пайгирӣ мекунем.”

Се гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дарвоз, Хоруғ ва Ишкошим аз 18-уми август бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва мусоидати мақомоти қудратӣ баста шуда, мақсади он ҷилавгирӣ аз интиқоли бемории вабо ба Тоҷикистон арзёбӣ шуд. Аммо ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, Душанбе бо масдуд намудани бархе аз гузаргоҳҳои марзии худ бо Афғонистон аз ҳад зиёд эҳтиёткорӣ мекунад.

Расонаҳои афғонӣ аз қавли Абдулмаъруф Росеҳ, намояндаи расмии ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон иттилоъ додаанд, ки ҳукумати ин вилоят бо ҳамдастӣ бо созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ тавонистааст, садди роҳи паҳншавии вабо шавад ва ин беморӣ ягон таҳдиде ба Тоҷикистон надорад.

Ба гуфтаи Росеҳ, дар давоми ду рӯзи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба ин навъи беморӣ дар қаламрави Вилояти Бадахшон ба қайд гирифта нашудааст. Аз онҳое ҳам, ки қаблан ба ин беморӣ мубтало шудаанд, то ҳол касе вафот накардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!