Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:36

Раҳмон дар мавриди даъвати наваскарон фармон баровард

2 сентябр 2013, 10:21

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди даъвати тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳарбӣ фармон баровардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, хизматчиёне, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода шаванд ва шаҳрвандони соли таваллудашон 1986-1995 ба хидмат даъват гарданд.

Тибқи фармони президент, “моҳҳои октябр-ноябри соли 2013 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват карда шаванд."

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухочир

  • 2 сентябр 2013 11:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бачах,о облава сар мешава
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кадом табибе, ки дар ин маъракаи мухим пул мегирад, номи у то абад ХИЁНАТКОРИ ВАТН мемонад. фаромуш насозед мухофизони ватанро.
Посух додан
  • Призивник

  • 2 сентябр 2013 12:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тфууууууууууу ......б...д..облаваи камбагалхо сар шуд.............. angry
Посух додан
  • Сар шуд

  • 2 сентябр 2013 13:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оббо! Гурезо-гурез сар шуд. Ин дафъа дар кучо пинхон мешуда бошем?
Посух додан
  • Факир

  • 2 сентябр 2013 16:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар аввал фарзандони мансабдоронро даъват кунанд, хифзи ватанро мардуми камбагал мекунаду, кайфу сафоро фарзандони мансабдорону рохбарон.
Посух додан
  • ОБЛАВАБЕК

  • 2 сентябр 2013 20:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БИГЗОР АВВАЛ ХУКУМАТ БА АСКАРОН МУЗА ХАРАД,БАЪД ДАЪВАТ КУНАД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!