Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:52

Президент тамоми бойгарии худро эълон кард

2 сентябр 2013, 12:44

Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, тамоми бойгарии ӯ 10 миллион доллар арзиш дорад.

Ба иттилои расонаи “kaztag.kz”, Атамбоев гуфтааст, ӯ ин 10 миллион долларро ҳар сол дар декларатсия менависад ва ягон амволи манқулу ғайриманқул надорад. Раисиҷумҳури Қирғизистон таъкид кардааст, ки дар хориҷ аз Қирғизистон низ ягон ширкате марбут ба ӯ нест.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расонаҳои хабарӣ Алмосбек Атамбоев дар даврони ҳукумати Аскар Акаев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон дар Туркия фаъолият намуда, ширкатеро дар ихтиёр дорад. Вале Атамбоев мегӯяд, дар ҳақиқат ман ҳангоми ҳузур доштанам дар Туркия ширкати муштаракеро таъсис дода будам, аммо он кайҳо баста шудааст ва ман ҳеч гуна моликияти кишварро ба онҷо набурдаам.

Атамбоев иқрор намудааст, ки дар гузашта чандин осоишгоҳҳо ва заводи “Автомаш” дар ихтиёраш буд. Аммо баъдан дар замони ҳукумати Курманбек Бақиев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон гирифта шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • soib

  • 2 сентябр 2013 14:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дороии президенти мо чанд миллиард бошад?

Дороии президенти мо чанд миллиард бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз президенти худатон ба камияш 15 милярд доллар.
Посух додан
  • Намоз

  • 2 сентябр 2013 17:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дороии Президенти мо худи шумо ва саломатии халки Точикистон
Посух додан
  • Хуршед

  • 2 сентябр 2013 22:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Призиденти ЧТ аз хама призидентхои ОМ бойтарин аст
Посух додан
  • камбизоат

  • 3 сентябр 2013 09:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Намешуд, ки Президентхо маблагхои худашонро барои пешравии кишвар ва мардумашон сарф мекарданд? Охир хеч нафаре боигариашро бо худ набурдааст-ку?
Посух додан
  • Мардбача

  • 3 сентябр 2013 15:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маблагхои чамъкардаи президенти Точикистон ва мансабдорон ,моли халоли мардум мебошанд ва иншааллох ба мардуми точик хохад баргашт.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!