Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:19

Ҷанги равонии Ғарб алайҳи артиши Сурия

2 сентябр 2013, 15:58

Муҳаммад Маҳдии Тақавӣ

Талошҳои густурдаи Амрико, Англия, Фаронса ва Исроил бо ҳамроҳии Туркия, Арабистон ва Қатар барои сарнагунии ҳукумати Асад, роҳ ба ҷое набурд, аз ин ру душманони Сурия ба шеваи дуруғини истифодаи артиши ин кишвар аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ руй овардаанд.

Сурия ҳамвора ба далели ҳимоят аз ормони Фаластин ва ҷунбишҳои муқовимат, дар феҳрести душманони Амрико қарор дошта аст. Зимомдорони Кохи Сафед дар даҳаи ахир аз ҳамон манзаре ба Сурия нигаристанд, ки ба Эрон нигоҳ мекунанд.

Таъриф ва тавсифи онҳо аз мавқеияти Сурия бар ин поя устувор аст , ки Димишқ бузургтарин ва нерумандтарин пуштвонаи муқовимат пас аз Эрон аст ва ба ҳамин далел низ Ҷорҷ Буш, раиси собиқи Амрико, Сурияро яке аз ҳадафҳои хасмонаи худ, бо номи меҳвари шарорат қарор дод ва бисёре аз таҳримҳои муқаррарӣ шуда алайҳи Эронро дарбораи Димишқ низ баён кард.

Ҷойгузини ба зоҳир сулҳталаби Буш, Барак Обама низ ба ҳамин сабаб дар 30 моҳи ахири Сурияро даргири набарде нобаробар карда ва ҳоло ҳам барои таҳоҷуми низомӣ ба Сурия барои сарнагунии низоми қудратманди Асад, ҷанги равонии силоҳҳои куштори ҷамъиро намоиш медиҳад.

Талошҳои густурдаи Амрико Англия, Фаронса ва Исроил бо ҳамроҳии Туркия, Арабистон ва Қатар барои сарнагунии ҳукумати Башор Асад, роҳ ба ҷое набурд ва ин ҳама хароҷоти моллӣ, сиёсӣ ва низомӣ дар 2,5 соли гузашта, боиси барафтодани давлати Сурия нашуд. Ин дар ҳоле буд, ки ҳукумати 30 солаи Муборак дар 17 рӯз ва режими диктатории бин Алӣ дар камтар аз як моҳ фуру пошид, вале нақши эҷоди буҳрони маснуъӣ дар Сурия, гарчи ба талафоти болои ҷонӣ ва молӣ дар ин кишвар мунҷар шуд, вале Асад ҳамчунон побарҷост.

Ҳокимони сарсупурдаи саҳюнистҳо дар Кохи Сафед, ки аз фиристодани террористҳо ба Сурия ҳам дареғ намекунанд ва онҳоро мағлуби диловарҳои артиши неруманд ва мардумии Сурия диданд, имрӯз дар садади иҷрои сенорияе ҳатсанд, ки дар Ироқ муваффақиятомез буд; вуҷуди силоҳҳои куштори ҷамъӣ!

Онҳо барои инки ин мавзуъро барои афкори умумии дунё қобили бовар созанд иқдом ба навиштан филмномае ба гумони худ дақиқ кардаанд ва бо ҷанги равонӣ ва расонаӣ мехоҳанд илқо кунанд, артиши Сурия алайҳи ғайри низомиён аз силоҳи химиёӣ истифода карда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷурми аслӣ ва воқеии Асад як чиз аст; идомаи равобити Димишқ бо Эрон ва ҷунбишҳои инқилобии Ҳизбуллоҳи Лубнон.

Намуди ин ҷурмро метавон дар мавзеъгирии Обама алайҳи Сурия ва изҳороти Ҷон Кари, раиси дастгоҳи дипломатии Амрико дар сафарҳои ҳафтагиаш ба ғарби Осиё, ба вижа онгоҳ, ки ба Риёз, Анкара ва Телавив меравад, мушоҳида кард.
Вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар ҳар сафари худ ба минтақа, парвандае аз итиҳомҳои ҷадид алайҳи Димишқро мегушояд ва ҳар бор ба навъе суриҳоро дар мавқеи итиҳоме ҷадид қарор медиҳад.

Амрико пинҳон намекунад дар вазъи феълие, ки артиши Сурия дар ҳоли поксозии хоки ин кишвар аз террористҳои чандмиллиятӣ аст ва табъан пирузии комили Асад, бар қудрати вай ба таври аҷибе изофа мекунад, нигарони афзоиши вазни сиёсии Сурия дар минтақа, ба вижа ду ҳавзаи Лубнон ва Ироқ аст. Ба ҳамин далел таҳлилгарон бовар доранд давлати Обама таҳдид ба таҳоҷуми мустақими низомӣ ба Сурияро ба сурати ҳисоб шуда анҷом дода аст.

Аз ҷумла адҳофи сиёсии гуногун, ки мавҷи таҳдидоти ахири Кохи Сафед алайҳи Сурия метавонад дар бар дошта бошад, пешгири аз қудрат гирифтани Сурия дар минтақа аст ва ин, ки Амрико эҳсос мекунад дар равобити минтақаӣ дар пайи пирузии Асдад бар террористҳои мусаллаҳ, муваффақияти ояндаи онҳо, ва ба вижа режими ишғолгари саҳюнистиро душвор мекунанд.

Аз суи дигар, аз нигоҳи Теҳрон, Маскав, Бағдод ва Пекин ба унвони ҳомиёни ҳукумати Асад, пинҳон нест, ки давлатҳои рақиби Асад ин бор ба самти шакл гирифтани ҷабҳаи низоъи ҷадид дар ҷанбаҳои густарда, хабар доштаанд ва мавҷи таблиғотии рӯзҳои ахир перомуни таслиҳоти химиёии Сурия ва иттиҳоми дуруғини истифодаи артиши Сурия аз силоҳи химиёӣ, муқаддимае барои як юриши низомӣ аст.

Пеш аз ин Ҷумҳурии исломии Эрон ҷабҳаи мухолифат бо мудохилаи низомии бозигарони хориҷӣ дар Сурияро шуда буд, аммо дар ин марҳила ба назар мерасад русҳо ба унвони дусти дерини Димишқ ҳамчун эрониҳо нигарони авоқиби як ҷанги густарда ва вайронгар дар Сурия ҳастанд ва аз ин руст, ки дар сададанд ҳар чи зудтар иҷлоси Женева 2 ро баргузор кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Амин

  • 3 сентябр 2013 07:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон дастонатро ба хуни кудакон олуда накун. Ин башори бадбахт ин кадар хуне ки рехт бояд ба дор овехта шавад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!