Бахшҳо

Роҳбарияти “7 Бурҷ” иддао дорад, ки "пирамида" насохтаанд

Роҳбарияти ширкати “7 Бурҷ”, ки ахиран фаъолияташ дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст, бо пахши як иттилоия “пирамида” будани ин корхонаро рад намуда, фаъолияташро ҳам барои давлат ва ҳам барои шаҳрвандон муфид хонд.

Дар иттилоия, ки роҳбарияти ин ширкат дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, паҳлӯҳои мусбати фаъолияти корхона зикр шуда, ваҷҳҳое оварда шудаанд, ки гӯиё ин ширкат "пирамида" нест. Дар иттилоия аз ҷумла омадааст: Ширкати “7 Бурҷ” аз таърихи 25.01.2011 расман кор ва фаъолият менамояд ва мақсади фаъолияти он, додани маълумот доир ба тиҷорати шабакавии худ, пешниҳод намудани хизматрасониҳои талаби замон - қувваҳои кории бекорхобидаро ба кор ҷалб кардан ва таъмин намудани мардум бо ҷойҳои корӣ ва ба ин восита сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии зисту зиндагонии мардуми тоҷикро баланд бардоштан, баланд бардоштани сатҳи дониши мардум оиди омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) ва курсҳои компютерӣ ба тариқи ройгон ва курсҳои ронандагӣ ба тариқи 50 фисад маблағгузорӣ мебошад, ки ҳамаи ин талаби замон аст ва на ҳама мардуми тоҷику тоҷикистониён метавонанд фарзандони худро бо забонҳои талаби замон хононанд. Инчунин, дар оянда ширкат, боз ҷорӣ намудани омӯзиши якчанд забонҳои хориҷии дигар ва касбҳоро дар нақша дорад.
Дар муддати фаъолияти дувунимсолаи худ ширкат тавонист ҳазорон одамонро бо ҷойи кор таъмин намояд (то имрӯз шумораи муштариёни ширкат ба панҷуним ҳазор нафар расидааст). Дуввум ин, ки ҳар як муштарии ба ширкат воридшуда дар муддатҳои муайян аз даромадҳои худ ба буҷаи давлат андозҳо месупорад.

Саввум ин, ки ҳамаи кормандони воридгардида аз кори ширкат розӣ ва қонеъ ҳастанд. Чаҳорум ин, ки ширкат ҳаққи касеро нахӯрдааст, балки дар чорчӯбаи талаботи қонунҳои ҷорӣ кор ва фаъолият карда, ба тамоми муштариёни худ манфиат оварда истодааст. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки таи ду солу ҳафт моҳи фаъолияти ширкат аз ҷониби муштариён ба мақомотҳои дахлдор аризаи шикоятӣ пешниҳод нагардидааст.

Дар асри ХХI дар саросари ҷаҳон зиёда аз 9000 ширкатҳои шабакавӣ фаъолият доранд. Аз он ҷумла 9-10 сол мешавад, ки дар Тоҷикистони мо низ чунин ширкатҳои шабакавӣ бо муввафақият кору фаъолият намуда, барои паст намудани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ мусоидат карда истодаанд.

Ширкат дар тӯли кори дуввунимсолаи худ қариб ба дуввуним ҳазор одамон омӯзишҳои компютерӣ, забони англисӣ, русӣ ва ронандагиро додааст. Ширкат дар тӯли мавҷудияти худ зиёда аз 700 000 сомонӣ (700 ҳазор сомонӣ) ба буҷаи ҷумҳурӣ андоз супоридааст.

Соли гузашта, 2012, аз ҷониби Прокуратураи шаҳрӣ фаъолияти ширкат пурра санҷида шуда буд. Дар натиҷаи санҷиш, Суди шаҳрии иқтисодӣ қарор қабул кард, ки дар фаъолияти ширкати “7 Бурҷ” ягон нуқсон дида намешавад ва ширкат метавонад, ки фаъолияти худро давом диҳад.

Ширкат дар асоси қонунгузории Тоҷикистон кору фаъолият мекунад. Вақте, ки аз тарафи бонк омада кори моро санҷида баромаданд, далел (факт) аз рӯи маълумоти онҳо ин буд ки гӯиё мо бо асъори хориҷӣ кор мекунем. Чун ширкат бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад, бе чуну чаро муомилот бо асъори хориҷӣ сурат бигирад, ки ҷои баҳс надорад. Барои бастани ширкати “7Бурҷ” ин асос шуда наметавонад. Санҷишҳое ки дар рафти фаъолияти ширкатҳо гузаронида мешаванд, ба кору фаъолияти ширкат набояд халал расонанд. Аммо дар вақти санҷиши ширкати “7Бурҷ” аз тарафи мақомотҳои санҷишӣ, санҷиш пурра ба итмом нарасида фаъолияти ширкат боздошта шуд. Магар бастани ширкат ба касе лозим буд? Магар ин қонуншиканӣ аз тарафи мақомоти санҷишӣ нест ё худ бастани фаъолияти ин ширкат ба кадом арзише набошад ба касе лозим аст. Дар ин ҳолат ягон даъвогар ҳуқуқ надорад, ки фаъолияти ширкатро манъ намояд. Танҳо Суд ба тариқи судӣ ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти ширкатро боздошт намояд.

Роҳбарияти “7 бурҷ” дар иттилоияи пахшкардаи худ чанд далелро пеш меорад, ки ин ширкат пирамида нест ва фиреби мизоҷон равона нашудааст:

1)Ширкатҳои пирамидавӣ дар ягон мамлакат, қонунӣ ба расмият дароварда намешаванд.
Ширкати “7 бурҷ”аз 25 январи соли 2011,расман таҳти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,фаъолият менамояд.
2)Ширкатҳои пирамидавӣ дар ягон мамлакат, дафтари расми (офис)надоранд,фақат бо як сомона (сайт)кор мекунанд.
Ширкати “7 бурҷ”дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтарҳои расмӣ (офисҳо)дорад.
3)Фаъолияти ширкатҳои пирамидавӣ аз якуним сол зиёд давомнокӣ надоранд.
Ширкати “7 бурҷ” 2 солу 7 моҳ шуд,ки фаъолият дорад ва дар ҳоли васеъшавӣ дар ҳамаи ноҳияҳои кишвари азизамон аст.
4)Дар ширкатҳои пирамидавӣ гардиши мол бо маҳсулот, истеҳсолот ва хизматрасониҳо вуҷуд надорад
Дар ширкати “7 бурҷ” чанд намуд хизматрасониҳо вуҷуд дорад,инчунин ширкат бо ширкатҳои мамлакатҳои Аврупо (Олмон ва Чехия), ҳамкорӣ дорад ва маҳсулотҳои талаботи халқро бо стандартҳои аврупоӣ, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар дигар мамлакатҳо,ба фурӯш мондааст.
5)Дар ширкатҳои пирамидавӣ, ба муштариёнаш оиди дар кадом самти тиҷорат истифода бурдани маблағҳо ягон ҳисобот дода намешавад.
Дар ширкати “7 бурҷ” аз рӯзи аввали таъсисёбӣ, пешакӣ дар чаласаҳо муштариёнашро бо плани тиҷоратӣ ба ҳар як номгӯи маҳсулот ё ягон тиҷорат шинос менамояд.
6) Ширкатҳои пирамидавӣ фақат бо пули электоронӣ фаъолият мекунанд, ки дар мавриди вориди шахсони нав шудан, пулҳояшон нақд мегардад.
Дар ширкати “7 бурҷ” ҳама муштариён корти бонкӣ доранд ва озодона метавонанд пулҳои электронии худро ба бонк интиқол намоянд.
7)Дар Ширкатҳои пирамидавӣ ягон шартнома байни муштарӣ ва ширкат ба имзо намерасад.
Дар ширкати “7 бурҷ” бо ҳар як муштарӣ, шартномаи дутарафа ба имзо мерасад.
8)Дар Ширкатҳои пирамидавӣ ба маблағҳои муштариён кафолат дода намешавад.
Ширкати “7 бурҷ” бошад баҳар як маблағи аслии муштарӣ, бо маҳсулот додани маблағро кафолат додааст.
9)Фоидадиҳии ширкатҳои пирамидавӣ на кам аз 300%-и солонаро ташкил медиҳад (дар як моҳ на кам аз 20-25%)
Дар ширкати “7 бурҷ” аз 36% то 45% -и солонаро ташкил медиҳад,ки кафолати он бидуни фоида,яъне барои асли пул,ва он ҳам на бо пули нақдӣ,балки бо маҳсулот дода мешавад.
10)Дар ширкатхои пирамидавӣ ҷаласаҳои омӯзишӣ бо муштариён, оиди тиҷорати шабакавӣ гузаронида намешаванд.
Дар ширкати “7 бурҷ” ҳар ҳафта ҷаласаҳо оиди кори ширкат,пешравии ширкатва муваффақиятҳои муштариён гузаронида мешавад.
11)Дар ширкатҳои пирамидавӣ, дар мавриди муфлисшавӣ ё бастани ширкат,маблағҳои муштариён баргардонида намешаванд.
Дар ширкати “7 бурҷ” дар ин ҳолатҳо, тамоми асли маблағҳои муштариён бо маҳсулоти талаботи мардум,баргардонида мешаванд.
Дар хулоса, факат намуди тиҷорати шабакавии ширкати “7 бурҷ” аз рӯи маркетинги ҷаҳонӣ ба шакли пирамидавӣ (аз боло ба поёнро)нишон медиҳад, ки чунин шакли аз боло ба поёнро, қариб ҳамаи сохторҳои тиҷорати (заводу фабрика, корхонаҳо ва ғ.) доранд, ки ин асоси Пирамидаи молиявӣ будани Ширкати“7 бурҷ”-ро исбот карда наметавонад.

Роҳбарияти “7 бурҷ” пешниҳод дорад, ки "барои санҷиши ҳаматарафаи кори ин ширкат комиссияи махсус ташкил карда шавад, ки пас аз омӯзиши ҳаматарафаи фаъолияти ширкат ба хулоса ва натиҷае бирасанд." Ба гуфтаи роҳбарияти ширкат монеа эҷод намудану садд гузаштанҳо боиси дилсардии соҳибкорону тоҷирон ва муштариёне мегардад, ки аллаккай самараи меҳнати худро чашидаанду соҳиби ҷойи кор ва даромади бонизом гардидаанд: “Бори дигар аз мақомоти дахлдор хоҳиш ба амал оварда мешавад, ки ҳарчӣ зудтар “мӯйро аз хамир ҷудо намуда”, барои фаъолияти минбаъдаи ширкат заминаи мусоид фароҳам оранд.”

Ин дар ҳолест, ки ба ин ширкат шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағи 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар ворид мегарданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб месозанд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоранд.

Мақомоти тоҷик аз он нигаронанд, ки фаъолияти ин ширкат ба фиреби муштариён равона шудааст ва талаб дорад, ки роҳбарият маблағҳои гирифтаи шаҳрвандонро бозпас диҳад.
Мӯҳр
п
Инро лохотрон мегуянд. Пули яктоашро гирифта ба дигараш хамчун фоида медиханд. Окибаташ хамин аст, ки сардорони ширкат кочмаган номард гуфта халтаи пулро гирифта мегурезанду муштариёнаш банкрот шуда рую муй канда мегарданд.

Ман шахсан ба ин компания боварӣ надорам. Мардумфиребӣ аст. Маро чанд маротиба ба он ҷо даъват карданд. Лекин баъди шунидам фаҳмидам, ки мисли Quest.netст аст ва пули мардумро гирифта ваъдаҳои хушку холӣ медиҳанд. Хуб мешуд, ки ҳамин компанияҳои фиребкунандаро банданд. Зеро сари мардумро гаранг карда, мегӯянд, ки бояд шахсони наздикатро даъват кунӣ ва дар натиҷа дар охир бо шахсони наздикат муфлис мешавӣ.

РОСТ
БАРОДАРОН ДАР ХАКИКАТ РОСТ ГАП ЗАДЕД

Салохиддин
Агар хазор далелхам ки биёри аз ин кори шумо кисми зиёди одамон зарар мегиранд. Махсулоте ки ба чои маблаги мизочон дода мешавад арзиши хело киммат доранд. Якбор ходисаи солхои пеш шуда бизнеси "Мухра" ро ба ёд биёред чи кадар одамон бе хонаю чи кадари дигарашон то хол карздоранд. Ин гуна корхо бояд дигар такрор нашавад. Холо ки аввали кор аст ва дер нашудаст давлат ва органхои дахлдор пеши рохи ин корро бояд бигиранд. Нагузоранд мардуми беинхам камбизоати мо зарар дида бозхам нодортар шаванд.

Мавзуна фикру акидаи ту барин бесаводхое ки ба гайр аз чаккафурушиву пиёзу гашничфуруши,дигар ягон тичораро намефахманд,бастан даркор.Аввал худатро ба ойна нигар,ба худ савол дех,ки аз тичоратхои асри 21 ки дар тамоми дунё кор мекунад ва миллионхо одамон зиндагиашонро хуб кардаанд ва ба давлату ин гуна ширкатхо хам фоида расидааст,чиро медони?ин миллионхо беакл будаанду ,ту чаккафуруш боакл.

Ба мардуми чабрида тасаллияти бузурги худро расонидани
ва ба мардум токати чамил хохонам ва дар охир гуфтаниам ки умедро канда аз пайи кори дигар шавен
Худи муаллим ба макблаги 1500 доллар чабр дидааст алвидооо

Чавоб ба Сафои провакатор......Ту байни одамон фитна наандоз.аз дасти ту барин ашхосон дунё вайрон шудаги.Чизеро ки намедони гап назан.Ман сад дар сад бо шартномахои ин ширкатро хондаам.Ягон кас насухтааст ва намесузад дар ин ширкат.Бо махсулот кафолат додааст.Дар мачлисхо иштирок кардам,ширкат мегуяд мархамат касе хохад омада ба чои пулаш махсулотхояшро гирад.Ширкат аз пеши худ фаъолияташро маън накардааст.Ин ба касе даркор шудааст, аз макомотхои бонкхо, ки худашон кор карда наметавонанд,ва намемонанд ки дигарон пешрафт шаванд.Магар ин гуна мисолхои аз байн бурдани ширкатхои пешрафта каманд дар Точикистон??

Мани чаккафуруш аз ту барин тоҷири асри 21 хубтар медонам. Ман 3 сол пеш ба яке аз компанияҳои хориҷии Quest.net бо маблағи калон даромадам. Маро ваъдаҳои бисёр доданд. Лекин пулҳоям ба яғмо рафт. Ин ҳам яке аз ҳамон компанияҳое мебошад, ки раиси он намояндаи компанияи Quest.net дар Тоҷикистон аст ва мисли ҳамон компания ваъдаҳои хушку холӣ медиҳанд, ки дар муддати кутоҳ пули бисёр ба даст меорӣ, аммо дар асл чизе ба даст оварда наметавонӣ. Барои ҳамин лофи беҳуда назан, тоҷири асри 21.

о
Сафар ва Рустам (аклакхо)

Кани як фахмонед ба мардум фоидаи хамин Бурч аз хисоби чист? Бизнеси мукаррари аз банк кредит гирифта онро гардиш медихад е ягон чиз истехсол мекунад ва фоида мегирад. Чаро Бурч клиентхоро мачбур мекунад ки боз 9 нафари дигарро оварда аъзо кунанд? Инро пирамида мегуянд. Ах хисоби аъзохои нав ба клиентхояш фоиз мепардозад. Хамин ки шахсони нав дигар аъзо нашаванд фоида тамом мешавад ва пирамида банкрот мешавад. Инро кудаки мактабхон хам мефахмад. Барои хамин мардумро бо бизнеси асри 21 фиреб накунед. Ин мошенникии мукаррари аст ва чои Бурч турма аст.

Ки ба ту гуфт ки 9 нафар оварданро 7 Бурч мачбур мекунад?Аввал дар борааш дурустар маълумот гир баъд бахс кун.Аз дасти одамоне ки маълумот надоранд аз бораи ширкат,то хамин дарача расид....бахили,гайбаткуни,пропоганда бурдан,Айб аст.айб.Аввал фахм ки ширкат чи кадар фоида медихад,умуман агар ин кадар боаклу доно боши,рафта аз офис аз хамаи хуччатгузориву тарзи кори он шинос шав,ва дар охир диди ки кори ширкат нодуруст аст,баъд навиштан гир чизе ки мехохи.Ба чунин одамони мисли ту,фахмондану, хазорхо далелу исбот овардан,фоида надорад.Канди сафеда сиёх мегуеду,негра сафед.

Дар Квеснет ба ту нагуфтаанд,ки агар тавони кор карда,сабру токат дошта боши дар ин тичорат,дуруст кор куни,хатман мераси ба он гуфтахои Квеснет.Лекин шумо барин шахсон мехоханд ки бе мехнату захмат ба он ваъдахои Квеснет дар муддати кутох бирасед.НАМЕШАВАД ИН ХЕЛ.Камтар дидед ки кор мушкил аст,партофта мераведу айби номуффакиятии худро дар Квеснет бор мекунед.Магар дар дигар тичоратхои хариду фуруш хама пулдори калон шудаанд?НЕ...касе ки сабру токату,азобу машаккат кашидаанд,хамонхо мешаванд.Дар ин тичоратхо хам хамин хел АПА.

п
Рустам

Кадом тичорат дорад Бурч? Туро ухдадор мекунанд, ки аъзои нав биер, хамин хел нест? Кани боз мепурсам фахмон ба мардум аз кучо аст даромади Бурч?

эркин
агар сардорони ширкати 7 бурч гами мардуми одиро хуранд бояд ягон фабрика ва ё завод созанд набарот барои ба кор даъват шудан аввал пул мепурсанду баъд ба кор даъват мекунанд агар мардум пул надошта бошад ба кор кабул намекунед ку

чавоб ба П....,-Ки ва кадом фитнагар ба ту гуфт ки 7 бурч одамонро МАЧБУР мекунад,ки ягон касро биёранд?Овардани ягон кас ба ширкат мачбури нест.агар калимаи МАРКЕТИНГ (БОЗОРЁБИ)ро дони,чунин аст,ки хар кас агар хохад (БОЗ ХАМ ТАКРОР МЕКУНАМ КИ -АГАР ХОХАД) ягон касро ба ин бизнес даъват кунад,ва ба он шахси даъватшуда маъкул шаваду бо ширкат хамкори кунад,аз хисоби даромадаш аз шахси хамрохшуда ширкат ба шумо мукофотпули медихад.Мисол магазини ВОЛНА омади ягон телевизор ё ягон чиз хариди,диди ки эълон кардаанд ки касе ягон харидор биёрад,фалон сум мукофот!!!!чи акнун магазини ВОЛНА ро ба мухрабизнес баробар кунему лохотрон эълон кунем?Дар ширкати 7 бурч шахси бо 130 доллар аъзошуда ба ивази пулаш хизматрасонихои зиёд мегирад ва дар мавриди ягон касро наоварданаш хеч зараре хам намебинад.Агар ягон касро биёрад бо 130 доллар аз ин 10 доллар мукофот мегирад.Магар ин мардумфиреби аст?Магар ин лохотрон аст?...ё мухра аст?наход ки аклатон то ин дарача расида бошад.Дар дигар тичоратхо фарз кардем аз бонк карз гирифтию тичорат карди,махсулотро меори,мефуруши,пули банкро медихи,андозро месупори,баъд бокимондааш фоидаи ту.(ин хам агар омад кунад бизнесат)Хам ту фоида карди ва хам бонк.Дар 7 бурч бошад одамоне ки пул доранду саводу махорати бизнесро намедонанд,ба ширкат медиханд.Ширкат тичорат карда дар муддати 2 сол пули онхоро 2 баробар карда медихад.Хам ширкат фоида ба даст овард хам муштариёнаш.Ширкат ба муштариёнаш дар шартнома кафолати аслии маблагхояшонро БО МАХСУЛОТ додааст на бо пули накд.Мархамат ин мачбури нест.Ба муштариёнаш ширкат мегуяд ки бовар надори ?пулатро дар бонк мон.ин ширкат бонк нест ки ба ту пули накд ваъда дихад.Агар монди ва ба шартнома имзо монди,яъне ки рози хасти,ки дар холатхои пеш нарафтану муфлис шудани ширкат,ба чои асли пулат махсулот гири.Имруз ки на бо айби худи ширкат,балки аз тарафи макомотхо тафтишот рафта истодааст.ва он БОЗДОШТА шудааст на КАЪТ карда шудааст, шумо баринхо бо пропогандаву ташвикоту тухматхо ширкатро сиёх карда истодаед.Кани нишон дех ки ки то имруз зарар дидааст?Кани нишон дех ки киро ширкат то имруз фиреб кардааст?ё нишон дех нафареро ки аз ширкат ба чои пулаш,аз руи шартнома имруз махсулот талаб кардаасту ,ширкат надодааст?Чизеро ки намедонед,худнишондехиву фитнаандози байни мардум накунед.Муштариёни ширкати 7 бурч!!! хеч гох ба сафсатахои чунин игвогарону провакаторхо дода нашавед.Худо ба ин гуна шахсон инсоф дихад.Омин.

Ба тамоми шахсони ки дар ин ширкат сухтанд аз тахти дил хохонам ки аз пай як фаъолияти аник шаванд, ба Директори ширкати 7бурч савол додани хастам ки оиди ин кадар суханхои гуфтаи у дар мавриди афшорние зона кайд кардаги нест. худашро хукукшинос медонад оиди рафтори амали худ ки таъсиси Квестнет буда бояд додан ки чунин амалхои онхо агар ба фоидаи мардум набошад, ин амалиётхои ки у кайд кардаги хаст комилан гайри конуни ва гайри маъкул буда, ин гуфтахояшро фикр мекунад ки мардум бовари мекунад лекин инро намедонад ки мардум хом нест. Боз ба он шахсони ки дар ин ширкат маблаггузори кардаанд муботики хамон шартномашон талаб, кунанд ва дар поёни хамон шартномахои ки кайд кардаги хаст нишонаи афшорный зона хаст барои хамин кам лапша вешит кунед дар куши мардуми бечора!!!!!!!!!!!!!!!

Ма куш шудам лекин 140 $ пуламба сухтам ... Ман Гафуров Гайрат Тохирович доничу соли 2012 мелодии ман дохил шудам ба ин ширкат .. Пеш аз дохил шудан ваьдахои калон буд лекин он ваьдахо амал нашуд .. вактеки дар шахри Душанбе дусолаги кампанияро чашн гири рафтем ман дар он чо фахмидамки ин кампания бо як ними дигархам доштаст бо номи кидала лекин ман инро бе ахмият намегузорам холо ман дар яке аз унивирситети шахри Екатеринбург донишчуям ояанда мешавам Юрист

Саволи Акаи Рустама чавобаш ин одамо ки бо пули доллар бизнес мекунан инхоро номошон кидатчик

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)