Шикасти 2-юми наврасони Тоҷикистон дар бозиҳои санҷишӣ
Ин дидори санҷишӣ дар чорчӯби омодагиҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии Осиё миёни наврасон (U-16) дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 2:4 ба нафъи футболбозони дастаи “Энергетик” анҷом ёфт.
Дар ин сабқат бозигарони дастаи “Энергетик”-Худодойдод Узоқов ва Муҳаммаҷони Ҳасан як голӣ ва Алия Силла ду гол ба ҳадаф расонида. Голҳои тими мунтахаби наврасонро бошад Феликс Бафое ва Самад Шарифов ба дарвозаи ҳарифонашон ворид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30-юми август дар доираи ин омодагиҳо тими мунтахаби наврасони кишвар дар варзишгоҳи “Авиатор” бо ҳайати асосии клуби “Регар-ТадАЗ” қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |