Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:14

ОПЭК дар вилояти Хатлон беморхонаи замонавӣ месозад

26 июл 2011, 03:35

Cафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов бо мудири кулли бунёди ОПЭК Сулаймон ал-Ҳербиш ва мушовирони ӯ мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, ин нишаст ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва созмони номбурда, инчунин баҳси самтҳои нави он дар ояндаи наздик баргузор шуд. Зимни мулоқот дипломати тоҷик Сулаймон ал-Ҳербишро бо пешрафти Тоҷикистон тайи 20 соли истиқлолияти давлатӣ ва нақшаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, истиқлолияти энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва озуқаворӣ ба таври муфассал ошно сохт.

Манбаъ афзуд, дар нишаст аз ҷумла  зикр гардид, ки мақомоти ҷумҳурӣ саҳми ОПЭК-ро дар татбиқи пружаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамояд. Ҳамзамон, ҳукумати Тоҷикистон мутмаъин аст, ки ҳарду ҷониб имконияту шароитҳои фаровонро барои тавсеаи ҳамкории судманди дуҷониба ва диверсификатсияи он, махсусан дар соҳаи таъмин намудани кишвар бо маҳсулоти нафтӣ доранд.Роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди инфраструктураи иҷтимоӣ, қайд гардид, ки роҳбарияти бунёди ОПЭК барои тамдиди лоиҳаи муштараки «Сохтмон ва ҷиҳозонидани беморхонаи байниноҳиявии вилояти Хатлон» омода аст. Лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки сохтмони муассисаи табобатии мазкур анҷом ёфта, аҳолии Хатлон бо хадамоти муосири муолиҷавӣ бо истифода аз таҷҳизоти тиббии замонавӣ фаро гирифта шавад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!