Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:14

Аз кӯчаҳои Душанбе корвони мошинҳои коллексионӣ мегузарад

3 сентябр 2013, 11:36

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки 21 сентябри соли равон, дар пойтахт дуюмин фестивали автомобилҳои коллексионӣ доир гардад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ қарори раиси шаҳр бо инобати муроҷиати роҳбари гуруҳи ташаббусии дӯстдорон ва соҳибмулкони ретро-автомобилҳои шаҳри Душанбе, Артём Гейвандов ва бо назардошти мактуби шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Душанбе ба тасвиб расидааст.

Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе дуюмин Фестивал-намоиши автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» дар майдони назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофиз Шерозӣ баргузор ва паради автомобилҳои коллексионӣ дар самти кӯчаи Карамов, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш гузаронида мешавад.

Нахустин Фестивал-намоиши автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» бахшида ба Рӯзи пойтахт, 21 апрели соли равон гузаронида шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!