Бахшҳо
03 сен 2013 15:38Тоҷикистон / Сиёсат

Кабирӣ хост, баҳонаи камбуди маблағ дар интихобот набошад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пасманзари ишораи Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР ба камбудии маблағ, изҳор дошт, ки танқисӣ аз маблағ бояд дар интихобот, чун баҳона пеш гузошта нашавад.

Кабирӣ, имрӯз, 3-юми сентябр дар мулоқоти раиси КМИР бо аҳзоби Тоҷикистон изҳор дошт, ки чандин бор пешниҳод кардем, то варақаҳои интихоботӣ бо қалам пур карда нашаванд: “Аммо ба мо мегӯянд, барои таъмини ҳавзаҳои интихоботӣ бо ручка маблағ надорем. Чунин далелҳо мантиқӣ ва асоснок нест. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 4 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ аст ва барои таъмини онҳо бо ручка ҳамагӣ ҳазор сомонӣ кифоя аст.”

Ин дар ҳолест, ки Шоҳиён аз камбуди маблағ шикоят карда, изҳор дошт, ки протоколҳои ҳавзаҳои интихоботиро низ наметавонанд ба ҳамаи нозирон дастрас кунанд, чун тавони нусхабардории ҳамаи онҳоро надоранд.

Дар мавриди таъмини ҳавзаҳо бо маводи конселярӣ Шоҳиён афзуд, ки имсол омодагии хуб дидаанд ва 25 намуди маводи конселяриро ба ҳамаи ҳавзаҳо дастрас хоҳанд кард.

Баробари ин Муҳиддин Кабирӣ, дар ҳузури раҳбари КМИР, аҳзоби сиёсӣ ва дигар субъектҳои ҳуқуқи пешбарии номзад ба курсии президентӣ аз фарҳанг ва ахлоқи сиёсӣ дар раванди интихобот интиқод кард. Раҳбари ҲНИТ ба раҳбари КМИР пешниҳоди қабули як Кодекси ахлоқро ироа дошта, афзуд, “ахлоқ ин меъёри ҳуқуқӣ нест ва интихобот як масъалаи ахлоқӣ ҳаст. Дар вақти тезутунд шудани интихобот гоҳҳо мешавад, ки иштирокчиёни раванд аз доираи ахлоқ ва фарҳанги сиёсӣ берун мераванд ва инро тариқи қонун танзим карда намешавад. Мутаассифона, дар кишвари мо чунин Кодекс вуҷуд надорад. Шояд барои ин интихобот мо дер кардем, вале интихоботи дигар дар пеш ҳаст, ки КМИР метавонад ин ташаббусро бигирад”.

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ дар фазои феълии кишвар бо муборизаҳое, ки шуруъ шудаанду бештар аз сулҳу суббот мегуянд, ҲНИТ худро каме нороҳат эҳсос мекунад. Раҳбари ҲНИТ ба Шермуҳаммади Шоҳиён пешниҳод дошт, то КМИР ба шабакаҳои телевизион тавсияҳое бидиҳад, ки мақсади пахши барнома сиёҳ кардани як ҷониб набошад. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ дар баъзе аз кишварҳо КМИР қабл аз расман шуруъ шудани интихобот мониторингро дар расонаҳои хабарӣ, ба хусус шабакаҳои телевизион мегузаронад, то авлавияту бартарият ва як ҳизб ё номзад дода нашавад.

Дар ҷавоб ба ин суханони раҳбари ҲНИТ, раҳбари КМИР, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ки масъалаи барномаҳое, ки нисбат ба аъзои ҲНИТ вақтҳои охир пахш мешаванд, дар доираи салоҳияти худ мавриди омузиши комиссияи интихоботӣ қарор хоҳад дод.
Мӯҳр
мухаммад
Устоди азиз Кабири КМИР барои фармони аз боло шуда холо то кадом дарача ба пастихо меравад инро худо медонад. Мухтарам Шохиен шуморо фахмидан мукин лекин то ин дарача не! хамине ки шумо бахонаи маблаг барои ручка харидан кардед,ин чи маъно дорад? Фардо ахбохои тамоми дуне чи менависанд Точикистон барои интихоботаш маблаг барои ручка харидан надорад. Шумо фикр мекунед чи мегуед? шумо хаки ин давлату миллатро то ин дарача паст задана надоред бародар о камтар номус бояд дошт.

muhojir
kabiri vohima nakun nameguzari joi tubarin odam bozorai

Ворис
Агар бо ручка пур кунанд, онро дигар карда намешавад,бо калам ки пур шуда бошад, аъзои китъахои интихоботи, ки хама аз хизби хукуматихо хастанд, бе ягон душвори хама варакахои овоздихи ва карори онро дигар мекунанд ва эълон мекунанд, ки номзадашон 95 фоиз овозро сохиб шуд ё аз они худ кард... Аммо ин бор мардум медонанд, ки ки чи кадар овоз мегирад, зеро хама телефонхои мобил доранд ва шояд бештари таблиг бо ин телефонхо гузарад ва хама аз овози додаи худ ба якдигар хабар диханд.

Muhojir ba4ai tj
Иншоолло устоди азиз голиб хохед шуд мо дуогуи шмоем оянда аз шмо вобастаас устоди азиз!

muhojir
kabiri ba bahonai intikhobot jamush kun az davlathoi islomi baadi sarat yagon khona monad ba farzandota ustodi nuri mond khona na madrasa na masjid shumo ham kushish kuned in fursat az dast nadeh

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)