Бахшҳо
03 сен 2013 16:52Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвати Умаралӣ Қувватов барои пуштибонӣ аз номзади ислоҳотхоҳон дар интихобот

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24” аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз номзади ягонаи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи кишвар дар интихоботи президентӣ пуштибонӣ кунанд.

Раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”, ки дар маҳбаси шаҳри Дубай қарор дорад, бо пахши як изҳорот гуфтааст, муборизаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон шуруъ шудааст, ки ин муҳимтарин руйдод дар зиндагии мову Шумо мебошад.

Ӯ мегӯяд, мардуми тоҷик бояд содиқона 7 соли ҳукумронии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишварро баҳо дода, аз рӯи виҷдон ҷавоб диҳанд: "Оё ӯ ба қасами бо шири модараш хурда вафо кардааст."

Умаралӣ Қувватов ба маҳрум шудани муҳоҷирон аз ҳаққи имзо дар пешбарии номзадашон дар интихобот ишора карда, афзудааст, ки ин амалкарди ҳукумати Тоҷикистон хилофи Сарқонуни кишвар мебошад.

Ба гуфтаи Қувватов Эмомалӣ Раҳмон дарк кардааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар ҳаёти худ ваъдаҳои ширини ӯро таҷриба кардаанд ва медонанд, ки дар сангинтарин ҳолат ҳукумат ба доди онҳо то куҷо расидааст.

Ин маҳбуси тоҷик аз рузҳои сангини мардуми кишвар ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа ёдовар шуда, гуфтааст, агар хоҳед, ҷони худро дар хатар гузошта, солҳо дур аз хонаводаатон ба кишварҳои хориҷ сафар накунед, ба номзади ягонаи ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар интихобот овоз диҳед.

Маврид ба зикр аст, ки тобистони соли гузашта дар Маскав аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов “Гурӯҳи 24” ташкил шуд ва бо даъвати ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ба нагузоштани номзадиаш дар интихоботи соли 2013 дар забони матбуот афтод. Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъди таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зиддунақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.
Мӯҳр
tu voii joni xuta bugu.chi kor dori ba intixobot.zani yakumat az gushnagi dod guftesai..avval problemai oilata hal kun bad az xuta.mo tojikoni dar vatan medonem ba ki ovoz btem.

Содик.
Худованд ин Умаралиро гайрати Умарвор насиб гардонаду дар ислом хидмат намояд. Худованд харчи зудтар аз зиндон озодашон намояд.

Сафармох
Ин яке аз намуди инсонхоест, ки тасодуфан ба дунё омадааст. Бо чунин одамон инсонхо аз умеду орзу мемонанд. Чунки ин гурух одамон ба чуз гапхои баландошёнаи беасос дигар чизе гуфта наметавонанд. Аксари ин категорияхо дар соли мурги модда (мокиён) ба дунё меоянд. Мезоидагиашон як тухми 55 дирама ва доду фарёдашон баробари тухми шутурмург аст.
Вактхои охир аз чониби баъзе ашхоси мансабталошу мансабхур ба доми худ кашидани мухочирон модда шудааст. Мухочир шахсе хаст, ки ба у кумак лозим аст, на приманкаи мансаб шудан. Барои хамин ман хамчун мухочирзани точики дипломдор хеч гох ба ин тоифа дода намешавам. Рафту болои мансаб шаванд, танхо дар фикри хонасози ва мошинхои киммат мешаванд. Агар у миллатдучт бошад, чаро хатто адвокаташ рус аст. Ин маънои онро дорад, ки у мангит аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)