Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Бозии “Истиқлол” ва “Равшан” дар варзишгоҳи марказӣ баргузор намешавад

3 сентябр 2013, 18:26

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) эълом дошт, ки бозии даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб - рӯзи 7 сентябр дар варзишгоҳи “Металург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.

Ин дар ҳолест, ки қарор буд бозии ин ду дастаи овозадори кишвар, ки яке аз дастаҳои сермухлистарин ба шумор мераванд, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардад.

Ба иттилои манбаъ иллати ба варзишгоҳи дигар гузаронидани ин бозӣ дар он аст, ки майдони марказии кишвар ҳанӯз омода карда нашудааст. Аз ин лиҳоз бо қарори бюрои Кумитаи иҷроияи ФФТ ин бозӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ мегӯяд бозиро довари қазоқистонӣ Сергей Гороховодатскийи 36-сола доварӣ мекунад. Ҳамватанонаш-Серик Қошқарови 40-сола ва Самат Тергеусизови 27-сола ёварони ӯ таъин шудаанд.
Ба иттилои манбаъ бозии "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) ва ССКА "Помир" (Душанбе), ки мувофиқи тақвими мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, мебоист рӯзи 7-уми сентябр дар варзишгоҳи "Металлург" баргузор мешуд, рӯз 6-уми сентябр доир мегардад.

Дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” яке аз мудаиёни асосии унвони қаҳрамони Тоҷикистон ҳастанд, ки феълан дар ҷадвали мусобиқот якуми бо 27 имтиёз ва дуюми бо 24 имтиёз пешсаф мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе 15-уми июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб дар бозии охиронаш дар даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аз тими “Равшан” бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрда буд. Дар пайи ин бохти "Истиқлол" мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии ҳамонвақтаи он аз мақомаш барканор гардид ва ба ҷои ӯ Олег Ширинбеков сармураббии дастаи “Истиқлол” таъин шуд, ки дар даври дуюми мусобиқот дастаро роҳбарӣ мекунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мухлис

  • 3 сентябр 2013 19:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Федератсия футбол чи шудааст, ки хамаи бозихои асосиро дар минтакахо мемонад ё умри варзишгохи таърифияшон хаминкадар будми????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шояд ба хотири он ки мухлисони ин ду даста баъзан ба бетартибихо рох медиханд бозиро дар Регар мегузаронанд. Барои бетартибихо рух надодан бояд ВКД аз огоз то ба хонахояшон баргаштани мухлисон назорат кунад. Чанд бор мушохида намудам, ки мухлисони Равшан, Хайр дар рохи Турсунзода-Душанбе баъди бози рохро банд карда ба харакати наклиёт монеъ шуданд. Аз гелосдуздии мухлисон чизе намегуям. Богбонхо богатонро посбони кунед, ки боз беангур намонед!
мухлисони Истиклол ва Равшан камандахои худро шарманда накунед: 1 Ангур надуздед, айб аст пурсед медиханд. 2 Роххоро банд накунед. 3 Варзишгохро хароб накунед, вагарна бозихои минбаъдаро дар Хучанд мегузаронанд ва хучандиён ба харифони шумо мухлиси мекунанд (чуноне ки дар бози бо як камандаи араби Равшан ру ба ру шуда буд) Вакте аз камандаи точикистони онхо чонибдори накарданд, дар газетахо амали он мухлисонро махкум намуданд, вале худи шумо хам фикр кунед, ки шояд шумо хам дар ин чо айбе дошта бошед. боки ба хар ду даста барор ва ба мухлисон сабри токат мехохам.
Посух додан
  • Комил

  • 3 сентябр 2013 21:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ффт икарат казокхоро киро кардааст, ки тарафи истиклолро гиранд токи равшанро бурад
Посух додан
  • Кулоби

  • 4 сентябр 2013 11:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ки варзишгохро иваз карданд, ба фармоиши будани ин тасмим далолат мекунад. Ба фикрам ба Р.Эмомали хуш намеояд дидани анбухи мухлисони дастаи "Равшан" дар варзишгохи дастааш, зеро "Истиклол" , ки аслан мухлис надорад, дар варзишгохи бемухлиси худаш , то чое тахкиршуда хисобида мешавад. Инчунин ба он хотир рохро дур карданд, ки мухлисони кулоби кам иштирок кунанд. Аммо хайхоооот. Хуб, боке нест! Регарро хохем ларзонд бо мухлисиамон!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!