Бахшҳо

Пули муҳоҷир муҳиму овозаш не?

Ҳумайрои Бахтиёр

Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии (КМИР) Тоҷикистон гуфт, талош мекунад, то ҳеч монеаи сунъие барои овоздиҳии шаҳрвандон ва ё намояндагони аҳзоби мухолиф пеш наояд. Ҷаноби Шоҳиён бо таъкиди ин нукта ҳамзамон аз ёрии молӣ пайдо накардани КМИР аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ изҳори нигаронӣ кард.

Баҳси варақу худкор дар КМИР

Шермуҳаммади Шоҳиён раҳбари КМИР бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва дигар субектҳои ҳуқуқи пешбарии номзад ба курсии президентидошта мулоқот анҷом дод. Дар рафти мулоқоти мазкур ҷонибҳо масоили мушкилоти сунъӣ, норасоии маблағ ва маҳдуд будани имконияти нозиронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар рафти мулоқот аз тарафи аҳзоби сиёсӣ пешниҳод гардид, то нусхаи протокол ба намояндагони онҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ пешниҳод гардад. Шермуҳаммади Шоҳиён дар рафти баромади худ бо ишора ба маблағгузорӣ нашудани баргузории интихобот аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки КМИР дар ин интихобот бори аввал тамоми хароҷотро бар уҳдаи худ гирифта, имкони расонидани нусхаи протоколро ба ҳамаи нозирон надорад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар навбати худ аз пеш овардани далелҳое ба монанди норасоии маблағ интиқод намуд. Ба гуфтаи вай барои нусхабардорӣ кардани протокол шояд ҳатто ҳазор сомонӣ масраф нашавад. Раҳбари ҲНИТ гуфт, ки “чандин бор пешниҳод кардем, то варақаҳои интихоботӣ бо қалам пур карда нашаванд. Аммо ба мо мегӯянд, барои таъмини ҳавзаҳои интихоботӣ бо ручка маблағ надорем. Чунин далелҳо набояд бошад. Дар Тоҷикистон камтар аз 4 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ аст ва барои таъмини онҳо бо ручка ҳамагӣ ҳазор сомонӣ кифоя аст.”

Дар робита Муҳиддин Кабирӣ, дар ҳузури раҳбари КМИР, аҳзоби сиёсӣ ва дигар субъектҳои дорои ҳуқуқи пешбарии номзад ба курсии президентӣ аз фарҳанг ва ахлоқи сиёсӣ дар раванди интихобот нигаронӣ намуд. Раҳбари ҲНИТ ба раҳбари КМИР пешниҳоди қабули як Кодекси ахлоқро ироа дошта, афзуд, “ахлоқ ин меъёри ҳуқуқӣ нест ва интихобот як масъалаи ахлоқӣ ҳаст. Дар вақти тезутунд шудани раванди интихобот гоҳҳо мешавад, ки иштирокчиён аз доираи ахлоқ ва фарҳанги сиёсӣ берун мераванд ва инро тариқи қонун танзим карда намешавад. Мутаассифона, дар кишвари мо чунин Кодекс вуҷуд надорад. Шояд барои ин интихобот мо дер кардем, вале интихоботи дигар дар пеш ҳаст, ки КМИР метавонад ин ташаббусро бигирад”.

Таъмини шаффофият аз тарафи раисони участкаҳо, ки ҳамзамон узви ҲХДТ ҳастанд


Маврид ба зикр аст, дар нишасти аввали худ Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ки ба ҳисоби умум дар Тоҷикистон 4 милиону 22 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Ва аз ин лиҳоз барои ҳар номзад ба курсии президентӣ лозим мешавад, то барои сабти ном 210 ҳазор имзои интихобкунандаро ба тарафдории худ ҷамъоварӣ намояд. Аммо аҷобати ин меъёр дар ин аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадро надошта, як интихобкунанда бояд ба тарафдории як номзад овоз бидиҳад. Ин меъёри муайян кардани КМИР-ро ширкатдорони нишаст мавриди интиқод қарор доданд.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, ки ин меъёр қобили қабул нест: “Инҷо мушоҳида мешавад, ки ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадро бо раъйдиҳии шаҳрвандон омехта кардаанд. Дар асл як шаҳрванд метавонад барои ширкати 3-4 номзад овоз бидиҳад. Чун бо ин ў барномаи номзадҳоро мавриди омузиш қарор дода, дар рузи интихобот ба тарафдории яке аз онҳо овоз хоҳад дод”, гуфт С. Ҳусайнӣ.

Дар робита ба ин Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ шаффофияти амалишавии меъёри дигари КМИР, яъне аз тарафи раисони ҳавзаҳои овоздиҳӣ ҷамъовари гардидани варақаҳоро зери суол бурд. Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов аксари раисони ҳавзаҳои интихоботӣ бо далели мансубият ба ҳизби ҳоким одилона рафтор нахоҳанд кард.

Шоҳиён барномаҳои телевизионии зидди наҳзатиро меомузад


Дар нишаст Муҳиддин Кабирӣ бо ишора аз барномаҳои охир гуфт, ки дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон ба хотири таъмини баробарӣ миёни аҳзоб КМИР дар расонаҳои хабарӣ қабл аз шуруъи интихобот мониторинг мегузаронад. Раҳбари ҲНИТ таъкид дошт, ки дар фазои феълии кишвар бо муборизаҳое, ки шуруъ шудаанду бештар аз сулҳу суббот мегуянд, баъзе аз гуруҳҳо, ба хусус ҲНИТ худро каме нороҳат эҳсос мекунад. Муҳиддин Кабирӣ ба Шермуҳаммади Шоҳиён пешниҳод дошт, то КМИР ба шабакаҳои телевизион тавсияҳое бидиҳад, ки мақсади пахши барнома сиёҳ кардани як ҷониб набошад.

“Тақсими вақти телевизион муҳим аст. Дуруст аст, ки бо ҳукми мансаб, вазифа ва масъулият баъзеҳо дар экран хоҳӣ нахоҳӣ бештар ҳузур мекунанд. Чун ахбор аст, фаъолияти ҳарруза ҳаст ва аз ин ҷойи гурез ҳам нест. Аммо дар дигар кишварҳо КМИР аз ин раванд назорат мебарад, то фаъолияти расонаҳои хабарӣ бар фоидаи як кас ва зарари дигар нафар анҷом наёбанд”, илова намуд Кабирӣ.
Дар ҷавоб ба ин суханони раҳбари ҲНИТ, раҳбари КМИР, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ки масъалаи барномаҳое, ки нисбат ба аъзои ҲНИТ вақтҳои охир пахш мешаванд, дар доираи салоҳияти худ мавриди омузиши комиссияи интихоботӣ қарор хоҳад дод.

Зоҳиран Шермуҳаммади Шоҳиён, ки баргузории ин интихобот аз таҷрибаи аввалинаш ба ҳисоб меравад, хостори ворид кардани баъзе аз дигаргуниҳо дар корҳоро дорад. Раҳбари КМИР аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ даъват ба амал овард, то ҳангоми таҳияи барномаи пешазинтихоботии номзади эҳтимолии худ ба баъзе аз мавзуот таваҷҷуҳи хоса бидиҳанд. Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, ки одатан барномаҳои номзадҳо бо дарназардошти муқаррароти оинномаи ҳизбӣ таҳия мешаванд, вале: “Мавзуъҳое ба монанди сулҳу субот ва якпорчагии кишвар набояд дар мадди назар қарор бигирад”.

Шермуҳаммади Шоҳиён бо ишора ба мушкили ҷамъ кардани шаҳрвандон дар манотиқи кишвар гуфт, ки эҳтимолан дар баъзе аз ҷойҳо мулоқоти якҷояи номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардад. Бояд гуфт, ки таҷрибаи баргузории мулоқоти якҷояи номзадҳо ба курсии президентӣ бо интихобкунандагон то имруз боре ҳам амалӣ нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эҳтимоли зиёд ҳизби ҳоким боз номзадии раисҷумҳури феълӣ, Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намояд. Инҷо суоле пайдо мешавад, ки оё раисҷумҳур барои дидор ва гуфтугў бо интихобкунандагон дар якҷоягӣ бо номзадҳо аз аҳзоби мухолифи сиёсӣ розӣ хоҳад шуд?
Мӯҳр
шоди
кмир инсоф надорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)