Бахшҳо

Аз мӯйсафеди ҷарроҳишудаи тоҷик дар Қаршӣ дараке нест

Носсиҷуб Эшмуродова, ҳамсари Мардон Буриеви 74-сола, ки аз ҷониби марзбонони узбак дар ноҳияи Панҷакент рабуда ва ахиран дар шаҳри Қаршии Узбакистон ҷарроҳӣ шудааст, изҳор медорад, ки чанд рӯз боз аз шавҳараш дараке нест.

Эшмуродова дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “чанд рӯз пеш як зани ношинос аз Узбакистон ба ман занг зада, хабари ҷарроҳӣ шудани шавҳарамро расонда, гуфт ҷарроҳии мӯйсафедам 5 соат бо ҳузури 5 духтур гузаштааст. Аз кадом беморӣ ӯро ҷарроҳӣ намудаанд, ба мо хабаре надоданд.”

Ба гуфтаи Эшмуродова ин зане, ки ба ӯ аз ҳоли муйсафедаш хабар додаст, изҳор доштааст, ки масъалаи раҳоии мӯйсафед баъди 9-уми сентябр маълум хоҳад шуд.

Эшмуродова мегӯяд, феълан ба он рақамҳои зани узбак занг мезанад, то ҳоли мӯйсафедашро фаҳмад, аммо аз он тараф ягон нафар ҷавоб намедиҳад.

Дар мавриди наздикони дигараш, ки аз ҷониби марзбонони узбак рабуда шуда буданд, Эшмуродова афзуд, ки 3-юми сентябр бо набераам Мануҷеҳр Буриев ва Сулаймон Буриев бо телфон ҳамсуҳбат шудам: “Онҳо гуфтанд, феълан дар Тошканд қарор доранд, вале кай ба Тоҷикистон интиқол меёбанд, ҳоло маълум нест. Набераам, ки хонандаи синфи 5 аст, гуфт, ӯро назадаанд, вале ҳамроҳҳои дигарашро задаанд.”

Ёдрас мекунем, ки 10 уми июн соати 18:00 дар ҷамоати Фароби Панҷакент аскарони узбак 5 тан аз ҷумла Мануҷеҳр Буриеври ноболиғ, Мардон Буриев ва писаронаш Сулаймон Буриев, Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимовро аз сари замини кишт боздошт карда ба Узбакистон бурданд.

Эшмуродова афзуд, он замине, ки мо дар он алафу гандум мекоридем, акнун маълум шуд, ки қаламрави Узбакистон будааст. Эшмуродова таъкид намуд, ки то ҳол мақомоти тоҷик моро фиреб намуда, аз мо муҳлати 9 сол андоз ситондаанд: “Ман пас аз раҳоии фарзандон ва мӯйсафедам ҳуҷҷатҳои замине, ки ба номи ман карда буданд ва муддати 9 сол андоз супорида будам ба расонаҳо мерасонам.”
Мӯҳр
Даврон
Дар ҳақиқат ин ҳолати амниятии шаҳрвандон даҳшат аст. Наход, ки муддати дароз аст, ки сокинон бедарак ва дар кишвари ҳамсоя ба ҳайси гаравгон ва дар ҳолати тарсу беҳуқуқу пасти, қарор доранд ва наздиконашонро оромӣ нест, ин ба ном ҳукуматдоронро парвое нест. Факат дасиса, таъриф, маҳалгароӣ ва сарватғундориву маишат. ВКХ ва сафорати Тоҷикистон дар Тошканд ба чи кор машғул ё танҳо истироҳату аз ҳисоби халқ маошхури дарди сар, чаро барои бесалоҳияти ва бесаводӣ сафорати Тошкандбударо маҳкам ва ба ҷавобгарӣ намекашед. Шумо чанд соли дигар давлатдориро меомузед, аз руи бесаводии шумо ҳазорон тоҷикон ва бошандагони кишвар ранҷ бурда истодаанд. Руссия ва дгар кишварҳоро бубинед хатто як сайёҳи оддиаш дар хориҷа зиён бубинад ҳамаи сохторҳои давлатиаш ба тамоми дунё доду фарёд мезананд ва аз ҳуқуқи шаҳрвандонашон дифоъ менамоянд. Тоҷики бечора дар ватан ва қаламрави худаш мисли муттаҳам аст.

али
Бетарафи накнен ки окибати ин кор хушхоли нест аскарон ва камандирон, ва кормандони хифзи хукук ки заминашро посбони карда наметавонан садкаи номи ТОЧИК шавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)