Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:28

Одамрабоёни қирғиз бар ивази як тоҷир 3 мииллион хостаанд

4 сентябр 2013, 09:56

Ду шаҳрванди Қирғизистон як тоҷири 43-солаи русро дар шаҳри Маскав рабуда, бар ивази он 3 миллион рубли русӣ талаб карданд.

Ба иттилои давтари матбуотии Вазорати умури дохилии Русия, одамрабоёни қирғиз дар аввал бар ивази тоҷири рус 3 миллион талаб кардаанд. Вале баъд аз музокироти тулонӣ он ба ним миллионин поин бурда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи як амалиёти фаврии махсус ин ду шаҳрванди Қирғизистон аз тарафи кормандони пулиси Маскав боздошт шуда, тоҷири рус ба беморхона интиқол ёфт.

Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, ин шаҳрвандони Қирғизистон яке 24 ва дигаре 35 сол дошта, дар Русия дар ягон ҷо кор намекардаанд:”Ҳоло тафтишоти қазия идома дорад. Аз ин рӯ, ному насаби онҳо махфӣ боқӣ мемонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!